Хоҷагиҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд
–Соли 2014 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 67 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омада, дар натиҷа 31 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз 67 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиии ба қайд гирифташуда дар 29 ҳолат зарар муайян карда шуд. Маблағи зарар 41 миллиону 504 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,- зикр кард муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Абдусаттор Хушвақтов зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо 112 нафар ҳалок гардиданд. Ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, тибқи фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ба маблағи 79 ҳазору 800 сомонӣ кумак расонида шудааст. Ба оилаҳои 26 нафари дигар, ки бар асари офатҳои табиӣ фавтидаанд, 26 ҳазор сомонӣ кумак карданд. Масъулин изҳор доштанд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2014 кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаҷми 200 тонна ба зарардидагони деҳаи Обиборики мавзеи Аргуи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар натиҷаи фаромадани ярч зиёда аз 2500 нафар фавтида буданд, расонид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта мутобиқи «Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» аз 300 хоҷагии ба нақша гирифташуда 221 хоҷагӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Варзоб: кӯлҳои моҳипарварӣ дар майдони 1,6 гектар
Раиси ноҳияи Варзоб Акбар Ятимзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки иҷрои даромади буҷети ноҳия дар соли 2014 аз рӯи 11 намуди сарчашмаҳои дохилӣ 109 фоизро ташкил дод. Ба буҷет 14 млн. 32 ҳазору 271 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 188 ҳазору 796 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз суханронии раис маълум гардид, ки кишоварзони ноҳия дар соли 2014 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла, картошка, полезӣ, мева ва сабзавотро хуб ба роҳ мондаанд. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2009 таҳти рақами 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 -2014» дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои кишоварзӣ ва шаҳрвандон соли сипаришуда дар майдони 31 гектар боғу токзорҳои нав бунёд намудаанд. Айни ҳол дар ноҳия дар майдони 1,6 гектар кӯлҳои моҳипарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии «Абдуназар» ва «Дилшод- Б» ташкил карда шудааст.
Аз тарафи Корхонаи давлатии фаръии «Замин- истироҳатгоҳ» 1952 адад парвандаҳои танзими замин тайёр шудааст, ки нисбати соли пешин 1,2 маротиба зиёд мебошад. Шумораи занони роҳбар дар ноҳия 254 нафар ва шумораи занони соҳибкор 67 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба 179 нафар зан ба маблағи 1 млн. 493 ҳазору 637 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳибкорӣ ва хоҷагии қишлоқ дастрас шудааст. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Худойназарови ноҳияи Варзоб баҳри таъмини хоҷагиҳо бо ниҳол ба миқдори 20135 бех ниҳоли стандартӣ омода намудааст.
Дар нишаст фаъолияти кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва варзиш низ қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар фарҷом раиси ноҳия Акбар Ятимзода ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Даромади соф 20,8 фоиз зиёд шуд
Зимни нишасти матбуотии БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» миёни раиси Раёсати бонки мазкур Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва журналистон суҳбати озоду ошкоро сурат гирифт. Яке аз нуктаи ҷолиби нишасти матбуотии зикршуда арзи сипоси Ҷ.Нурмаҳмадзода ба журналистон ва эътирофи саҳми босазои онҳо дар дастовардҳои бонк буд, ки ба андешаи инҷониб падидаи нодир аст.
Иттилоъ гирифтем, ки дороиҳои бонк ба санаи 31 декабри соли 2014- ум 1,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 37 фоиз афзудааст. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шудаанд.
Дар ҳамин радиф, сармояи умумии бонк дар ин давра 222 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2013-ум 18,3 фоиз афзун гардидааст. Дар мавриди фоида зикр шуд, ки соли 2014 даромади софи бонк 26,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 20,8 фоиз зиёд гардидааст. Дар соли 2014 ба суратҳисобҳои транзитии андозу пардохтҳои ҳатмӣ маблағи 2,2 млрд. сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1,9 млрд. сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли 2013 мутаносибан 11,1 фоиз ва 24,9 фоиз зиёд мебошанд. Маблағҳои андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 3,1 млрд. сомонӣ аз ҷониби филиалҳои бонк таври нақдӣ беподош қабул ва интиқол карда шуд, ки нисбат ба соли 2013- ум 10,5 фоиз зиёд мебошанд.
