Аз нишастҳои матбуотӣ

№93-96 (3078-3081) 29.07.2013

Ҳамрохон ЗАРИФӢ: Робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ густариш ёфтанд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 дар фаъолияти  вазорат, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории соҳа ба роҳ монда шуда буд, навгониҳои муҳиме арзи вуҷуд намуданд. Ин, пеш аз ҳама, аввалин вохӯрии Президенти        Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ дар хориҷа, инчунин собиқадорони соҳаи хизмати дипломатӣ мебошад, ки дар доираи маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гашт.

- Дар ин ҳамоиш, -идома дод ӯ,- Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба кормандони соҳаи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ироа гашт, ки дар он фаъолияти соҳа аз оғози со-ҳибистиқлолии кишвар то давраи ҳозира  натиҷагирӣ карда шуда, дурнамои сиёсати хориҷӣ ва вазифаҳои сохторҳои татбиқсозандаи он барои марҳилаи миёнамуҳлати минбаъда муайян карда шуд. Бо дарназардошти дигаргуниҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои машваратӣ оид ба сиёсати хориҷӣ гузошта шуданд.

Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи бинои нави вазорат, инчунин нишасти кории муштараки сарони намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд. Дар рафти нишаст масъалаи ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти мазкур ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати хориҷии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар раванди густариши муносибатҳои байналмилалии кишвар сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ ва боздидҳои ашхоси расмии кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон, баргузории мулоқоту гуфтушунидҳо дар сатҳҳои гуногун нақши муҳим доштанд. Аз ҷумла сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –сафарҳои давлатӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Давлати Кувайт, сафарҳои расмӣ ба Шоҳигарии Белгия (ҷиҳати мулоқот бо роҳбарони мақомоти олии Иттиҳоди Аврупо), Таиланд ва Қирғизистон, сафарҳои корӣ ба Туркманистон (ҷиҳати иштирок дар маросимҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон- Афғонистон- Тоҷикистон) пурмаҳсул сурат гирифта, ба заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ –шартномавии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон тавсеа  ва тақвияти бештар бахшиданд.

Дар ин давра зиёда аз 50 ҳайати  гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Тайи давраи сипаригашта дар шаҳри Душанбе якчанд чорабинии муҳими байналмилалӣ,  ба мисли ҳамоиши 11 –уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳамкории Осиё (28-29 март) ва вохӯрии 38-уми Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд (18- 22 май) доир гаштанд.

Дар ҳошияи чорабиниҳои мазкур мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо роҳбарони воломақоми ҳайатҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии иштирокдори ин ҳамоишҳо баргузор гаштанд.

Дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҷумҳурӣ дар ин давра 51 шартномаву созишнома ва дигар санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расиданд, ки  ба рушд ва таҳкими робитаҳои сиёсӣ, алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва     гуманитарии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ нигаронида шудаанд.

Ҳамрохон Зарифӣ ҳамзамон мавзуъҳои  дарбаргирифтаи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро  бо мамолики хориҷ бо тафсил шарҳ дода, ба суолҳои сершумори хабарнигорон ҷавоб гуфт.

 Н.СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»

  

Барои паст кардани фоизи қарзҳои ипотекӣ пулҳои «дароз» лозиманд

-Бинобар кам гардидани  фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ дар нимсолаи аввали соли равон, рушди муътадили  иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат ба мушоҳида расид,- иброз дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.

Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар ин давра ба 15,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Меъёри таваррум тӯли  шаш моҳ ба 1,6 фоиз баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи як сол пеш 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.  Дар 12 моҳи охир таваррум ба 5,5 фоиз баробар шуда, нисбати  ҳамин давраи соли қаблӣ 0,9 банди фоизӣ зиёд аст.

Қурби расмии пули миллӣ дар ин давра тағйирёбии муътадил дошт. Низоми бонкӣ рушд ёфта, шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар  интиҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 143 адад, аз ҷумла 16 бонк, 37 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд ва 46 фонди қарзии хурд расид.

