Луқма

Аз кай боз Чингизхон ифтихори ҶДММ «Сахо ва к»-и Хуҷанд аст?

№54 (3691) 18.05.2017

DSC_0054Барои ҷалби муштариён ва тарғиби маҳсулот  гузоштани тамға ва номи мувофиқ нақши калон дорад. Вақте маҳсулот бо тамға ва ё номи муайян шуҳратёр шуд, теъдоди  муштариёнаш меафзояд. Чунончӣ, дар даврони шӯравӣ обҳои минералии «Шоҳамбарӣ», «Баржоми», «Ессентуки», лимонади тамғаи «Пчёлка», ки таъми асалин дошт, дар ИҶШС маъруфу серхаридор буданд.

Чанде пеш яке аз дӯстонам акси  конякеро ба номи «Чингис хан» нишон дод. Гумон кардам, ки он истеҳсоли  Муғулистон асту ба хотири харидорони хориҷӣ навиштаҷоташ ба забони русист, аммо дар поён суроғаи истеҳсолкунандаро ҶДММ «Сахо ва К» — и шаҳри Хуҷанд навишта буданд.

Ҳайрон шудам: аз кай боз Чингизхон ифтихори  хуҷандиён шуда бошад? Оё Чингизхоне, ки бо бераҳмии зиёд «Тирози ҷаҳон» (Хуҷанд)- ро ба хок яксон ва мардумашро қатл кард, шоистаи тарғибот аст? Магар ёфтани номи дигар мушкил буд? Хуб мешуд, ки мутасаддиёни корхонаи мазкур ба номҳои маҳсулоти спиртии  кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳ мекарданд: «Чемен» (чаман), «Сеҳра» (саҳро), «Қарабек аул», «Копетдағ» (Туркманистон), «Чашма», «Ширинӣ», «Гулшан», «Ҳосилот», «Лаззат», «Зарафшон», «Офарин», «Боғи шамол», «Муаттар», «Навбаҳор», «Ҷавс», «Ҷасорат» (Ӯзбекистон).

Дар ошхонаи «Хуҷандиён»- и шаҳри Панҷакент бошад, ҳангоми назар кардан ба номгӯйи таомҳо чашмам ба «Чингизхон» ном хӯроке афтод. Аҷиб аст, ки ҳатто номи золими хунхорро ба хӯрок ҳам ниҳодаанд? Наход калимаи зебои тоҷикӣ пайдо нашуд. Дар ҳоле ки Ҳиндустону Покистон беҳтарин ғизоҳо бо номи тоҷикӣ доранд:  «биряни» (бирёнӣ), «кебаб» (кабоб), «палак панир», «тандурӣ», «гаҷарпалав» ва ғайра.

Устод Лоиқ Шералӣ дар хусуси бегонапарастии баъзеҳо бо сӯз навишта буданд:

Аё бузургу фанонопазир, эй  модар?

Аё бузургпадар, асли тору пуди писар!

…Бимонӣ кӯдаки маъсуми хешро Чингиз,

Ки шаҳрҳои туро кард  хоку хокистар?

Надорӣ фахр, ки номи Куруш бигзорӣ,

Ба кӯрият чӣ бигӯям мисоли равшантар!?

 С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