Марказ корҳои илмию тадқиқотии гуногунсоҳаро анҷом медиҳад
- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратӣ бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии кишвар фаъолият менамояд.
Марказ корҳои илмию тадқиқотиро дар самтҳои барои давлат ва ҷомеа муҳим ба роҳ монда, дар нимсолаи аввал аз рӯйи мавзӯъҳои зерин ҳисоботи фосилавӣ пешниҳод намуд: «Стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ» ва «Консепсияи таъмини сифати рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», — гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини якуми директори ин Марказ Сайфулло Сафаров.
Мутахассисони пешбари Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои «Аҳдномаи минтақаи савдои озод дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан, амалисозии «Консепсияи таъсис ва нигаҳдории ҷойҳои корӣ барои солҳои 2008-2015», такмили базаи меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои суғурта ва ғайра иштирок доштанд.
Бо дарназардошти раисии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ конфронси байналмилалии аъзо, нозирон ва шарикони муколамаи (Беларус, Туркия ва Шри-Ланка) Созмони Ҳамкории Шанхайро баргузор намуд, ки дар он намояндагони чордаҳ давлати дунё иштирок намуданд.
Дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароит мавҷуд аст. Кормандони Марказ ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро баланд мебардоранд. Соли ҷорӣ нуҳ нафар кормандони ҷавони Марказ дар Академиияи САҲА дар шаҳри Бишкек курсҳои навиштани асосноккунии лоиҳаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро гузаштанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Афзоиши хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону ҷавонон
Ҳаштуми июли соли равон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре зимни нишаст муовини якуми директори Агентӣ Гурез Қосимзода иброз дошт, давоми нимсола ба Агентӣ 2798 адад мактуб ворид шудааст, ки муҳтавои асосии онҳоро муроҷиати шаҳрвандон ва дархосту гузоришҳои мақомоти давлатӣ оид ба теъдоди хизматчиёни давлатӣ, натиҷаҳои озмун, аттестатсия, баҳодиҳии фаъолият, ҷойивазкунӣ, пешниҳоди рӯйхати захираи кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 18728 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 4393 нафарашонро занон ва 7832 нафарашонро ҷавонони то 35 — сола дар бар мегиранд. Ҳамзамон дар ин давра аз тарафи Агентӣ даҳ аризаи шаҳрвандон оид ба муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ, гирифтани кумакпулии яквақта, мусоидат барои давом додани фаъолият, баромадан ба нафақа, барқарор кардани ҳуқуқу манфиатҳои хизматӣ ва масъалаҳои музди меҳнат баррасӣ карда шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»
Саридораи геология: суръати афзоиши корҳо 116 фоиз
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Хол зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа изҳор дошт, ки дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ аз рӯйи 31 лоиҳа ба маблағи 3010015 сомонӣ ва корҳои шартномавӣ аз рӯйи 110 лоиҳа ба маблағи 5376493 сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Корҳои пудратӣ ба маблағи 1279 сомонӣ иҷро шуда, дар маҷмӯъ бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 8 385 229 сомонӣ корҳо анҷом ёфтанд. Суръати афзоиш 116 фоизро ташкил медиҳад. Саридора 2 343 091 сомонӣ андоз супорид, ки 113 фоизи маблағи аз Буҷети давлатӣ барои иҷрои корҳои иктишофию геологӣ ҷудошударо ташкил медиҳад.
-Ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар самти истифодабарии қаъри замин давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Шӯрои илмии техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ҳисобот баррасӣ гашта, ба Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок пешниҳод гардид. Ҳамзамон Саридора ба Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 лоиҳаи қарордодро барои муайян намудани бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва роялти ирсол намуд. Дар ин давра бо 42 ширкат қарордод баста шуд-изҳор дошт Ҷумъазода Мурод Хол.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
1800 донишҷӯ бо хобгоҳ таъминанд
Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ натиҷагирӣ шуд. Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, доктори илмҳои педагогӣ Абдусалом Миралиев иброз дошт, ки алҳол шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 20 ҳазору 260 нафарро ташкил медиҳад, ки дар 17 факултет таҳсил доранд. Зикр шуд, ки аз рӯйи натиҷаи сессияи (имтиҳоноти) тобистона 137 нафар аз донишгоҳ хориҷ карда шудаанд. Дар донишгоҳ 465 нафар донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки аз ин теъдод 224 нафарашро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд.
Бино ба гуфти Абдусалом Миралиев, имсол донишҷӯён донишгоҳро аз рӯйи се зинаи таҳсил-бакалавр, мутахассис ва магистратура хатм намуданд, ки теъдоди онҳо 3147 нафарро ташкил дод. Аз теъдоди умумии хатмкардагон 2191 нафарашонро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 892 нафарашонро донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва 64 нафари дигарро магистрҳо ташкил медиҳанд.
Дар нишаст зикр шуд, ки имрӯз донишгоҳ имконияти бо хобгоҳ таъмин кардани зиёда аз 1800 нафар донишҷӯро дорад. Номбурда афзуд, ки таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб буда, тамоми нафароне, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои хобгоҳ дархост менамоянд, таъмин карда мешаванд.
Дар мавриди роҳандозии низоми шабона барои фарогирии таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳ зикр гашт, ки атрофи ин масъала бо садорати факултетҳо кор бурда мешавад ва эҳтимол ояндаи наздик ин масъала ҳалли худро пайдо намояд.
Мавриди зикр аст, ки феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 105 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии 18 кишвари хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум»
Бештари ҷиноятҳо берун аз мактаб содир мешаванд
Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо ҳузури рӯзноманигорон баррасӣ гардид. Дар нишаст вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов иброз дошт, ки дар ин давра 20 маротиба қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли арзу муроҷиати 357 нафар шаҳрванд ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Маълум гардид, ки то имрӯз 52 ҳазору 400 нафар довталаб ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, аз имтиҳони даври аввал гузаштаанд. Имтиҳони дуюм низ шурӯъ шудааст ва то 12 июли соли равон идома меёбад.
Ҳамзамон, имсол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 23 ихтисоси нав кушода шудааст. Теъдоди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3836 ададро ташкил медиҳад.
-Давоми чор моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 316 ҳодисаи содирнамоии ҷиноят аз тарафи хонандагон сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 адад зиёд аст,- зикр намуд Н.Саидов.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ бо изҳори таассуф гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таври бояду шояд иҷро намешавад. Мавсуф дар идома афзуд, ки 90 дар сади ҷиноятҳое, ки содир мешаванд, берун аз мактаб, яъне замони назди волидайн қарор доштани хонандагон сурат мегирад.
Дар нишаст зикр шуд, ки давоми шаш моҳи соли 2014 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 12 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда қаноатбахш нест. Бинобар ин, бо супориши Сардори давлат Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро қабул намуд. Тибқи барномаи мазкур аз ҳисоби секторҳои хусусӣ то соли 2020 беш аз ҳазор адад муассисаҳои томактабӣ ва ҳудуди 700 адад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ сохта мешавад.
Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»