Назорати риояи қонунгузории замин пурзӯр шуд
Дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита Акбар Ятимзода роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаашон маълумоти муфассал дод.
– Фаъолияти Кумита ва сохторҳои он дар маҳалҳо ба иҷрои вазифаҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, корҳои баҳои замин, тадқиқоти чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ ва ғайра равона карда шудааст. Дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода мешавад,- гуфт дар оғози суханронӣ А. Ятимзода. Аз ҷумла зимни ченаки кишти пахта дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд маълум гардид, ки дар вилояти Хатлон дар майдони 114282 гектар пахта кошта шудааст, ки нисбат ба дурнамои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5718 гектар кам аст. Дар вилояти Суғд бошад, нисбат ба дурнамои вазорат 12308,14 гектар кам, яъне дар майдони 41841,86 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
Мавсуф инчунин зикр кард, ки Кумита дар давраи ҳисоботӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он пурзӯр намудааст. Дар натиҷа, аз ҷониби мақомоти идораи замини кишвар 6034 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд. Дар робита ба ин А. Ятимзода иброз дошт, ки сабабҳои асосии қонунвайронкуниҳо, пеш аз ҳама, надонистани қонунҳои соҳа мебошад ва дар ин бобат чорабиниҳо гузаронида мешавад.
Азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идораи замин ба ҳисоб меравад. Баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2015 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» мутахассисони Кумита дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13462 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавиро ташкил намуданд ва онҳо бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шаҳодатномаи саҳми замин таъмин карда шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Донишгоҳ дар ҷодаи рушд собитқадам аст
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ зимни нишасти матбуотӣ мухтасар перомуни фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки дар донишгоҳ Маркази тестӣ таъсис ёфта, дар як вақт 300 нафар донишҷӯ метавонанд тариқи мониторӣ санҷишу имтиҳонҳои ҷориро супоранд. Толори мазкур бо камераҳои назоратӣ ва дигар дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст ва бо итминон метавон гуфт, ки раванди баргузории имтиҳонот шаффоф аст. Дар идомаи нишаст ректори донишгоҳ иброз дошт, ки алҳол дар бахши рӯзона 5333 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 7150 нафар, ҷамъ 12483 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Айни замон дар донишгоҳ тибқи квотаи президентӣ аз манотиқи гуногуни кишвар 606 нафар таҳсил менамоянд. Донишгоҳ дорои 13 факултет, 44 кафедраҳои тахассусӣ, ҳашт кафедраҳои умумидонишгоҳӣ буда, дар онҳо аз рӯи 57 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2014- 2015 донишгоҳро 556 нафар донишҷӯ хатм карда, бо роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар шудаанд. Иттилоъ гирифтем, ки аз теъдоди умумии донишҷӯёни хатмкарда ба 28 нафар дипломи аъло дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар донишгоҳ аз кишварҳои хориҷӣ 192 нафар донишҷӯ дар бахшҳои гуногун таҳсил доранд. Донишгоҳ дорои боғи агробиолабораторӣ буда, он дар майдони 20,5 гектар доман паҳн кардааст. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи устодони донишгоҳ даҳ китоби дарсӣ, 50 дастури илмӣ — методӣ ва 560 мақолаи илмӣ ба нашр расида, нашри маҷаллаи нав бо номи «Навруста» шурӯъ гардид.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба нарасидани омӯзгорони фанҳои дақиқ, идомаи таҳсил дар зинаи магистратура, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, шаффофияти санҷишу имтиҳонот ва ғайра дахл намуда, ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Раҳмоналӣ Пардаалӣ, «Садои мардум»
Дар Хатлон пешравиҳо назаррасанд
Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барпо гардид.
Раиси вилоят доир ба иҷрои нақшаи андозҳо сухан ронда гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ онҳо 109,3 фоиз таъмин гардидаанд. Аз ин ҳисоб илова ба буҷет 29,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ба маблағи 541 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуданд.
Дар шаш моҳи соли 2015-ум 34192 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6603 ҷойи корӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216,8 миллион сомонӣ зиёд гардида, 108 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра 403 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 124,3 ҳазор тонна картошка, 139,1 ҳазор тонна полезӣ, 21,8 ҳазор тонна меваҷот, 247 тонна асал ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол шуд. То имрӯз дар 90 ҳазор гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳо то имрӯз дар вилоят 62 ҳазор адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шудаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 1912,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 498,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаш моҳ 21 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ташкил ёфта, 144 адад биною иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар поёни нишаст ба саволҳои хабарнигорон посух дода, изҳор намуд, ки дар ҳар як вақту соати барои қаламкашон мусоид омода аст бо онҳо мулоқот доир намояд.