Пасандозҳо дар бонкҳо афзуда, ба 5,2 млрд. сомонӣ баробар шуд, аз ҷумла пасандозҳои шахсони воқеӣ 20,1 фоиз зиёд гардида, 3,3 млрд. сомониро ташкил  намуд.

Қисмати бештари вақти барои нишасти матбуотӣ ҷудошуда аз саволу ҷавоб иборат буд ва рӯзноманигорон имкон  ёфтанд, ки доир ба паҳлуҳои гуногуни  низоми бонкии мамлакат саволҳо матраҳ намоянд ва посухҳои қаноатбахш гиранд.

Махсусан саволҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҶСК «Агроинвестбонк», роҳҳои паст кардани сатҳи фоизи қарзҳои бонкӣ, аз ҷумла қарзҳои ипотекӣ, захираи тилло ва арзи  хориҷии  тасбит ва монанд ба ин, ҳамчунин ҷавобҳо ба ин суолҳо аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон басо қобили таваҷҷуҳ ва  мароқовар буд.

-Барои паст кардани фоизи қарзҳои ипотекӣ барои мо пулҳои «дароз» лозиманд. Яъне, маблағҳои озоде заруранд, ки  соҳибонашон дар як ё ду сол онро  бозпас  талаб намекунанд. Ба ин мақсад маблағҳои нафақавӣ ва суғуртавиро  истифода кардан мумкин аст, вале барои ин системаи нафақа ва суғуртаро такмил ва рушди онро  таъмин кардан лозим мебошад,- гуфт аз ҷумла Абдуҷаббор Ширинов.

 Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум» 

Ҳолати 5184 гектар замин беҳтар шуд

Дар нишасти матбуотии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ташкилоту корхонаҳои зертобеи вазорат ба 9008 хоҷагиҳо барои обрасонӣ шартнома имзо карда, мувофиқи дархост ба истифодабарандагон дар ҳаҷми 1906,4 млн. метри кубӣ об бо арзиши 30,8 млн. сомонӣ  расонидаанд. Муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов иброз дошт, ки вазорат мувофиқи шартнома уҳдадориҳои худро пурра иҷро намудааст, аммо аз ҷониби истифодабарандагони об ҳаққи хизматрасонӣ пурра пардохт нашудааст. Аз ин сабаб, қарзи вазорат дар назди дигар идораву корхонаҳо сол то сол афзоиш меёбад. Қарзи умумии корхонаҳои зертобеи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик»  217,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Инчунин номбурда афзуд, ки баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 №612 «Дар бораи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» соли равон ба нақша гирифта шудааст, ки ба маблағи 6769 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ дар масоҳати 9670 гектар замин гузаронида шавад. Дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории пешбинишуда ба маблағи 4251 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, дар масоҳати 5184 гектар ҳолати замин-ҳо беҳтар карда шудааст, ки мутаносибан 63 ва 54 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар доираи  «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» соли равон азхудкунии 515 гектар замини нав пешбинӣ шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

 

Қонуншиканиҳо пешгирӣ ва бартараф мегарданд

-Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2013 вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 2900 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 9948 санади эътиноии прокурорӣ баровард. Дар натиҷа, 12566 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 1207 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 383 парвандаи ҷиноятӣ оид ба қонунвайронкунии замин ва 237 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта оғоз карда шуд. Ҳамзамон ба маблағи 154,2 млн. сомонӣ ва 35200 доллари амрикоӣ зарар ошкор гардид, ки 139 млн. сомонии он барқарор, аз ҷумла 89 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Ба ғайр аз ин, 2134 сар чорво барқарор карда шуд,- гуфт дар  нишасти матбуотӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Салимзода Шерхони Одина.

Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» 167 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 466 санади эътиноии прокурорӣ интишор гардид, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 321 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 34 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  карда шуд.