Дар соли 2014 ба 34679 нафар мизоҷон ба маблағи умумии 861,7 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз он 299,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд буда, 34,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад. Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки бақияи сандуқи қарзии бонк (бо дарназардошти қарзҳои байнибонкӣ) ба санаи 31 декабри соли 2014 ҳаҷми 912, 3 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»
Робитаҳои ҳамшарикӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ
Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ноиби ректор оид ба таълим Хусрав Шамбезода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки фаъолияти таълимӣ аз рӯи 16 самти омодасозии бакалавр ва 11 самти магистратура амалӣ мешавад.
Донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар олимпиадаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самтҳои фалсафа ҷойи якум ва ҳуқуқ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Инчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар самтҳои гуманитарӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни мо ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил шуданд. Дар самти варзиш низ тими мардонаи донишҷӯён оид ба волейбол дар чемпионати шаҳри Душанбе ҷойи якумро соҳиб гашт.
Феълан донишгоҳ бо 61 донишгоҳи хориҷӣ робитаҳои ҳамшарикӣ дорад. Танҳо соли 2014 -ум 16 созишномаи байнидонишгоҳӣ ба имзо расид. Донишгоҳ дар доираи лоиҳаҳои Донишгоҳи шабакавии ИДМ, СҲШ тибқи барномаи рушд муваффақона барномаҳои табодули академиро амалӣ менамояд. Ҳоло 90 нафар донишҷӯён ба макотиби олии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон фиристода шудаанд. Дар ояндаи наздик дар донишгоҳ кушодани факултети рӯзноманигорӣ низ дар назар аст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»
Муваффақиятҳо дар ҷарроҳии кӯдакони гирифтори нуқсони модарзодии дил
–Соли 2014 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар доираи татбиқи барномаҳои миллӣ, аз ҷумла барномаҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил, бемориҳои саратон, касбӣ, осеббардорӣ, гирифторони нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил, диабети қанд, нашъамандӣ ва сил чораҳои муассир андешид, — гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки бо мақсади ташхиси сифатноки бемории сил дар қаламрави ҷумҳурӣ 14 адад дастгоҳи муосир (Gen Xpet) харидорӣ шуд, ки онҳо бо маводи озмоишӣ таъмин мебошанд. Бо мақсади таъмини беморони гирифтори диабети қанди навъи 1 ва 2 соли гузашта тавассути Лоиҳаи ХОУП бо маблағи умумии 5,4 миллион доллари ИМА ба муассисаҳои соҳаи эндокринологияи ҷумҳурӣ инсулин ва барои беморони гирифтори ғадуди сипаршакл левотираксин дастрас гардид.
Ҳифзи сиҳатии кӯдакону модарон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зикр кардан зарур аст, ки дар даҳ соли охир фавти кӯдакон 2,5 ва модарон 3 маротиба кам гардид. Дар ду соли охир зиёда аз 40 нафар кӯдакони гирифтори нуқсони модарзодии дил ва 220 нафар кӯдакони маъюби дорои бемориҳои модарзодии лабу ком ҷарроҳӣ шуданд, ки айни ҳол солимии онҳо хуб аст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода ҳамчунин зикр кард, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби шарикон ва ҳамаи табақаҳои ҷомеа бемориҳои сироятӣ дар кишвар дар сатҳи муътадил ва идорашаванда қарор доранд.
Аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба иҷрои қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ дар иншооти таҳти назорат қарордошта санҷишҳо гузаронида шуд.