Давлат Султонов, «Садои мардум»
Хадамот 114 нафар шахсони масъулро ҷарима кард
Сардори Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар Хадамот 1937 корхона ва 12621 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли равон аз тарафи ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 544 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки онҳоро 66 назорати комплексӣ, 249 назорати мақсаднок ва 225 назорати фаврӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани назорати техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилотҳо пешниҳодҳо бо дарназардошти камбудиҳои ҷойдошта дода шуда, барои бартараф кардани онҳо муҳлати муайян муқаррар гардид. Дар ҳамин давра 143 корхона ба қайд гирифта шуд.
-Барои ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият, барои надидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба роҳбарони 35 корхона пешниҳод оид ба қатъ гардидани фаъолият дода шудааст,- гуфт дар идома Раҳим Санъат Асо ва афзуд: Кормандони Хадамот шахсони масъули корхонаҳоро барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба маблағи 83120 сомонӣ ҷарима карданд, ки ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶСК «НБО Роғун», ҶДММ «Дебют» аз ҳамин қабиланд. Дар шашмоҳаи аввал дар корхонаҳои зериназоратӣ аз тарафи нозироти марказӣ – 95 ва нозироти комплексӣ – 91 ҷаласа гузаронида шуда, оид ба талаботи бехатарии саноатӣ, ҳифзи меҳнат ва фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» суҳбатҳо доир гардид.
Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Робитаҳои байналмилалӣ хуб роҳандозӣ шудаанд
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳайдар Одинаев оид ба фаъолияти нимсолаи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард, ки дар сохтори асосии донишгоҳ нуҳ факултет ва 49 кафедра амал намуда, аз рӯи 60 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр, мутахассис ва магистрҳо тайёр карда мешаванд. Инчунин Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе ва литсейи техникӣ зерсохтори ДТТ ба номи академик М. Осимӣ мебошанд.
Айни замон дар донишгоҳ 476 нафар устодон, ҳамчунин 126 нафар омӯзгорони ҳамкор ба 9145 нафар донишҷӯ илм меомӯзонанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳафт нафар устодони донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки робитаҳои байналмилалии донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, айни замон 57 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳсил доранд ва нуҳ нафарашон соли ҷорӣ донишгоҳро хатм кардаанд. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо панҷ донишгоҳи ИДМ шартномаи ҳамкорӣ баста, бо ду донишгоҳи Корея ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шудааст.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Самараи ислоҳоти кишоварзӣ баръалост
Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти кишоварзӣ ва таҷдиди 148 хоҷагии калонҳаҷм дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4104 хоҷагии нави деҳқонӣ — хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иттилоъ гирифтем, ки аз оғози сол то имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 179 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 21823 тонна сабзавот, 1209 тонна картошка, 46 тонна меваҷот, 14212 тонна ғалла, 14 тонна ангур истеҳсол шуда, 342 гектар боғоти нав бунёд гардидааст.
Раиси ноҳия дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар ин давра дар ноҳия ба миқдори 2166 тонна гӯшт, 17440 тонна шир, 26 миллион дона тухм, 184 тонна пашм, чор тонна асал, як тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст.
Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 142,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Зикр гардид, ки суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 110,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия чор корхонаи нави саноатӣ бо 60 ҷойи корӣ бунёд гардидааст. Айни ҳол дар ноҳия 89 корхонаҳои хурду бузург фаъолият доранд.
Қисми даромади Буҷети давлатӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 106,5 фоиз иҷро гардида, воридот 68,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 4,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Буҷети маҳаллӣ дар ин давра 103,9 фоиз иҷро гардидааст.
А. Салимзода, «Садои мардум»
Равобити байналмилалӣ нуфузи донишкадаро болотар бурд
- Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар нимсолаи аввали соли 2015 дар донишкада пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, — иброз намуд ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Қодиров Диловар Баҳридинович.
Бино ба гуфти мавсуф, давоми муҳлати зикршуда шумораи зиёди китобҳои дарсӣ аз рӯи фанҳои гуногуни таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардиданд, ки баҳри баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён мусоидат намуданд.