Дар нимаи аввали соли 2013 ҳамагӣ 10361 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 957 ҷиноят ё 10,7 фоиз зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 86,9 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра нисбати 158 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид ва онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Кормандони прокуратура дар рафти баррасии судии 3443 парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, оид ба бекор ва ба талаботи қонун мутобиқ намудани қарорҳои ғайриқонунии судҳо 259 эътироз оварданд, ки 232 ададаш баррасӣ гардида, аз онҳо 155 адад қонеъ карда шудааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 

Риояи қонунгузории замин мувофиқи матлаб нест

-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6191 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор  гардидааст, ки  нисбати 5239 ҳолат дастур, нисбати 3886 ҳолат протокол ва нисбати 3908  ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул ва ба маблағи 1303765 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Барои чораҷӯйӣ 347 мавод ба прокуратура, 443 мавод барои бо таври маҷбурӣ  ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол  гардида, 3648 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст, — гуфт раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳматоир Зокиров дар нишасти матбуотӣ. Мавсуф  дар идомаи гузориши хеш афзуд, ки дар ин давра лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани номгӯйи истифодабарандагони замин ва масоҳати заминҳое, ки аз пардохти андози замин ва андози ягона озод карда мешавад» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани натиҷаҳои баҳои замини хоҷагиҳои ноҳияи Фархори вилояти Хатлон» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани  меъёрҳои андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли 2013» тартиб дода, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд, ки аввалӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, дуввумӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.

Раиси кумита ҳамзамон ба хабарнигорон дар бораи маблағгузории Вазорати молия, корҳои ба субутрасида, хароҷоти маблағҳо, иҷрои корҳои  топографӣ- геодезӣ, харитасозӣ ва хариди таҷҳизоти зарурӣ, аттестатсияи кадрҳо, корҳои хайриявии  суратгирифта маълумот дод.

Н.СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»

 

Мушкилоти хобгоҳ рафъ гардид

Натиҷаи фаъолияти нимсолаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори ин муассисаи таълимӣ профессор Раҷабмад Амиров дар ҳузури рӯзноманигорон натиҷагирӣ шуд. Тибқи гуфтаи ӯ, дар хобгоҳи донишҷӯён, ки қаблан шахсони  ба консерватория  ягон муносибат надошта зиндагӣ мекарданд ва онҷоро тарк кардан намехостанд, бо қарори суд онҳо аз хобгоҳ бароварда шуданд. Номбурда дар идома афзуд, ки феълан ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи баровардани даҳ оила аз хобгоҳ аризаи даъвоӣ фиристода шудааст. Хобгоҳ таъмири капиталӣ мешавад ва минбаъд пурра ба ихтиёри донишҷӯёни  ниёзманд супорида мешавад.

Инчунин норасойии асбобҳои мусиқӣ, хусусан созҳое, ки  барои иҷрои мусиқии касбӣ ба пешрафти кори донишҷӯён монеа эҷод мекунад, яке аз масъалаҳои рӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Дар робита ба ин мавзуъ  ректори консерватория  Р. Амиров иттилоъ дод, ки масъулини ин муассисаи таълимии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ба маҳалҳо рафта, аз мардум созҳои мусиқии ба талабот ҷавобгӯро харидорӣ намоянд. Мавсуф иброз дошт, ки имсол аз аҳолии кишвар шаш фортепианно харидорӣ  шуд. Ҳамзамон тавассути донишҷӯён аз Ҷумҳурии Исломии Эрон якчанд навъи асбобҳои мусиқӣ ба консерватория оварда шудааст.

 Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд

-Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар шашмоҳаи аввал ба 969 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1132 ҳуҷҷатҳои хусуси-ятҳои ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

34 санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмиро аз Кумитаи андоз, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта, бақайдгирии 60 санади меъёрии ҳуқуқиро рад намуд,- гуфт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Менглиев дар нишасти матбуотӣ.

-Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуд-ҳои фаъолият» ба ҳашт нафар ҳуқуқшинос барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода шуд, ки аз ин шумора муҳлати амали иҷозатномаи ду нафар адвокати ваколатдор  дароз карда шуд. Ҳамзамон додани иҷозатнома  ба панҷ нафар довталаб бинобар ҳозир нашудан ба комиссия ва насупоридани имтиҳони тахассусӣ рад карда шуд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 297794 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин фаъолият ба буҷети давлатӣ 20030209 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3384 871 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар тӯли шаш моҳи соли равон 218856 аснод, аз ҷумла 96917 сабти таваллуд, 42151 сабти ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ  62 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 5736 шартномаҳои гаравро ба қайди давлатӣ гирифтанд.

Ба Маркази ҷумҳуриявии  санҷишгоҳи судӣ ва  криминалистӣ дар давраи ҳисоботӣ 2216 мавод ворид гардид, ки ба 2138 -тои онҳо хулосаи ташхиси судӣ ва криминалистӣ дода шуд.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ як маротиба озмун барои ишғоли  мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа даҳ нафар довталабон ба мансабҳои холии иҷрочиёни суд ба кор  қабул гардиданд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 

Пинҳонкунии андозҳо — 185,7 млн. сомонӣ

Муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюб Солиев фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2739,6 миллион сомонӣ ворид шуд. Ҳолати иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра дар ВМКБ 113,5 фоиз, вилояти Хатлон 103 фоиз, вилояти Суғд 107,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 95,6 фоиз мебошад. Инчунин номбурда афзуд, ки: «Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбат ба фаъолияти 4144 андозсупорандагон санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд, ки дар натиҷа ба маблағи 185,7 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз он 105,1 миллион сомониаш ба буҷет дохил карда шуд». Баъди дар амал татбиқ намудани Кодекси нави андоз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби масъулин беш аз 1130 семинар-машварат гузаронида шуд.  Дар охир рӯзноманигорон бо саволҳои зиёд ба масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намуданд, ки бештараш ба Кодекси нави андоз       тааллуқ дошт. А.Солиев ва дигар масъулин афзалияти Кодекси нави андозро фаҳмониданд. Вобаста ба эълони зиёди дар рӯзномаҳо бобати қатъ кардани фаъолияти соҳибкории соҳибкорон чопшуда, масъулин ба он назаранд, ки вақте соҳибкор фаъолияти соҳибкориашро дар як намуди фаъолият қатъ мекунад, ин маънои онро надорад, ки пурра аз фаъолияти соҳибкорӣ даст кашидааст.

Ш.  АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

 Натиҷаҳо назаррасанд, вале…

 Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хороҷӣ  иштирок доштанд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бораи дастовардҳои муҳимтарини хоҷагии халқи вилоят дар шашмоҳаи аввали  соли 2013, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин давра, шуъбаю сохторҳои он маълумот дод. Маълум гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳ 109,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 458, 8 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 113 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2013 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи  1808835,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум зиёд аст.

Дар ин давра  ҳаҷми истеҳоли маҳсулоти хӯрокворӣ 114,1 фоизро ташкил намуд, ки он аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ 35,1 фоиз, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 26,4 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 23,5 фоиз, макарон 21,4 фоиз, оби маъданӣ 11,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 5,9 фоиз, орд 5,2 фоиз афзудааст.

Дар шаш моҳи аввали соли 2013 сармоягузории  сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 419537,5 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба сатҳи моҳҳои январ-июни соли 2012-ум 147,4 фоиз (бо нархҳои муқоисавӣ) мебошад.

Барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 140054,2 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 33,4 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

-Дар ин давра дар соҳаҳои нақлиёт, бозори меҳнат ва музди меҳнат, иқтисоди хориҷӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дастоварду пешравиҳо кам нестанд, вале онҳо моро ҳанӯз қонеъ намекунанд,- гуфт раиси вилояти Суғд дар хотимаи гузориши худ.

  Ҳусейни  НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»

 

 Бехатарии парвози тайёраҳо таъмин аст

-Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» имрӯз ба 191 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ хизмат мерасонад, ки аз он 23 ширкат парвозҳои доимиро анҷом медиҳанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхона ба 32734 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешниҳод намуд,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Махсудов. Вай дар ин замина иброз дошт, ки иҷрои барномаҳои истеҳсолии корхона ба пешрафти нишондиҳандаҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор мусоидат намуд.

Дар нимсолаи аввали соли равон даромади умумии муассиса 25 432,63 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,54 фоиз зиёдтар аст.

Пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  нимсолаи аввали соли  2013-ум  8 423 187 сомониро ташкил  дод.

Дар ин давра чун ҳарвақта ба таълиму тарбияи ҳирфавии мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аҳамияти махсус дода шуда, барои таҳсили мақсадноки донишҷӯён  ва  такмили    ихтисоси   мутахассисон 133651 сомонӣ сарф гардид. Дар маҷмуъ, 74 нафар мутахассисони корхона барои такмили донишу маҳорати худ таълим гирифтанд. Таълиму тадрис дар заминаи филиали Сибирии Донишкадаи аэронавигатсияи шаҳри Красноярски Федератсияи Россия, Маркази таълимии «АЛМОНД»-и шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия, таълимгоҳи ширкати «Фрекувентис»-и шаҳри Венаи  Ҷумҳурии Австрия  ва МТА КВД «Тоҷикаэронавигатсия» гузаронида шуданд.

-Вазифаи асосии мо таъмини бехатарии парвози тайёраҳо дар ҳудуди ҳавоии кишвар мебошад, ки он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст,- таъкид кард А. Махсудов.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 

 

Даромадҳои маҳаллӣ афзуд

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат оид ба натиҷаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2013 нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишаст якбора аз суолу ҷавоб оғоз ёфт.

Аз ҷавобҳои раиси шаҳр Анвари Вайсиддин ва дигар масъулон маълум гардид, ки дар ин ҷо барои ба низом овардани бозорҳо, хизматрасонии нақлиёт корҳои зиёде анҷом дода шуда бошад ҳам, ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда бисёранд. Дар иртибот ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон А. Вайсиддин гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба унвони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 5427 адад арзу дархостҳои шаҳрвандон ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 871 адад зиёд аст. Аз ин шумора 2114 адад ариза ба масъалаи манзил тааллуқ доранд. Барои ҳалли масоили рӯзгори мардум ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби раиси шаҳр ва рӯзҳои сешанбею ҷумъа аз тарафи муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва мудирони бахшу шуъбаҳо қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.

Тавре маълум гардид, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр дар шаш моҳи аввали соли равон натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд. Ба 59 миллиону 206 ҳазор сомонӣ расидани ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ (113 фоиз),  35 миллиону 57 ҳазор сомонӣ истеҳсоли маҳсулот аз рӯйи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба маблағи 178 миллиону 194 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардидани маҳсулоти умумии кишоварзӣ ( нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,2 фоиз зиёд),  бунёди иншооти зиёди  маъмурию маишӣ ва хонаҳои истиқоматӣ далели ин гуфтаҳост.  Фаъолияти кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ низ назаррас аст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 

Соҳаи чорводорӣ рушд меёбад

Раиси ноҳияи Варзоб Акбар Ятимов оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи соли 2013 иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки тайи ин муддат дар ҳама самтҳо пешравиҳо назаррасанд. Ба буҷети ноҳия  панҷ миллиону 442939 сомонӣ ворид  гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 зиёд аст.

Акбар Ятимов зикр кард, ки фаъолияти кишоварзони ноҳия нисбати соли 2012-ум назаррас буда, дар ҳама сохторҳои  хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7 фоиз боло рафт. Соҳаи чорводорӣ рушд ёфта, чорвои калон  1447 сар ва чорвои майда 1761 сар зиёд шуд. Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ тараққӣ карда, ба 1 июли соли равон дар ноҳия 4109 оила занбӯри асал  мавҷуд аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 500 оила зиёд мебошад.

Беҳбудӣ дар тозагии маркази ноҳия, қад-қади шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва соҳили дарёи Варзоб ба чашм мерасад. Дар ин самт  кӯмаки аҳолии ҷамоатҳои деҳоти «Варзоб-қалъа», Чорбоғ, ба номи С. Айнӣ беандоза аст. Ҳамзамон кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия барои тозаю озода нигоҳ доштани нуқтаҳои номбурда назоратро пурзӯр намуда, дар иншооти дар ҳудуди ноҳиябуда сари вақт санҷишҳо гузаронида, хулосаҳои санитарӣ медиҳанд.

