Амалҳои тахрибкорона пешгирӣ гардиданд
Тавре дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони ин мақомот панҷ амали террористӣ пешгирӣ карда шуд. Ҳадафи террористон тахриб намудани корхонаи муҳими саноатӣ ва якчанд объектҳои маъмурӣ дар шаҳри Турсунзода буд.
Ҳоло ҳафт нафар террорист, ки мақсади доир намудани панҷ амали террористиро доштанд, дастгир шудаанд. Онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар давлатҳои хориҷӣ амалҳои террористиро омӯхтаанд. Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 49 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ, 39 нафар аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дастгир шудаанд, ки аз тарафи онҳо 169 ҷиноят содир гашта буд.
Дар ҷумҳурӣ давоми шаш моҳи соли равон 9 ҳазору 339 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз он 7 ҳазору 933 ададаш ошкор гардид.
Аз тарафи ноболиғону ҷавонон содиршавии ҷиноят бештар гардидааст. Дар ин давра шаш ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ як нафар хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳалокат расидааст.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар гузориши худ оид ба вазъи ҷиноӣ ва тадбирҳои андешида ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм маълумоти муфассал дод.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Самараи соҳибистиқлолӣ: нақшаи генералии ноҳияи Мурғоб таҳия шуд
Зимни нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон журналистон ба тамоми саволҳои худ аз раиси он Комилзода Абдувалӣ Ҳаким ва масъулини соҳа посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Маълум гардид, ки моҳҳои январ- июни соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар бахшҳои меъморӣ ва сохтмон 2 миллиарду 833 миллион сомонӣ истифода шудааст.
Дар ин муддат дар масоҳати умумии 307 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Давоми муҳлати зикршуда фондҳои асосӣ дар ҳаҷми 686 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 1 миллиарду 608 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Комилзода Абдувалӣ Ҳаким иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4 ҳазору 114 ҷойи хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 50 ҷой ва дармонгоҳ барои 193 нафар ба истифода дода шуданд.
Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Нақшаҳои генералии 36 шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст.
То ба имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кумита таҳия ва тасҳеҳи Нақшаҳои генералии шаҳри Панҷакент 98 фоиз, ноҳияҳои Бохтар 75 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 55 фоиз, Восеъ 90 фоиз, Ғончӣ 90 фоиз, Ҷаббор Расулов 45 фоиз, Мурғоб 40 фоиз, Варзоб 40 фоиз, Ашт 40 фоиз, Мастчоҳ 5 фоиз коркард шудаанд.
Нақшаҳои генералии шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Темурмалик, Ҷалолиддини Румӣ, Дарвоз, Спитамен, Муъминобод, Ванҷ, Сарбанд ва Қайроққум пурра ба анҷом расида, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотӣ дар ташкилоти зерсохтори кумита 11,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли 2013- ум 5,3 фоиз зиёд аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»
Варзоб: нишасти матбуотӣ бо се журналист
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он ҳамагӣ се журналист иштирок доштанд. Чунин ҳолат дар ин ноҳия бори аввал нест.
Раиси ноҳия Акбар Ятимов аз иштирок накардани журналистон, ки ба идораҳои онҳо хабарнома ирсол карда буданд, изҳори нигаронӣ кард.
Сарфи назар аз ин, номбурда нишастро оғоз бахшида, оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2014 иттилоъ дод.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ба буҷети ноҳия 6 миллиону 757996 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 175 242 сомонӣ зиёд буда, 103 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба андозаи 12 миллиону 890 705 сомонӣ аз худ шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013-ум 2 миллиону 261976 сомонӣ зиёд аст.
Акбар Ятимов ҳамчунин зикр кард, ки дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гӯшт 348 тонна, шир 3281 тонна ва тухм 482 ҳазор донаро ташкил дод. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 20 миллиону 786 ҳазор сомонӣ ё 107,2 фоизро ташкил медиҳад.
Қисмати бештари нишасти матбуотӣ бо суолу ҷавоб сипарӣ шуда, хабарнигорон на ба ҳамаи суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Онҳо пеш аз ҳама мехостанд ба прокурор, сардори ШВКД, раиси суд ва комиссари ҳарбии ноҳия бо суолҳо муроҷиат намоянд. Чун нишастҳои пешин, бо сабаби иштирок надоштани шахсони масъули сохторҳои мазкур, хабарнигорон ба суолҳои худ посух гирифта натавонистанд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сабаби иштирок надоштани онҳоро намедонанд.
Муҳаммад Зокир, «Садои мардум»
«Тоҷиксуғурта» назди халқ масъул аст
15 июли соли 2014 дар КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он фаъолияти нимсолаи аввали соли 2014 мавриди таваҷҷуҳи рӯзноманигорон қарор гирифт.
Директори генералии он Аловиддин Сатторов дар гузориши хеш, аз ҷумла зикр намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» фаъолияти кории худро бо ду шакли суғурта- суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ амалӣ мегардонад. Имрӯз корхона аз рӯйи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 15 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошанд.
Тавассути андешидани тадбирҳои судманд нимсолаи аввали соли 2014 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда шуд. 31 миллиону 202 ҳазор сомонӣ маблағҳои суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишудаи нимсолаи аввали соли 2014 116 фоиз иҷро шудааст. Аз ҳаққи суғуртавии воридгардида 20 миллиону 252 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 10 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ихтиёрии суғурта тааллуқ доранд.
Дар ин давра ба 7 ҳазору 627 ашхоси ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 6 миллиону 674 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 181 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Корхона ба мактаб- интернати ятимони деҳаи Арали ноҳияи Восеъ, ки сарпарастии онро ба зимма дорад, маводи ғизоӣ, ду адад компютер ва як адад принтер тақдим намуда, ба кӯдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ба андозаи 41 ҳазору 303 сомонӣ кумаки моддӣ расонидааст.
Ҳамкорӣ бо ҶСК «Всероссийская страховая компания» натиҷаҳои хуб дод. Дар нимсолаи аввали соли 2014 аз 7636 нафар муҳоҷирони меҳнатии таҳти суғурта фарогирифта 772 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид шуд.
Дар ин давра бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба суғурта фаро гирифтани 6000 нафар шаҳрвандони ба ҳаҷ сафаркунанда шартнома ба имзо расид, ки маблағи ҳаққи суғуртавӣ ба як ҳоҷӣ 60 сомониро ташкил медиҳад.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»
Ёздаҳ самти афзалиятноки рушди соҳа
Мувофиқ кардани меъёрҳои амалкунандаи соҳаи нақлиёти кишвар бо меъёрҳои байналмилалӣ, ташкили равзанаи ягона ва гузаргоҳҳои замонавии сарҳадӣ, таъмини бехатарӣ дар роҳҳо, зина ба зина гузаштан ба технологияҳои нав, равнақ додани сохтмони роҳҳои оҳан дар дохили ҷумҳурӣ ва ғайра аз ҷумлаи ёздаҳ самти афзалиятноки соҳа мебошад, ки кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани онҳо кӯшиш доранд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода зимни нишасти матбуотӣ ин самтҳои фаъолиятро шарҳ дод.
Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи нақлиёт бо истифодаи маблағҳои беруна (қарзҳо ва грантҳо) 16 лоиҳа ба маблағи 598,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Имсол баитмомрасонии сохтмони роҳи автомобилгарди «Шоҳон-Зиғар» марҳилаи 3, қитъаи «Шӯрообод-Шоҳон»-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон (аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон), роҳи Данғара-Кангурт, терминал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодии роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар-Тавилдара-Қалъаихумб ва харидории техника ва таҷҳизоти соҳа дар нақша мебошад.
Дар маҷмӯъ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузориҳои дохилӣ (буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, маблағи соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ) ба маблағи 47,5 миллион сомонӣ 13,6 км роҳҳо таъмир ва 796 км роҳҳо шағалпӯшу сангфарш гардида, 18 адад пул таъмиру барқарор карда шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки нимсолаи аввали соли 2014 тавассути нақлиёти истифодаи умум ҳаҷми боркашонӣ 9,4 миллион тоннаро ташкил дода, нисбати як соли пешин 3,8 фоиз афзудааст. Дар ин давра ба 89,8 миллион мусофир хизматрасонӣ шудааст.
Сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, вазъи нақби «Истиқлол», номукаммалии лоиҳаҳои амалишаванда, сохтмони роҳҳои оҳан ва чанде аз масъалаҳои дигар мавриди суолу ҷавоби хабарнигорон ва масъулини вазорати нақлиёт қарор гирифт.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Дастовардҳо назаррасу камбудиҳо ҳалшавандаанд
Гарчанде ки ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи аввали соли 2014 мусбӣ арзёбӣ гардида бошад ҳам, вале узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир таваҷҷуҳи аҳли нишастро, пеш аз ҳама, ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ҷалб намуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, иҷрои корҳои пудратӣ, хизматрасонии пулакӣ, нақлиёт, савдо ва даромадҳои давлатӣ таъмин гардида, ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ 53 миллиону 371 ҳазор сомониро ташкил намудааст.
Нақшаи андози иҷтимоӣ ба маблағи 19 миллиону 766 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Дар маҷмӯъ қисми даромади буҷет 77 миллиону 218 ҳазор сомонӣ, яъне, ки 106 фоизро ташкил дод. Ёздаҳ намуди андозҳои маҳаллӣ аз 102 то 135 фоиз иҷро гардидааст.
Дар баробари ин, бақияпулиҳои андози корхонаю муассисаҳо дар шаш моҳи соли равон рӯ ба афзоиш ниҳода, ба ҳолати 1 июли соли 2014 ба 6 миллиону 494 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2013- ум 903 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 50 миллиону 339 ҳазор сомонӣ ё худ 98 фоиз аз худ шудааст.
Таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр нишон медиҳад, ки аз 53 корхонаҳои саноатии расман бақайдгирифташуда 17- тои он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли 2013 кам карданд.
Сипас, Амирзода Раҳмоналӣ иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 169 миллиону 739 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишварзӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 15642 тонна ғалла, 5 тонна зағир, 7394 тонна картошка, 11441 тонна сабзавот, 1591 тонна мева, 7612 тонна хӯроки чорво, 3660 тонна гӯшт, 9613 тонна шир, 11 миллиону 907 ҳазор дона тухм, 208 тонна асал, 19,9 тонна пилла, 38 тонна пашм ва 10,4 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст.
М. ЗОКИР, «Садои мардум»
Ҷудошавии оилаҳои ҷавон — боиси ташвиш
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар дар оғоз доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2014 маълумот дода, гуфт ки меҳнаткашони ноҳия дар ин давра ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.
Қисми даромади буҷет ба андозаи 15 миллиону 440202 сомонӣ ва қисми хароҷоти буҷет ба андозаи 15 миллионну 129487 сомонӣ таъмин карда шуд.
Соли равон дар ноҳияи Файзобод 412 гектар боғҳои нав бунёд гардид, ки нисбати соли 2013-ум 350 гектар зиёд аст. Дар ин давра 161 гектар боғҳои куҳна барқарор шуда, ба нақша гирифта шуд, ки то соли 2020 дар заминҳои чарогоҳ ва талу теппаҳои ноҳия 4000 гектар боғу токзорҳои нав бунёд мешаванд.
Тавре аз маълумотномаи муфассали ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма пешниҳодгардида аён гардид, дар бахши иҷтимоӣ, соҳаи маориф ва фарҳанги ноҳияи Файзобод натиҷаҳо назаррасанд.