Татбиқи лоиҳаҳои гуногунҷанба дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки фаъолияташон ба соҳаи маориф рабт дорад, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба шумор меравад. Дар соли 2015 ин раванд дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Темпус ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Ин нукта дар нишасти матбуотии доирнамудаи роҳбарияти донишкада зикр шуд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки айни замон дар донишкада аз ИМА, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Туркманистон донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Норасоии кадрҳо бартараф мешавад
- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 аз рӯи 35 лоиҳа ба маблағи 5 113909 сомонӣ корҳои шартномавӣ, аз рӯи 73 лоиҳа дар ҳаҷми 6 733280 сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расонид, — зикр кард сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Хол зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки воҳидҳои сохторӣ дар ин давра корҳои пармакуниро ба миқдори 4141 метри тӯлонӣ, аз он ҷумла бо усулҳои роторӣ 1186 метри тӯлонӣ, колонковӣ 2317, зарбазании танобӣ 638 метри тӯлонӣ, инчунин корҳои рӯизаминиро дар хандақҳо 2921 м3, буришҳои геологӣ 2955 м3 ва сохтмони роҳҳо 6903 м3 иҷро намуданд. Ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар самти истифодабарии қаъри замин дар Шӯрои илмӣ-техникӣ 20 ҳисоботи геологӣ ва 12 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ баррасӣ шуданд.
Мавсуф дар идома гуфт, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба бастани қарордоди истифодабарии қаъри замин ба баррасии Комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 лоиҳаи қарордодро барои муайян намудани бонуси обунавӣ, кашфи тиҷоратӣ ва роялти ирсол намуд. Дар давраи ҳисоботӣ бо 34 ширкат дар маҷмӯъ, ба маблағи 13 007 224 сомонӣ қарордод оид ба пардохти бонуси обунавӣ ва кашфи тиҷоратӣ баста шуда, фоизи пардохти роялти барои ҳар як истифодабарандаи қаъри замин дар алоҳидагӣ муайян карда шуд.
Барои пешрафти кор ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон 17 нафар кормандони ҷавони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои Финландия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуданд. Айни ҳол дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти норасоии кадрҳо мавҷуд буда, барои рафъи ин ҳолат соли равон 12 нафар корманди ҷавон ба кор қабул гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Палата саҳмгузори рушди иқтисодиёт мебошад
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова дар оғози нишасти матбуотӣ, пеш аз ҳама, аз хабарнигорон изҳори миннатдорӣ кард, ки онҳо зимни баргузории тамоми чорабиниҳое, ки аз ҷониби Палата ташкил карда мешаванд, фаъолона ширкат меварзанд.
Айни ҳол қариб 700 нафар соҳибкор аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар натиҷаи ширкат дар бизнес — форумҳо, мулоқотҳо бо соҳибкорону тоҷирони кишварҳои хориҷӣ, намоишгоҳ-ярмаркаҳо доираи фаъолияти онҳо васеътар гардида, роҳҳои нави ҳамкориҳоро пайдо менамоянд. Зикр гардид, ки имрӯз иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе сармоягузории хориҷӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Яке аз омилҳои дохил шудани сармоягузор ба бозори Тоҷикистон ин мавҷудияти шароит барои ҳалли баҳсҳои тиҷорати байналмилалӣ дар ҳолати пайдо шудани онҳо мебошад. Дар робита ба ин, мавсуф аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ёдовар шуд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баҳри дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳо, пайванди соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар 198 маротиба суҳбату мулоқотҳо доир карда шуд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо барои бунёди корхонаҳои муштарак, ворид намудани техникаю технологияҳои наву замонавӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногун, муҳайё намудани заминаи мусоид барои таҳкими савдои озод як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд.
Дар ин замина, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили ярмарка-намоишгоҳҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо иқдоми Палата ва дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор 22 намоишгоҳ — ярмаркаҳо ташкил карда шуд. Аз ҷумла 18 — 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, ки дар он 50 ширкатҳои маъруфи музофоти зикргардида молу маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар фарҷом Манзура Рустамова ба саволҳои хабарнигорон посух дод.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
«Тоҷикстандарт» 315600 сомонӣ ҷарима баст
Даҳуми июли соли равон нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) баргузор гардид. Директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли равон бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир, ҳамзамон баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат татбиқи «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» идома ёфта, дар асоси нақшаи барномаи мазкур дар 15 корхонаи истеҳсолӣ тибқи феҳристи Барнома низоми идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар самти иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла зикр гардид, ки давоми шаш моҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ 3308 субъекти хоҷагидор аз санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо гузаронида шуда, барои вайрон кардани қоидаҳо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 156 ҳолат ба қайд гирифта, ба маблағи 315600 сомонӣ қарорҳо оид ба бастани ҷаримаҳо бароварда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 70,5 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 3,4 тонна равғани растанӣ, 17,3 тонна маҳсулоти макаронӣ, 2832,8 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 35590,6 дал (як дал баробар ба 10 литр аст) нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 84,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 11 тонна маҳсулоти ширӣ, 17,5 тонна консерваҳо, 42,4 тонна меваю сабзавот ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз нав коркард ва нобуд карда шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Таҳкимбахшии заминаи ҳуқуқии соҳа идома ёфт
– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015, тибқи нақшаҳои корӣ, фаъолияташро дар таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳа идома дода, дар баробари ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ барои тақвият бахшидан ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуд.
