Истеҳсоли фиристандаи рақамии радиотелевизионӣ ба роҳ монда шуд
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи кумитаи мазкур иттилоъ дод, ки давоми соли 2014 чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ, маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашнҳои 21-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 19-солагии Гвардияи миллӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 90-солагии мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри Душанбе, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну идҳои давлатӣ тавассути шабакаҳои телевизион ва радиоии кишвар васеъ инъикос ёфтанд.
Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки дар самти амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» соли гузашта аз тарафи ҶСК «Телерадиоком» 26 фиристандаҳои радиотелевизионӣ ва як адад фиристандаи радиоии FM насб гардид.
Бино ба гуфти номбурда, то якуми январи соли ҷорӣ фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамии барномаҳои чор шабакаи телевизионии ҷумҳуриявӣ ҳар кадом 51 фоизиро ташкил медиҳад. Фарогирии аҳолӣ бо пахши аналогии барномаҳои Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон» 99,72 фоиз, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 92,7 фоиз, Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон» 88,99 фоиз ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 78,96 фоизро ташкил дод.
Асадулло Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки истеҳсоли фиристандаҳои рақамии радиотелевизионӣ дар кишвар ба роҳ монда шуд ва дар нақша аст, ки содироти он ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат бигирад.
Бино ба гуфти мавсуф, соли 2014 Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» низ фаъолияти пурсамар дошта, якчанд филмҳои хурду бузургро ба навор гирифт. Филми ҳунарии «Муаллим» ва силсилафилми ҳунарии «Як ҷаҳон аз ману ту» намунае аз дастовардҳои киносозони тоҷик дар соли сипаришуда мебошад, ки аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Соли 2014 бо комёбиҳо ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Ваҳдат пеш аз оғози нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар шакли хаттӣ ҳисоботи муфассали раиси шаҳр Р. А. Амирзода «Оид ба иҷрои нақшаҳо ва Барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 ва солҳои минбаъда» пешкаш гардид.
Иттилоъ гирифтем, ки дар соли сипаригашта ҷамъи даромадҳо 163 миллиону 646 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 101 фоизи нақшаи солона буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 45 миллиону 103 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 59 миллиону 542 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли пешин 6 миллиону 991 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт. Дар шаҳр 12 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа, 1062 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар маҷмӯъ, 5 ҳазору 668 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Соли 2014 кишоварзони шаҳр низ комёбиҳояшонро афзунтар гардониданд. Дар ин давра нисбат ба як соли пеш ба маблағи 412 ҳазор сомонӣ зиёд, яъне 639 миллиону 349 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд. Саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини амнияти озуқаворӣ калон аст.
Соли гузашта баъди сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо кард. Имрӯз симои маркази шаҳр ва деҳоти он дигар гашта, даҳҳо иншооти маъмурӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, хонаҳои замонавии баландошёна сохта шуда, бунёдкориҳо идома доранд.
Фаъолияти кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва варзиш низ қаноатбахш арзёбӣ шуд.