Дар натиҷа барои риоя накардани меъёрҳои санитарӣ фаъолияти 1678 иншооти гуногун муваққатан боздошта, 58156,25 кг маҳсулоти хӯрокворӣ аз муомилот гирифта, нисбати 11689 нафар шахсони масъул протоколҳо тартиб дода, аз онҳо ба маблағи як миллиону 476538 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони раёсатҳои он ба суолҳои сершумори журналистон посух гуфтанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Саҳмгузорони амалҳои созанда
Дар раванди корҳои созандагӣ, ки имрӯзҳо дар кишвар вусъат ёфтааст, лоиҳакашону меъморон ва коллективҳои меҳнатии идораю ташкилотҳои сохтмонӣ саҳми арзанда доранд. Дар оғози нишасти матбуотӣ ин нуктаро раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Абдувалӣ Ҳаким таъкид карда, мухтасар аз иншооти азими сохташавандаву бунёдёфта ва самтҳои фаъолияти мутахассисону кормандони Кумита ёдовар шуд.
Чун маълумотнома дар бораи натиҷаи фаъолияти Кумита дар соли 2014 ба хабарнигорон пешниҳод гардида буд, қисмати зиёди нишаст тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Мутобиқати лоиҳаҳо ба қоидаҳои шаҳрсозӣ, нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо, назорати корҳои сохтмонӣ, сатҳи дониши мутахассисони ҷавони соҳаи сохтмону меъморӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни пурсиши намояндагони воситаҳои ахбори омма ва посухи роҳбарону масъулони Кумита баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки давоми моҳҳои январ-декабри соли 2014 ба масоҳати умумии 1 миллиону 111 ҳазору 605 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба як соли пешин 113,9 фоизро ташкил медиҳад. Айни ҳол аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 30 шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст. Аз ҷумла нақшаи генералии ноҳияи Темурмалик барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, нақшаҳои генералии ҳашт шаҳру ноҳияи дигар- Вахш, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Дарвоз, Спитамен, Муъминобод, Сарбанд, Қайроққум барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Тавре Комилзода Абдувалӣ Ҳаким иттилоъ дод, то охири соли ҷорӣ тасҳеҳи нақшаҳои генералии ҳама шаҳру ноҳияҳо анҷом меёбанд.
Соли 2014 хадамоти алоҳидаи Кумита баҳри ташхиси давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ, додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, назорати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ корҳои муайянеро ба ҷой оварданд. Бо мақсади такмили фаъолияти лоиҳакашиву меъморӣ, эҳё ва такмил додани мактаби миллии меъморӣ аз тарафи Кумита соли гузашта чор озмуни кушодаи лоиҳаҳои беҳтарин гузаронида шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Сифати баррасии парвандаҳо беҳтар гардид
Дар нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 январ баргузор гардид, фаъолияти солонаи мақоми мазкур натиҷагирӣ шуд. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансурзода изҳор дошт, ки давоми соли 2014 ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 435 парванда, 172 аризаву шикоятҳо баррасӣ карда шуд. Аз ин шумора дар марҳилаи якум 165 парванда, дар коллегияи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи кассатсионӣ 258 парванда, дар коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи назоратӣ нуҳ парванда ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон се парванда баррасӣ гардидааст.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки маблағи даъвоҳои қаноаткардашуда 30 696 381 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он ба манфиати мақомоти давлатӣ 12 531 410 сомонӣ рӯёнида шудааст. Аз рӯйи аризаҳои даъвоӣ, шикоятҳои кассатсионӣ ва боҷи давлатӣ ба фоидаи буҷети давлат 1 052 602 сомонӣ пардохт шудааст.
Номбурда инчунин гуфт, ки соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 парвандаро дар мурофиаҳои судии сайёр баррасӣ намуданд. Бино ба гуфти мавсуф, агар соли 2013 бекоркунии парвандаҳои судӣ 2,2 фоизро ташкил медод, пас ин рақам дар соли 2014 то 1,7 фоиз кам гардидааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон афзудааст
-Соли 2014 дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 352 ( соли 2013-18336) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 17 ҳазору 498-тои он ошкор гардидааст. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87,7 фоизро ташкил медиҳад, -гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро.
