Номаи бетаҳрир

Аз масофаи 10 километр об мекашонем

№70 (4653) 26.05.2023

Дар Ҷамоати деҳоти «Ҳаёти нав» зиёда аз 122 хоҷагии деҳқонию фермерӣ фаъолият менамоянд. Аъзои хоҷагиҳои фермерӣ асосан ба пахтакорӣ машғул мебошанд. Барои обёрии пахтазор аз ҷӯйборҳои бетоние, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда буд, истифода мебаранд. Вақтҳои охир сутунҳои ин ҷӯйборҳои бетонӣ фурӯ рафта, об кам шуд. Обҳои зеризаминӣ баланд шуда, шӯрии замин зиёд гардидааст.

Барои ҳал кардани ин мушкилот ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон якчанд маротиба муроҷиат намуда будем, лекин бенатиҷа. Талаботи халқ ба оби ошомиданӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Баъд аз хушк шудани ҷӯйборҳои бетонӣ мардуми деҳот маҷбур мешаванд, ки аз даҳ километр дурӣ оби нӯшокӣ кашонида истифода баранд.

Шояд баъд аз чопи ин муроҷиат ниҳодҳои масъул  барои ҳалли мушкилоти мо камар банданд?

М. Давлатов,

П. Файзулло,

Қ. Бозор,

Т. Азим ва дигар сокинони Ҷамоати деҳоти «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон