Аз нишастҳои матбуотӣ

№88 (3073) 17.07.2013

Дурнамои соҳа нек мебошад

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки Саридора дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯйи 29 лоиҳа ба маблағи 2 898 397 сомонӣ, аз рӯйи 107 лоиҳа дар ҳаҷми 4 337 492 сомонӣ корҳои шартномавӣ ва ба маблағи 25035 сомонӣ корҳои пудратиро иҷро намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 476 035 сомонӣ зиёд мебошад. Номбурда дар идомаи суҳбат афзуд, ки давоми нимсолаи аввали соли 2013 Саридора ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва дигар муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ кӯмаки яквақта расонида, идрорпулии «Ганҷи умед»-ро ба панҷ нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ҳар яке ба маблағи 100 сомонӣ ва ба 10 нафар донишҷӯёни соли якум ва дуюми факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз оилаҳои камбизоат ва ё бепарасторанд, ҳар моҳ панҷоҳ сомонӣ пардохт намудааст.

Мавсуф иброз дошт, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Ёддошти тафоҳум бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва  захираҳои табиии Ҷумҳурии Федералии Олмон барои 28 нафар курси омӯзиши забони англисӣ ва барои 32 нафар курси баҳодиҳии иқтисодии ашёи минералӣ ташкил кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ, 32 нафар коршиносе, ки дар Ҷумҳурии Федералии Олмон тайёр намуда истодаанд, ба он хотир аст, ки захираҳои конҳои Тоҷикистонро баҳогузории дурусти иқтисодӣ карда  тавонанд. Азим Иброҳим дар робита ба ин мавзуъ, аз ҷумла чунин гуфт: «Коршиносоне, ки дар ин бахш дорем, ангуштшуморанд ва ё ҳастанду то ҳол барои мо маълум нашудаанд».

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

Арзу шикояти шаҳрвандон бештар баррасӣ мешаванд

Муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхон Исҳоқов оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои адлия ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013 иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки қабули шаҳрвандон доимӣ ба роҳ монда шуда, рӯзҳои шанбе роҳбарияти Шӯрои адлия 346 нафар ва раисони           судҳо 2150 нафар шаҳрвандонро, ки вобаста ба масъалаҳои гуногун шифоҳию хаттӣ муроҷиат намудаанд, қабул ва арзу шикояти онҳо ҳал карда шудаанд.

Вобаста ба бандҳои 9 ва 10-уми Нақшаи Барнома аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода ва барои мувофиқа ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардиданд. Доир ба бандҳои 11 ва 14-уми Нақша таҳияи лоиҳаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Қонун дар бораи адвокатура идома дорад.

Инчунин тибқи банди 16-уми Нақша лоиҳаи Кодекси одоби судяҳо омода ва барои муҳокима ба судяҳои ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Қабул ва ҷамъбаст намудани маълумотҳои оморӣ аз судҳо нишон медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба судҳои ҷумҳурӣ 6596 адад аризаҳо оид ба баҳсҳои гражданӣ пешниҳод гардидааст, ки аз рӯйи онҳо 4766 адад парвандаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Аз 4853 адад парвандаи ҷиноятии воридшуда 4163 адад баррасӣ ва аз натиҷаи онҳо санадҳои судӣ ба тасвиб расидааст.

Давраи нимсолаи аввал нисбати шаш нафар судшаванда ҳукмҳои сафедкунанда бароварда шудааст, ки дар натиҷа се шахс пурра ва се нафар қисман сафед гардидаанд.

Оид ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳо нисбати 201 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод шуда, 192 шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷарима татбиқ гардидааст.

 А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 

Се марҳила анҷом ёфт

- Дар нимаи аввали соли 2013. — гуфт дар нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов, ба истифодабарандагон ба маблағи 52 млн. 037,5 ҳазор сомонӣ хизмат расонидем, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 11 млн. сомонӣ зиёд аст. Корхонаҳои соҳа ба маблағи 1 млн. 391 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварданд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ аз 65 адад партовгоҳи сахти маишии мавҷуда танҳо дар чор партовгоҳ, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов ва Ёвон безараргардонии онҳо пурра ба роҳ монда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ин кор қисман ташкил шудааст. Баҳри ободонии партовгоҳҳо ва ташкили коркарди партовгоҳҳои сахти маишӣ КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия намуда, барои маблағгузорӣ ба ташкилотҳои хориҷӣ пешниҳод намуд. Маблағгузории лоиҳаҳои мазкур аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт.

Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ, ташкилоти «Ҷайка»-и Раёсати Ҷопон оид ба ҳамкорӣ, Ассотсиатсияи «Оксфам»-и Британияи Кабир, Бонки Рушди Осиё, Лоиҳаи «Ташаббуси рушди маҳал»-и ЮСАИД (ИМА) ҳамкориҳои судманд дорад.

Се марҳилаи аввали лоиҳаи «Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом ёфт, ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, маблағи умумии лоиҳа 16 млн. 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

М. Аъзам, «Садои мардум» 

 

«Сафина»–инъикоскунандаи  ҳаёти ҷомеа

Лутфулло Давлатов, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» зимни нишасти матбуотӣ  зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон идораи таҳия ва дубляжи филмҳои ин муассиса 13 филми бадеӣ ва  36 филми мустанадро, аз қабили «Доғ», «София Тӯйбоева» бо забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешниҳод намуд.

Муассиса дар самти ба роҳ мондани татбиқи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори зиёд ба анҷом расонид. Аз ҷумла як қатор барномаҳои телевизионӣ, ба монанди «Ҳукм», «Раво», «Дар ин замона», «Дид» ва «Хонадон» таҳия ва пахш шуд.

Дар Муассиса ба интихоб ва ҷалби кадрҳои ҷавону болаёқат ба кор низ аҳамияти махсус дода мешавад. Аз ҷумла дар ин давра бо ин мақсад озмун эълон шуда, дар он 46 нафар иштирок кард ва 12 нафар ба муҳлати санҷишӣ ҳамчун коромӯз ба кор ҷалб гардид. Маҳсули кори онҳо дар барномаҳои «Насими субҳ», «Сапедадам», «Субҳ» ва «Шоми шанбе» назаррас аст.

М. МИРЗОЕВА, «Садои мардум»

 

Кӯдакони ятим ба соҳибкорону омӯзгорон вобаста шуданд

Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов роҷеъ ба  фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, хоҷагию корхонаҳо давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан ронда, махсусан аз дастовардҳои шоёни таҳсини деҳқонон таъкид ба амал овард. Ин беҳуда набуд, зеро тӯли ин давра ба деҳқонон муяссар шуд, ки ҳосили хуби ғалладона, картошка, сабзавоту полезӣ ҷамъоварӣ намуда, истеҳсоли гӯшту тухм, пашм, пилла ва асалро афзоиш бахшанд. Кишти такрорӣ низ бомуваффақият суръат гирифта, деҳқонон дар майдони 4,5 ҳазор гектар навъҳои гуногуни сабзавот, шолӣ ва дигар зироат кишт намуданд, ҳамчунин як қисми заминҳоро барои кишти  тирамоҳии пиёз омода месозанд.

-Соли ҷорӣ мо бунёди 20 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша даровардаем ва то имрӯз 13- тои он мавриди истифода қарор  гирифтаанд, -гуфт Давлатшо  Гулмаҳмадов. Дар бораи дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятими бепадар ва модар сухан ронда, раиси шаҳр иброз дошт, ки дар шаҳри Турсунзода 44 нафар кӯдакони бепадар ва модар ба қайд гирифта шудаанд. Бо қарори раиси шаҳр ҳар як нафар чунин кӯдакон ба як нафар соҳибкори муваффақ ва як омӯзгор вобаста карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки  кӯдакон аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ накашанд ва сатҳи дарсазбаркунии онҳо аз дигар хонандагони мактабҳо фарқ накунад.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмири роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатӣ оғоз шудааст. Дар шаҳри Турсунзода низ баҳри  татбиқи ин дастур кӯшиш мекунанд ва якбора дар якчанд минтақаҳои шаҳру деҳоти Турсунзода таъмири роҳҳо оғоз ёфтанд.

 А. МУРОДОВ, «Садои мардум»

Ҳамкорӣ густариш меёбад

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ нишасти матбуотиро  муовини аввали ректор оид ба корҳои илмӣ Абдуқаҳҳор Турсунов оғоз намуда, гуфт, ки имсол донишгоҳро зиёда аз 2000 нафар мутахассисон хатм намуданд ва 65 нафар хатмкунанда соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Ҳамзамон зикр гардид , ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар маҷмуъ бо зиёда аз 80 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии хориҷӣ шартномаи ҳамкориҳои дуҷониба дошта, узви зиёда аз даҳ ассотсиатсия ва ташкилотҳои байналмилалии донишгоҳҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии техникии Белорус  дар донишгоҳ факултети  муштараки муҳандисӣ – техникӣ, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Баумани Москва маркази фосилавии такмили ихтисос, бо Донишгоҳи технологии таҳқиқотии Москва (МИС и С) филиали ин донишгоҳ таъсис ва дар чаҳорчӯбаи донишгоҳҳои шабакавии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омодакунии якҷояи мутахассисон ( магистрҳо) ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ тайи ду соли охир яке иштирокчиёни фаъоли Барномаи «ТЕМПУС» дар Тоҷикистон буда, дар чаҳорчӯбаи ин барнома бо донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо ва ИДМ робитаҳои бисёрҷониба дорад. Муносибатҳо бо донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Ҳиндустону Хитой густариш ёфта, даҳҳо нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар таҳсил доранд. Инчунин роҳбарияти донишгоҳ кӯшиш дорад, ки барои такмил додану беҳтар намудани сохтор, идоракунӣ ва ташкили раванди илму таълим, омодакунии мутахассисон аз имконияту таҷрибаи пешқадами марказҳои илмию таълимии кишварҳои пешрафта истифода намояд.

 Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»

 

Арзиши як аттестат- 4 сомониву 60 дирам

Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф, минҷумла аз хусуси тақсимот ва навиштани аттестат — номаи камол муфассал суханронӣ намуд. Вай изҳор дошт, ки аттестат ва диплом барои хатмкунандагони мактабҳои миёна ва олӣ то якуми майи соли ҷорӣ омода гардида, ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои се ноҳия -Хуросон, Қумсангир ва Мурғоб, фиристонида шуд. Ҳарчанд мутобиқи фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №559 аз 6 марти соли 2013 «Оид ба анҷоми соли хониши 2012-2013» имтиҳонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли равон ба итмом расид, вале шуъбаҳои маорифи ин се ноҳия ҳанӯз аттестатҳоро нагирифтаанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки яке аз талаботи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ин аст, ки ҳар кадом хонандае, ки  имтиҳони давлатиро супоридааст, дар бораи хатмаш фармон бароварда, онро ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд, то ин ки аттестат ба андозаи хатмкунандагон  тақсим шавад.

Ин як роҳи ба танзимдарорӣ ва пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла хариду фурӯш дар мавриди тақсимоти аттестат  ба хатмкунандагон мебошад. Вазири маориф махсусан зикр кард, ки арзиши як аттестат 4 сомониву 60 дирам муқаррар гардидааст.

Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Вазъи бемориҳои сироятӣ муътадил ва идорашаванда аст

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2013 дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил дар маҷмуъ 683 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1117 амалиёти ангиография ва 199 амалиёти стентгузорӣ гузаронида шуд.

Дар доираи татбиқи «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» дар шуъбаи кимиёдармонии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз ҳисоби маблағҳои  мутамарказонидаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 500 000 сомонӣ таъмири асосӣ гузаронида шуда, барои ташхис ва табобати беморон таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз қабили гастрофиброскоп, монитори назди кат, оксигенатор, дастгоҳи        рентгении сайёр ба маблағи 74 ҳазору 900 сомонӣ дастрас гардид. Шуъбаи кӯдаконаи марказ бо дастгирии шарикон бо маблағи 316 ҳазор доллари амрикоӣ аз таъмир бароварда, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуд.

Мавсуф инчунин иброз намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ шуд.

Сенздаҳуми апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мавзуи « Бемории фишорбаландӣ» дар саросари ҷумҳурӣ таҳти шиори « Фарди солим- миллати солим» чорабинии умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, — зикр намуд вазир, -дар шаш моҳи аввали соли 2013  бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок,  ба монанди таби хунин, вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудааст. Вазъи бемориҳои сироятӣ муътадил буда, идорашаванда мебошад.

 Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»

 

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: ба 187 нафар дипломи аъло

Ноиби аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев доир ба фаъолияти донишгоҳи мазкур дар  нимсолаи аввали соли 2013 сухан ронда, аз натиҷаҳои ҳосилшуда изҳори қаноатмандӣ кард.

-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 17 факултет буда, онҳо 17874 нафар донишҷӯёнро фаро гирифтаанд,- гуфт аз ҷумла Абдусалом Миралиев ва ба суханонаш афзуд:- Бо мақсади муайян кардани давомоти донишҷӯён ба машғулиятҳои дарсӣ, санҷиши ба дарсҳо ҳозиршавии омӯзгорон ва ҳамзамон бо мақсади беҳдошти  тадриҷии сифати таълим кори зиёд ва мушаххас  анҷом ёфт.

Дар натиҷа дараҷаи дарсазхудкунӣ ва имтиҳоназбаркунии донишҷӯён дар сессияи тобистона боло рафта, 70 фоизро ташкил намуд. Сессияи имтиҳонии тобистона барои донишҷӯёне, ки аз рӯйи низоми таҳсилоти  кредитӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд,  низ қаноатбахш ҷараён гирифт.

Имсол донишгоҳро 3339 нафар, аз ҷумла 187 нафар  бо дипломи  аъло хатм карданд.

Доираи фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён васеъ гардида, зиёда аз 80 маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад.  Соли ҷорӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  иштирокчии  фаъоли олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ  буданд ва бо гирифтани 21 ҷой, ки аксарияти он мақоми аввал буд, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Барои саволу ҷавоб вақти зиёд ҷудо шуд ва бо истифода аз ин фурсат рӯзноманигорон роҷеъ ба  навовариҳои имсола дар қоидаҳои қабули донишҷӯён, вазъи бо кор таъмин шудани донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ, робитаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, афзалиятҳои  таҳсили низоми кредитӣ аз низоми анъанавии таҳсил ва монанд ба ин саволҳо матраҳ намуда,  посухҳои батафсилу қаноатбахш гирифтанд.

 М. Абдулмаҷид, «Садои мардум»

 

Шумораи лоиҳаҳо ба 39 расид

Директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев дар ҳузури рӯзноманигорон чунин гуфт: «Мақсади асосии марҳилаи дуюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ»  беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаҳои фарогири барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфраструктураи васеи мактабӣ бо истифода аз сифати мувофиқ мебошад, ки 20 ноҳияи вилояти Хатлонро дар бар мегирад».

Барномаи мазкур ба маблағи умумии 15,9 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад, ки аз он 15,4 миллион доллари ИМА гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон, 0,3 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,2 миллион доллари ИМА саҳми аҳолии маҳаллӣ амали ин барнома мебошад. Тибқи муқаррарот маблағҳои марҳилаи дуюм пурра ба соҳаи маориф бахшида шудааст.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки марҳилаи дуюми барнома қаблан иҷрои 38 лоиҳаро пешбинӣ мекард, аммо дар натиҷаи истифодаи дурусту самараноки маблағҳо ва аз ҳисоби фарқияти қурби асъори миллӣ нисбат ба евро, имконияти татбиқи як лоиҳаи дигар ба вуҷуд омад. Ҳамин тариқ, шумораи умумии лоиҳаҳои марҳилаи дуюм ба 39 расид.

