Аз набудани хатсайри ҳавоӣ Покистониҳо барои ба Тоҷикистон омадан 24 соат сарф мекунанд

№61 (3698) 01.06.2017

Аз 24 то 26 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор шуд. Дар он намояндагони 14 ширкати бонуфузи Покистон дар бахшҳои дорусозӣ, масолеҳи сохтмон ва саноати сабук ширкат варзиданд.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ба меҳмонон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» иттилоъ дода, онҳоро ба ҳамкории самарбахш даъват намуд.

- Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои хеле мусоид муҳайё карда шудааст, — гуфт Манзура Рустамова. – Бо дарназардошти ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо (WTO) ва тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридот­ивазкунанда масъалаи меҳварӣ маҳсуб мешавад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро Тоҷикистонро «Дарвозаи Осиёи Марказӣ барои Покистон» номида, аз дӯстии деринаи мардуми ҳар ду кишвар ёдовар шуд.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон муҳтарам Муҳаммад Навоз Шариф ҳавасманди густариши робитаҳо ҳастанд, — гуфт Тариқ Иқбол Сумро. — Барои ин мавҷуд будани роҳи заминӣ, хатсайри ҳавоӣ хеле муҳим аст. Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистонро омӯхта истодааст. Ҳамчунин, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишномаи транзитӣ миёни Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон дар назар аст.

Атташеи фарҳангӣ ва тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Маъруфҷон Абдураҳмонов зикр намуд, ки аз сабаби набудани хатсайри мустақими ҳавоӣ меҳмонони покистонӣ тавассути Истанбулу Москва ба Душанбе омада, 24 соатро дар роҳ сарф менамоянд. Инчунин, зикр шуд, ки соли 2011 ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон 15 миллион долларро ташкил дод. Соли 2014 ин рақам ба 90 миллион доллар расид. Роҳбарони ҳар ду кишвар мақсад гузоштаанд, ки тӯли се соли оянда ин рақам то ба 500 миллион доллар расонда шавад. Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ, баргузории намоиши молу маҳсулот ва ҳамоиши соҳибкорон ҷонибҳоро ба ҳадафи мазкур наздик мегардонад.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»