Аз кӯшиши табаддулот дар Туркия як сол гузашт

№ 18.07.2017

табад2ллот

Ҳафтаи гузашта дар Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Кордори Сафорат Фотеҳ Қаҳрамон ба хабарнигоро иттилоъ дод, ки аз табаддулоти хунин дар Туркия як сол сипарӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нангин, ки 15 июли соли 2016 рӯй дод, 250 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар захмдор гардиданд.

Ҳоло дар 23 шаҳри Туркия нисбат ба иштирокчиёни табаддулот 78 мурофиаи судӣ идома дорад. Кормандони прокуратура дар ин табаддулот  Ташкилоти террористии Фатҳуллоҳ (FETO)-ро гумонбар медонанд.

- Вазъи фавқулодае, ки бо мақсади таъмини субот  пас аз кӯшиши табаддулот фавран эълон гардид, то моҳи июли соли ҷорӣ тамдид карда шуд. Дар баробари ин, Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Аврупо ҳуқуқ ва уҳдадории Туркияро оид ба андешидани чораҳои зарурӣ барои ҳифзи шаҳрвандон ва сохтори давлатии кишвар эътироф намуд, — гуфт Фотеҳ Қаҳрамон.

То ба имрӯз тақрибан 300 ташкилоти басташуда дубора ба фаъолият пардохта, зиёда аз 30 ҳазор хизматчии давлатӣ, ки аз вазифаҳояшон озод шуда буданд, дубора ба ҷойҳои кориашон баргаштанд.

- Туркия бар зидди дигар созмонҳои террористӣ, ба мисли Ҳизби коргарии  Курдистон ва ДИИШ низ мубориза бурда истодааст. Дар ин чаҳорчӯба Тоҷикистон чун кишвари бародар  Ҷумҳурии Туркияро  дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ дастгирӣ  менамояд, — афзуд Фотеҳ Қаҳрамон.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»