Дар фарҷом муовини якуми раиси шаҳр Бобишо Азизов ба саволҳои журналистон вобаста ба вазъи хизматрасонии нақлиётӣ, мушкилоти соҳаи маориф, ҳаёти ҷавонон ва ғайра ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
897 медали варзишгарони тоҷик дар соли 2014
Ҳаштуми январи соли равон нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси кумитаи мазкур Абдуллозода Аҳтам Рустам изҳор дошт, ки соли 2014 ба кишвар 213 265 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ташриф овардаанд, ки даромади аз ҳисоби онҳо ба иқтисодиёти кишвар воридшуда 106 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфти мавсуф, айни замон дар кишвар зиёда аз 1400 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд буда, қисми зиёди он ба кадастри захираҳои туристӣ ворид гардидааст. Абдуллозода Аҳтам Рустам ҳамчунин зикр кард, ки соли 2014 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 9 март ҳайати намояндагони соҳаи туризм дар намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB-Берлин иштирок карда, гӯшаи тарғиботии кишвари моро дар баробари 200 давлати иштирокчӣ муаррифӣ намуданд. Номбурда афзуд, ки то имрӯз монеаҳои сунъии зиёде, ки садди рушди соҳа буданд, бартараф гардида, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи туризм аз имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Дар нишаст масъалаи кор бо ҷавонон ва варзиш низ натиҷагирӣ шуд. Мавсуф зикр кард, ки дар давраи мавриди назар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 108 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла 85 мусобиқа ва 23 чемпионатҳои ҷумҳуриявиро баргузор намуд, ки дар онҳо 9719 варзишгарон иштирок намуданд. Соли 2014-ум 1510 варзишгар, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар 90 чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 897 медал, аз ҷумла 250 тилло, 243 нуқра ва 404 биринҷӣ гардиданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Қаноатмандӣ аз натиҷаҳои фаъолият
Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Бобоалии Муродалӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2014 мулоҳизаҳояшро иброз карда, аз ҷумла гуфт:
- Натиҷаҳои фаъолият назаррасанд. Дар ин давра масофаи 3,2 километри роҳҳои ҳудуди шаҳр пурра мумфарш гардида, беш аз 165 километр роҳҳои шаҳр ва деҳот таъмири ҷорӣ шуд. Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт ва имсол ба охир мерасад. Марҳилаи аввали дидбонгоҳҳои «Лойқа» ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва «Пахтабой» ба маблағи қариб 1,7 миллион сомонӣ, ки 563 ҳазор сомониаш аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 1137 ҳазор сомониаш аз ҳисоби соҳибкорон мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо дастгирии соҳибкорон дар деҳот чор муассисаи таълимии нав ва 30 синфхонаи иловагӣ бунёд шуда, 2420 нафар толибилмонро дар ду баст ба оғӯш гирифт. Дар деҳоти ҳудуди шаҳр се бунгоҳи тиббӣ ва дар шаҳр чор маркази ташхису табобат бо насби дастгоҳҳои рентгени рақамӣ ва томографӣ бо 30 ҷойи нави кор бунёд шуд.
Дар ҳудуди деҳоти «Қаратоғ», «Навобод» ва «Сешанбе» зиёда аз 40 километр хати интиқоли оби тозаи нӯшокӣ барои 13385 нафар аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Панҷ адад корхонаи хурди саноатӣ барои истеҳсоли сангҳои ороишӣ, рангҳои молиданӣ, масолеҳи пенопластерӣ, созаҳои алюминӣ барои дару тиреза, хишти пухта ва кошинҳо бо 150 ҷойи кор таъсис ёфт.
Фаъолияти Корхонаи пахтатозакунии ба номи Ҳасан Маннонов, ки чор соли охир бекор хобида буд, бо 120 ҷойи кор барқарор шуд.
Аз суханронии раиси шаҳри Турсунзода ҳамчунон маълум гардид, ки деҳқонони шаҳр низ хубу аҳлона меҳнат карданд. Дар натиҷа, нақшаи ҷамъоварии пахта ва пилла иҷро шуда, дар масоҳати 350 гектар маҳсулоти зериплёнкагӣ истеҳсол гардида, дар панҷ гектар гармхона сабзавот ва гул парвариш ёфта, барои нигоҳдории зиёда аз 300 тонна сабзавоту мева сардхона бунёд шуд.
Соли 2015 барои сокинони шаҳр басо хотирмон хоҳад буд, зеро имсол 80-солагии таъсиси шаҳри Турсунзода ва 40-солагии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар доираи чорабиниҳои банақшагирифта анҷоми тадбирҳои муҳим дар назар аст. Меҳнати софдилонаи аҳли заҳмати корхонаю муассиса, ташкилоту идораҳо бошад, туҳфаи шоиста ба ин ҷашнҳо хоҳад буд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»