Айни замон зиёда аз 20 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 барномаи миллии соҳавӣ вобаста ба тандурустӣ татбиқ гардида, дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ шуда истодаанд,- гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 дар муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», «Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» ва Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» дар маҷмӯъ 625 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 672 амалиёти антиография ва 161 амалиёти стентгузорӣ, дар муассисаҳои тиббии кишвар ба 115 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ва буғуми сунъӣ ва дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба 33 нафар беморон амалиёти пайвандсозии гурда ва ба ду нафар бемор пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.
Нусратулло Салимзода дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ зикр кард, ки дар ин давра бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо, тоун, лептоспироз ба қайд гирифта нашудаанд, зеро нишондиҳандаҳои бемориҳои тавассути об гузаранда, бо ваксина идорашаванда, бемориҳои шадиди роҳи нафас ва аз ҳайвонот ба одам гузаранда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 паст буда, аз натиҷаи чорабиниҳои зиддиэпидемикии саривақтӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар рафти нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои он, директорони марказҳои миллии табобатӣ ва сардухтурони беморхонаҳои марказии чанде аз шаҳру ноҳияҳо ба суолҳои сершумори хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ посух гуфтанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Сифати хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар гардид
Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъмини истифодабарандагон бо оби тозаи нӯшокӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» маҳсуб меёбад. Зимни нишасти матбуотӣ директори генералии он Исломзода Алимурод Тағоймурод гуфт, ки баҳри иҷрои ин вазифаҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Натиҷаҳои дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бадастомада аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Дар ин муддат корхонаҳои зертобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 56 миллиону 896,1 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 21,5 фоиз афзудааст. Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ бошад, ба маблағи 14 миллиону 747,6 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки баробар ба 104 фоизи иҷрои нақша мебошад. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ кашонидани партовҳо 105 фоиз иҷро шуд.
Бо мақсади зебою кабудизор гардонидани симои шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои соҳа дар гармхонаҳо 471900 дона гулҳои ҳархела, 819100 дона қаламчаи гулҳои садбарг, 19900 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ парвариш карданд.
Барои иҷрои талаботи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008 -2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 таҳти №514 тасдиқ шудааст, дар нимсолаи якуми соли 2015 дар шаҳру маркази ноҳияҳои кишвар аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба ин мақсад 41 миллиону 871,8 ҳазор сомонӣ равона гардид.
Табиист, ки барои анҷом додани корҳое, ки ба нақша гирифта шудаанд, маблағҳои зиёд заруранд. Бинобар ин, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии коммуналӣ ва бо оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии шаҳру ноҳияҳо лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ месозад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ босамар буд
Корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар шаш моҳи соли 2015 фаъолияти босамар бурда, ба маблағи беш аз 530 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 107,4 фоизро ташкил дод.
Дар ин бора раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлубахон Амонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти номбурда, давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони шаҳр панҷ корхонаи хурду миёна ва сехҳои истеҳсолӣ, ба монанди ҶДММ «Дӯстон-1», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар заминаи ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Боғи Фирдавс», ҶДММ «Суғд кабел» ва корхонаи маҳсулоти нимтайёр дар заминаи осоишгоҳи «Баҳористон» роҳандозӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ 18 корхонаҳои саноатӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ барзиёд таъмин намуданд.
Мавсуф зимни таҳлили соҳаи маориф иброз намуд, ки дар ин давра тибқи квотаи президентӣ 15 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуда, айни замон ду нафар гирандагони идрорпулии президентӣ ва 25 нафари дигар гирандагони идрорпулии раиси шаҳр мебошанд.
Дар шаш моҳи соли 2015 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум 495 аризаи шаҳрвандон ворид гардидааст, ки аз ин шумор 190 ариза ба таври мусбӣ ҳал гардида, ба 200 ариза шарҳу эзоҳ дода, 40 ариза мавриди баррасӣ қарор доранд. Масъалаи асосие, ки дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум қарор дошт, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани сокинони шаҳр буд.
- Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 403 оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қитъаи замин ҷудо карда шуд, — гуфт дар поёни нишасти матбуотӣ Сатториён Матлубахон Амонзода.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»