Ш.  АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

Пайвандҳои Палатаи савдо ва саноат самароваранд

Воқеан, вақте фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил мекунед, аён мегардад, ки роҳбарият ва мутахассисони он корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Фаъолияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратӣ ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ пешрафти иқтисодиёти мамлакат равона шудааст. Дар ин замина дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баҳри пайванди соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати ҳамкориҳои самарабахш  кори муайян анҷом ёфт.

Баргузорнамойии  102 вохӯрӣ бо намояндагони дипломатии сафорати мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ, ширкат дар конфронси байналмилалии «Ҳамкории нави муносибати байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон», Конгресси 8-уми ҷаҳонии Палатаҳои савдо ва саноат дар пойтахти Қатар, баргузории бизнес-форуми  «Тоҷикистон-Эстония» аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки тавассути он соҳибкорони кишвар бо ҳамтоёни хориҷӣ дидору мулоқот карда, барои ҳамкориҳои самаровар шартномаҳо ба имзо расониданд.

-Тоҷикистони мо макони биҳиштосо аст. Захираҳои обу канданиҳои фоиданок, меваю маҳсулоти кишоварзии мо дар ҷаҳон назир надорад. Барои пешрафти ин ва дигар соҳаҳо танҳо содиқона ба манфиати Ватан кор кардан лозим.  Мо фаъолияти хешро  дар ин замина барои  мусоидат ба ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, корхонаҳои саноатӣ, бахши роҳсозӣ ва тиҷорат, рушди соҳаи туризм равона кардаем, — гуфт аз ҷумла зимни шарҳи фаъолияти нимсола  раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид  дар нишасти матбуотӣ.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 

Сиву ҳафт медали тиллои варзишгарони тоҷик

Муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев дар нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2013, аз ҷумла иброз намуд, ки дар ин давра кумита 30 чорабинии иттилоотию маърифатӣ ва таблиғотию фаҳмондадиҳиро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон доир намуд. Мавсуф роҷеъ ба иштироки фаъоли ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои бошукуҳи варзишии ҷаҳонӣ гуфт, ки дар ин давра 141 варзишгари тоҷик дар 17 чемпионати ҷаҳон, Осиё  ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 37 медали  тилло, 29 медали нуқра ва 48 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар соҳаи туризм барои беҳтар  гардонидани  фазои фаъолият кори муайян ба анҷом расонида шуд. Ширкат дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) рӯйдоди муҳим буд. Дар ин Форум мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта, ҳамчун кишвари туристӣ арзёбӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 дар мавқеи 118 қарор дошт ва зимни таҳлилҳои навбатӣ кишвари мо дар соли 2013 дар зинаи 114 қарор гирифт.

Ҳамзамон дар ин давра ба кишвари мо 191 ҳазору 276 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин ҳисоб 151 ҳазору 708 нафарашон ҳамчун турист муаррифӣ шуданд. Дар маҷмуъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 ҳазору 708 нафар зиёдтар сайёҳон аз кишвари мо дидан карданд.

 М. Тавакал, «Садои мардум»

 

Теъдоди қабули донишҷӯён коҳиш меёбад

Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Раҳматулло Мирбобоев дар ҳузури рӯзноманигорон фаъолияти шашмоҳаи донишкадаи мазкурро дар соли 2013 натиҷагирӣ намуд.  Ӯ зикр кард, ки давоми нимсолаи дуюми соли таҳсил аз донишкада 515 донишҷӯ хориҷ карда шуд, ки 341 нафари онҳо аз шуъбаи рӯзона ва 174 донишҷӯйи дигар аз шуъбаи ғойибона  мебошанд. Ба гуфтаи номбурда, сабаби асосии хориҷ шудани донишҷӯён ин аз худ накардани барномаҳои таълимӣ, вайрон кардани тартиботи қоидаҳои дохилӣ, роҳ додан ба дарсшиканиҳои бесабаб маҳсуб меёбад.

