Аз нишастҳои матбуотӣ

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

Се қабулгоҳи ҷамъиятии нав таъсис ёфт

31 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зикр намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандон бештар оид ба вайрон шудани ҳуқуқи хешовандонашон зимни таҳқиқу тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва оид ба сари вақт ё умуман ҷавоб нагардонидани мақомоти давлатӣ ба муроҷиатҳои онҳо шикоят намудаанд.  Дар самти ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад, шаҳрвандон асосан вобаста ба масъалаҳои манзилу моликият, норозӣ буданашон аз фаъолият ва санадҳои қабулнамудаи судҳо дар марҳилаҳои гуногуни судӣ муроҷиат кардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони дастгоҳ ва худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 12 маротиба дар кори гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, оид ба  самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин давра  кормандони мақомот чор маротиба дар мурофиаҳои судӣ иштирок карданд.

- Бояд ёдовар шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2014 бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд се қабулгоҳи ҷамъиятии нави Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қумсангир, Қубодиён ва шаҳри Исфара бо маблағгузории Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва ниҳоди Даниягӣ оид ба  ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд,- гуфт  Зариф Ализода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Симои Душанбе куллан тағйир меёбад

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовинони раиси шаҳр, раисони  чор ноҳияи пойтахт ва роҳбарони корхонаву идораҳо доир гардид. Аз гузориши муовини раиси шаҳри Душанбе Бурҳон Назаров аён гардид, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 зиёда аз 4 миллиарду 600 миллион сомонӣ ташкил додааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2013- ум ба 106,7 фоиз баробар аст. Буҷети шаҳр бошад, ба андозаи 105,1 фоизи нақша ва хароҷоти буҷети шаҳр 94,5 фоиз иҷро  гардидааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба  535,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин 122,7 фоизи нақшаи  пешбинишударо дар бар мегирад.

Бино ба гуфти Бурҳон Назаров дар ин давра дар самти истеҳсоли маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, истеҳсолоти металлургӣ, мошинолот, маҳсулоти чармӣ, фаъолияти табъу нашр ва ғайра афзоиш ба назар мерасад.

Шаҳри Душанбе бо бунёди биноҳои замонавии маъмурӣ, истиқоматӣ ва марказҳои нави савдо рӯз то рӯз  симояшро дигар мекунад.  Тозаю озода нигоҳ доштани хиёбону кӯчаҳои шаҳр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои боз ҳам беҳтар гардонидани симои пойтахти кишварамон талошҳои зиёд доранд.

Қисмати дуюми нишасти матбуотӣ тариқи суолу ҷавобҳо сурат гирифта, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Н.Хайруллоев ва раисони ноҳияҳои шаҳр ба суолҳои сершумори журналистон посух доданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Маблағи зарар рӯёнида шуд

- Вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 2448 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 7955 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, дар натиҷаи баррасии онҳо 13 859 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 1392 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 482 парвандаи ҷиноятӣ оид ба қонунвайронкунии замин ва 296 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта оғоз гардид. Ба миқдори 215 млн.сомонӣ зарар ошкор ва аз он 178 млн.сомонӣ барқарор, аз ҷумла 104 млн.сомонӣ ба буҷет ворид карда, 2883 сар чорво ба тариқи асл барқарор шуд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина.

Ба 349 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 290 адади он дар бораи ҷудо ва вобаста кардани замин мебошад.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 10932 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин 571 адад ё 5,5 фоиз назар ба нимаи аввали соли гузашта зиёд мебошад. Аз ин ҷумла, ҷиноятҳои вазнин 2577 адад, одамкушӣ ва суиқасд ба он 62 (59), хариду фурӯши одамон 22 (17), тамаъҷӯйӣ 37 (15), муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 615 (519), авбошӣ 643 (563) ва қаллобӣ 1870 (1476) ададро ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 127 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 135 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оғозу тафтиш карда, 59 парванда нисбат ба 63 нафар ба суд фиристода шуд.

Мақомоти прокуратура 3744 парвандаи ҷиноятиро мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода, тафтиши 1674 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст.

Дар рафти тафтиши пешакӣ аз маблағҳои умумии зарарҳои расонидашуда 15 728 476 сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 9 236 841 сомонии он ба фоидаи давлат мебошад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»