Вақтҳои охир баробари маводи маъмулии мухаддиротӣ, барои муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмол навъҳои гуногуни ҳабҳои синтетикӣ истифода мегарданд.
Маводи героин ва ҳабҳои синтетикӣ бо истифода аз усулҳои гуногун пинҳонӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои гузаронидани героин (давоми солҳои 2010-2014), дар баробари пинҳонгоҳҳои воситаҳои нақлиёт ва ашёҳои гуногун (ҷузвгир, қуттиҳо, либос, пойафзол, меваи хушк ва ғайра) аз усулҳои табдил додани намуди зоҳирии героин, ки ба ягон намуди маҳсулоти хӯрокворӣ (равған, донаки шӯри зардолу) хос аст, низ истифода мебаранд.
Бештар аз воситаи пинҳон намудан дар бадани одам (меъда ва рӯда) истифода мебаранд. Барои ин ғилофакҳои махсуси полиэтиленӣ, скоч ва «ангуштча»-ҳои дастпӯши тиббии резиниро ба кор мебаранд. Аз меъдаи интиқолдиҳандагони героин аз 100 грамм то 1000 грамм мусодира шудааст.
Ҳабҳои синтетикии навъи «Экстази» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2006 мусодира гардидааст. Ҳодисаҳои бақайдгирии мусодираи зиёди ҳабҳои гуногуни синтетикӣ аз соли 2010 шурӯъ шуд. Соли 2014 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2590 ҳаби синтетикиро мусодира намуданд. Моҳи феврали соли 2014 кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд се шаҳрванди ҷумҳуриро ҳангоми фурӯши 1106 дона ҳаби психотропии МДМА (бо арзиши 10 ҳазор доллар) дастгир намуданд. Ин гурӯҳи ҷинояткор ҳабҳоро бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд ворид намуда, мехостанд дар марказҳои дилхушӣ паҳн намоянд. Маълум, ки дар чунин марказҳо асосан ҷавонон дилхушӣ менамоянд ва байни онҳо мубталоёни маводи саргармкунанда кам нестанд.
Нафароне, ки ба қочоқи ҳабҳои синтетикӣ машғул буданд, бо ҳукми суд ба муҳлатҳои тӯлонӣ муҷозот шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии Агентӣ муайян гардид, ки барои аз Ҷумҳурии Литва таври қочоқ интиқол додани ин ҳабҳо пинҳонгоҳҳои автомобилҳои бо нақлиёти роҳи оҳан ба вилояти Суғд воридгардида истифода шуданд.
Солҳои 2010-2014 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ моддаҳои психотропии ҳаби диазепам, фенобарбитал ва дигар моддаҳои сахттаъсир мусодира шуд. Моддаҳои мазкур, ки доруворӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаи тиб истифода мешаванд, бе иҷозатномаи дахлдор фурӯхта мешуданд.
Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифода аз истеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо доир ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баррасӣ шуд. Аз сабаби ба муомилоти ғайриқонунӣ ворид шудани намудҳои нави маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳабҳои сунъӣ (синтетикӣ), тасмим гирифта шуд, ки барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Зеро бисёр ҳабҳо ҳамчун доруворӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Ба ҷумҳурӣ ворид намудани ин навъи маводи доруворӣ бояд ба танзим дароварда, назорати истифодаи онҳо пурзӯр гардонида шавад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»