- Қисман ба  низоми кредитӣ гузаштани донишкада то андозае  мустақилияти донишҷӯёнро зиёдтар намуд. Яъне, агар донишҷӯён аз мустақилияти академии худ васеъ истифода набаранд, сари вақт имтиҳонҳоро супорида наметавонанд. Бинобар ин, зарурияти хориҷ кардани онҳо ба миён омад, — таъкид намуд Р. Мирбобоев.

Тибқи нақшаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ теъдоди қабули донишҷӯён ба донишкадаи мазкур 1375 нафар муайян гардидааст. Тасмим гирифта шудааст, ки миқдори қабули донишҷӯён ба донишкада  нисбат ба солҳои гузашта коҳиш дода мешавад. Тавре  зикр гардид,  ин иқдом ба он хотир рӯйи даст гирифта шудааст, ки минбаъд  на ба миқдори донишҷӯ, балки ба сатҳи дониши мутахассисони оянда эътибор дода шавад, то дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ  хатмкунандагони донишкада соҳиби ҷойи кор шаванд.

Х. Шарипов,  «Садои мардум»

 

Роҳандозии таълими буҷетӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодиров дар ҳузури рӯзноманигорон фаъолияти таълимию илмӣ ва тарбиявии ин муассисаи таҳсилотиро дар нимсолаи аввали соли 2013 натиҷагирӣ кард. Мавсуф зикр сохт, ки дар соли таҳсили 2012-2013 донишкада барои таъмини сифати таҳсилот як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла дар асоси мактуби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли ҷорӣ таҳти рақами 05/1-14 дар сессияи зимистона ва тобистона ситод оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҳайати 12 нафар таъсис шуд, ки рафти баргузорӣ ва қоидаҳои қабули санҷишу имтиҳонҳоро назорат намуд.

- Дар ин самт нуҳуми июли соли равон ҷаласаи махсуси кории ситод бар зидди ришваситонӣ бо иштироки ҳайати комиссияи қабул гузаронида, нақша -чорабиниҳо фаҳмонида шуданд. То кунун дар донишкада ҳолатҳои ришваситонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва дар ин самт корҳои назоративу огоҳкунӣ бо намояндагони мақомоти дахлдор идома дорад, — изҳор дошт Д. Қодиров.

Инчунин дар нишаст таъкид шуд, ки бори аввал давоми 22 соли фаъолияти донишкада бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 305 дар баробари низоми шартномавӣ, довталабон дар шакли таълими буҷетӣ низ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 

Беҳтаринҳо тавсия шуданд

Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Грез Қосимов аз фаъолияти нимсолаи Раёсат гузориш дод.

Тӯли ин муддат 240 нафар хизматчиёни давлатӣ (мақомоти марказӣ -108 нафар ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ -132 нафар) ба синни ниҳойии хизматӣ мерасанд. Тибқи талаботи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» барои тамдиди муҳлати 37 нафар хизматчии давлатӣ аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост пешниҳод гардид. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 31 нафар (7 нафар зан) тамдид шуд.

Аз 22 муроҷиати хаттии воридгардида, ба 16 муроҷиат ҷавоб гардонида шуда, шаш ариза дар ҳолати баррасӣ мебошад.

Тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 1807 (229 зан) нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шудаанд. Аз ин ҳайат ба 44 (3 зан) нафар хизматчии давлатӣ барои ба мансаби баландтар таъин намудан, ба 100 нафар (17 зан) барои дохил кардан ба захираи роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, ба 113 нафар (8 зан) пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гардид.

Дар 39 мақомоти марказӣ ва 43 мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 155 озмун доир гардид.

Аз ҳисоби ҷавонони то 35- сола 22 нафар (3 зан) ба ман-сабҳои роҳбарикунанда таъин шуданд.