Аз гуфтаҳои вазир бармеояд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 116 нафар аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд, ки аз тарафи онҳо 338 ҷиноят содир гардидааст. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ панҷ амали террористӣ пешгирӣ ва як ҷинояти террористӣ ошкор карда шудааст. Давоми соли 2014-ум 3417 ( соли 2013-3111) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра 20 ҷиноят бо иштироки 28 нафар дар самти қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо муайян ва ошкор ва аз онҳо ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ сангу металлҳои қиматбаҳо мусодира гардидааст.
Соли сипаригашта аз ҷониби ноболиғону ҷавонон 6191 (ноболиғон-800 ( соли 2013-725), ҷавонон- 5341 (соли 2013- 4898) ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст.
Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби ҷаримабандиҳо, маблағҳои аз парвандаҳои ҷиноятӣ барқароркардашуда ва рӯёнидани қарзи қувваи барқ ба Буҷети давлатӣ зиёда аз 355 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Наврӯзи байналмилалӣ дар Суғд таҷлил мешавад
Давоми соли 2014 театрҳои касбӣ ва гурӯҳҳои консертӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон, гурӯҳҳои эҷодӣ дар маҷмӯъ 2647 чорабинӣ, аз ҷумла спектакл, консерт, барномаи сиркию театрикунонидашударо пешниҳод намудаанд, ки аз онҳо зиёда аз 700 ҳазор нафар тамошобинон баҳра бурданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки танҳо дар театрҳои касбии мамлакат 57 намоишномаи нав рӯи саҳна оварда шуд, ки нисбати соли 2013-ум 16 адад бештар мебошад.
Дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» намояндагони 13 кишвари дуру наздик ширкат варзиданд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар соли хониши 2014-2015 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии вазорат 1221 нафар дохил шудаанд. Аз ҷумла ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов 31 нафар, ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода 50 нафар, ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 208 нафар қабул гардиданд. Инчунин 67 нафар довталабон ба мактабҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, аспирантура ва курсҳои тайёрии соҳаи фарҳанги Федератсияи Россия дохил шуданд.
Соли гузашта барои таъмиру тармим ва барқарорсозӣ, корҳои илмию тадқиқотии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ беш аз 300 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Номбурда илова кард, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки имсол дар вилояти Суғд таҷлил мегардад, таҷлили бошукӯҳи 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имкониятҳои моддиву маънавӣ ва донишу малакаи аҳли соҳа равона мешаванд.
Х.АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»
Тасмим баҳри истифодаи мақсадноки интернет
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимов зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар 13 факултет ва 53 кафедра беш аз 383 нафар профессору омӯзгор фаъолият менамоянд. Соли таҳсили 2014-2015 тибқи квотаи Президентӣ 172 нафар ва дар асоси имтиёз се нафар ба шуъбаи рӯзона қабул гардидаанд. Инчунин 27 нафар донишҷӯи ятими кулл, аз ҷумла ҳафт нафар духтар ва 20 нафар писар таҳсил менамоянд.
Соли 2014 теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ ба 242 нафар расид, ки дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ таҳсил менамоянд.
Носирҷон Салимов ба ҳайси ректори нав- таъини донишгоҳ аз ҷумла гуфт, ки сохтори донишгоҳро омӯхта истодааст ва ӯро корҳои зиёд дар пеш аст.
-Донишгоҳ дорои матбаа мебошад ва ният дорем, ки таълими ғоибонаро бо таълими фосилавии ғарбӣ ба ҳам пайванд намоем. Чун имрӯз алоқаи электронӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фаъол асту аксари компютерҳо дар мактабҳои деҳот ба Шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст мебошанд, инро бояд истифода бурд. Бояд барои шуъбаи ғоибона китобҳои махсус дошта бошем, ки аз ҷониби донишгоҳ бо арзиши нисбатан паст фурӯхта шаванд,-гуфт Н.Салимов.
Х. Шарипов,«Садои мардум»