Тибқи маълумоти бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, дар шаш моҳи соли 2014 дар ноҳия 441 ҷуфт аз ақди никоҳ гузашта, 46 ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Гарчанде азҳамҷудошавии оилаҳо нисбати ҳамин давраи соли 2013 ду баробар кам шуда бошад ҳам, вале он ҳоло ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Заминҳои Ҳисор зархез мебошанд
-Ба истиқболи Ҷашни 3000- солагии Ҳисор сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Дар назар аст, то рӯзи ҷашн, ки моҳи сентябри соли 2015 таҷлил мешавад, даҳҳо иншооти хурду бузург ба истифода дода шавад, -гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Усмон Сабзов.
Мавсуф минҷумла гуфт, ки ноҳияи Ҳисор барои рушди саноат, кишоварзӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳо захираю имконоти зиёд дорад ва онро бояд истифода кард. Дар шашмоҳаи аввали соли равон заминҳои ҳудуди ноҳия самаранок истифода шуда, аз ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳосилнокии баланд ба даст омад.
Тибқи маълумоти омории пешниҳодгардида, дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 33 миллион сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 172,7 миллион сомонӣ расонида шудааст. 7711 тонна ғалладона, 1418 тонна картошка ва 3668 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шуда, айни замон дар 920 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013 ду баробар зиёд аст.
Кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2014 саршумори ҳама намуди чорворо афзун намудаанд. Дар ин давра 2459 тонна гӯшт, 14543 тонна шир, 535 ҳазор дона тухм, 49 тонна пашм, 30 тонна асал истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.
М. Худойназаров, «Садои мардум»
Пинҳонкунии зиёди манбаъҳои андозбандӣ
Бисту якуми июли соли равон нишасти матбуотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси кумита Нусратулло Давлатзода изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи соли 2014 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, 102,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 355 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Маблағи бақияи қарзи андозҳо ба якуми июли соли ҷорӣ 636,5 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 248,4 миллион сомонӣ кам гардидааст. Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки то ҳол пинҳонкунии манбаъҳои андозбандӣ ва саркашӣ намудан аз ҳисобу пардохти андозҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Бино ба гуфти Нусратулло Давлатзода, давоми нимсолаи аввали соли 2014, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар 14000 нуқта 3832 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардид. Инчунин 385 ҳолати бе қайди мақомоти андоз аз тарафи шахсони воқеӣ ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул, дар ҳисоботҳо дарҷ нагардидани 1249 нафар коргарони кироя ва 624 ҳолати вайрон намудани тартиби истифодаи мошинаҳои назорати хазинавӣ ошкор шудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
«Тоҷикматлубот»: дастовардҳо назаррасанд
Агар ба гузаштаи на чандон дур назар намоем, фаъолияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» чунон коста гардида буд, ки ба эҳёи он касе умед надошт. Хушбахтона, соли 2005, баъди роҳбар таъин шудани Сироҷиддин Валиев рӯ ба беҳбудиву пешравӣ ниҳод. Маҳз бо ибрози чунин андешаҳо аз ҷониби хабарнигорони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оғоз гардид.
Оре, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар даҳ соли роҳбарии ин марди кордону оқил ба фатҳи чандин қуллаҳои меҳнатӣ муваффақ гардидааст.
Сипас, Сироҷиддин Валиев оид ба дастовардҳои шашмоҳаи аввали соли 2014 ба хабарнигорон иттилоъ дода аз ҷумла гуфт, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, як силсила чорабиниҳоро амалӣ намуда, нишондиҳандаҳои назаррасро ба даст оварданд.
Дар ин давра, даромади умумӣ 58,3 миллион сомониро ташкил намуда, ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол ба 73 миллион сомонӣ расонида шуд. Корхонаҳои истеҳсолии соҳа ба маблағи 11 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд.
Ҷиҳати омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода 12500 тонна сабзавот, 11500 тонна пиёз, 10000 тонна картошка, 1600 тонна меваи тару тоза ва 3100 тонна маҳсулоти ғаллагӣ захира намуданианд.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар хоҷагиҳои ёрирасони соҳа захираи картошка, пиёз, сабзӣ, лӯбиёгӣ, инчунин парвариши чорвои калони шохдор ва чорвои хурд мавҷуд аст.
ЗОКИР М. , «Садои мардум»