Моҳи январи соли 2013 дар шуъбаи рӯзонаи магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил оғоз гардида, 70 нафар хизматчии давлатӣ (21 нафар зан) таҳсил менамоянд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар доираи қонун аст

Дар нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  раиси ин кумита  Абдураҳим Холиқов, муовини раиси  кумита Мавлон Мухторов,  раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Мавлон Мухторов оид ба фаъолияти кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ сухан ронд. Ӯ минҷумла зикр кард, ки ҳайати мушовараи кумита тибқи нақшаи корӣ доир ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қарорҳои дахлдор қабул намуд. Дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин як Маркази исломӣ, 45 масҷиди ҷомеи марказӣ, 362 масҷиди ҷомеъ, 3493 масҷиди панҷвақта, шаш мадрасаи мутавассита, 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона, дар маҷмуъ 3983 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуда,  фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд  ба роҳ мондани ташкил ва баргузории мавсими ҳаҷи соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ, корҳои дохилӣ, ҶСК «Ориёнбонк», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» оид ба баргузории мавсими «Ҳаҷ-2013» корҳои мушаххас ба анҷом расидааст.

Баҳри иҷрои саривақтӣ ва таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 январи соли 2008, комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои оид ба корҳои дини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш гирифтанд,  ки ба муносибати рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ ба  табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ёрӣ расонанд. Кумита дар радифи иҷрои Амри мазкур хатнасури 50 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии се ҷуфт навхонадоронро баргузор намуд.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 

Омӯзиш ва таҳлили мушкилот- вазифаи аввалиндараҷа

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров оид ба фаъолияти нимсола сухан ронд. Ӯ зикр дошт, ки дар чаҳорчӯбаи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони ин марказ  барои Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмону ташкилотҳои манфиатдор 53 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ пешниҳод намуданд. Соли ҷорӣ ба ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ диққати махсус дода шуд. Омӯзиши синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва таҳкими амнияти иттиллотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омӯзиш ва таҳлили мушкилоти соҳибкорӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ буд.

Дар давраи ҳисоботӣ маркази мазкур ду шумораи Паёми «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир»-ро, ки масъалаҳои иқтисод ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, нашр кард. Боз як нашрияи дигар бо номи «Набзи замон» нашр шуд, ки ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ  бахшида шуда, барои истифодаи хизматӣ пешбинӣ гардидааст,- зикр дошт муовини директори маркази номбурда.

Шарофати Бобоҷон, «Садои мардум»

 

Наворбардории филм тавассути техникаи замонавӣ

-Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву  муассисаҳои зерсохтори он дар нимсолаи аввали соли 2013 баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, аз ҷумла «Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2011 – 2014» равона гардидааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи мазкур Асадулло Раҳмонов.

Инъикоси сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷу дохили кишвар, санаҳо ва рӯйдодҳои муҳим муваффақона иҷро шуданд.

Дар ин давра дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барномаҳои нав, ба мисли «Садои ҳамватан» (дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Фарзонагон» ва «Дарду дармон»  таҳия ва пахш шуданд.

Бори нахуст дар давоми        солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Киностудияи «Тоҷикфилм» (шуруъ аз моҳи феврали соли равон) тавассути техникаи замонавии филмбардорӣ наворбардории филми ҳунарии «Марги бегуноҳ»- ро дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд, ки дар он аз  техникаҳои вазнини низомӣ ва шумораи зиёди сарбозону афсарон истифода бурда шуд. Айни замон банду баст ва танзими филми ҳунарии «Марги бегуноҳ» идома дорад.

Кумита бо мақсади таҳкими сохтори кадрӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои телевизион ва радио ва ҷалби васеи мутахассисони болаёқат барои ишғоли вазифаҳои муҳаррир, шореҳ, коргардон, наттоқ, наворбардор, продюссер, дизайнер  ва менеҷери реклама се маротиба озмун гузаронида, аз 316 довталаб 33 нафарро ба Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва шабакаҳои Радиои Тоҷикистон ба кор қабул кард.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»