Раиси ноҳияи Варзоб  Акбар Ятимов дар поёни нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба сохтмони биноҳои нав, бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқи обӣ  дар дарёи  Варзоб, иншооти маданиву маишӣ, хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ ва истиқоматӣ посух дода, аз иштироки рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ намуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

 

Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур гуфтаанд, аммо…

Ҳамсоякишвари мо корҳоеро анҷом медиҳад, ки  ҳам ба мо  зарар меорад ҳам ба худаш. Чунончӣ, бинобар сабаби таҳримҳое, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон раво дидааст, танҳо давоми шаш моҳи аввали соли равон  ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 15 миллион доллари амрикоӣ зарар овард. Зиёни худи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ аз ин амалҳои хеш кам нест.  Вобаста ба ин мушкилот, тавре  сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, мо ба кишвари ҳамсоя хеле зиёд нома ирсол кардем, гуфтушунид намудем, аммо айни ҳол натиҷаи дилхоҳ надодааст.  Ин масъала ва ҳамзамон сохтмони роҳи оҳан миёни Туркманистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон, вазъи корҳо дар бунёди роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон, тадбирҳои нисбат ба беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандон андешидаи корхона ва ғайра  мавриди таваҷҷуҳи  хабарнигорон қарор дошт.

Ба ҳамаи саволҳо А. Ҳукуматулло  ва роҳбарони бахшҳою мутахассисони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  ҷавобҳои возеҳ ва муфассал доданд.

Дар мавриди натиҷаҳои шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» се миллиону 315 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 779 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2009-ум се миллиону 474 ҳазор тонна кам мебошад. Боркашонии транзитӣ 928 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 515 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2009-ум се миллиону 371 ҳазор тонна кам шудааст.

Содироти молҳои хоҷагии халқ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор тонна зиёд буда, воридоти маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 ҳазор тонна кам шудааст. Дар давоми нимсолаи якум бо қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 118 ҳазору  817 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шудааст, ки 54,3 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Парки локомотивҳои кишвар мунтазам бо мошину техникаҳои нав пурра мегардад. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» се тепловози нави маневрии истеҳсоли Заводи мошинсозии Брянск, 150 вагони нави боркаш ва 15 вагони мусофирбар харидорӣ карда шуд. Дар робита ба беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандон А. Ҳукуматулло иброз намуд, ки барои онҳо дар моҳи шарифи Рамазон картошка, пиёз, гӯшт, шакар ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархи аз бозор 30-35 фоиз арзонтар дастрас намудем.

 К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»

 

Дар ҷумҳурӣ барӯйхатгирии  кишоварзӣ гузаронида мешавад

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 17 маҷмуа, 106 бюллетен, 19 маълумот, 47 гузориш, 82 иттилооти фаврӣ,  ҳамагӣ 5112 кори омориро ба анҷом расонид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Бахтия Муҳаммадиева.

Тибқи нишондодҳои оморӣ корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 4456,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 106,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ин давра дар ҳама категорияҳои хоҷагӣ 3845,4 миллион сомониро ташкил дод.

Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки то 1 июли соли 2013 шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда 294,1 ҳазор ададро ташкил намуд, аз он ҷумла тибқи «Равзанаи ягона» 287,7 ҳазор адад субъектҳо, ки аз онҳо 253,5 ҳазор ададашон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуданд, фаъолият мекунанд.

- Бо мақсади муайян намудани санаи барӯйхатгирии кишоварзӣ агентӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро омода намуд.  Тибқи лоиҳа гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қаламрави мамлакат аз 15 ноябр то 15 декабри соли 2013 ба нақша гирифта шудааст. Бо назардошти маҳдуд гаштани рафтуомад дар фасли зимистон ба минтақаҳои дурдасти куҳистони ҷумҳурӣ гузаронидани барӯйхатгирӣ пеш аз муҳлати асосӣ, яъне аз 15 сентябр то 15 октябр дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт, Варзоб, ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд, ноҳияҳои куҳистони вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, — гуфт Б. Муҳаммадиева.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»

 

 Сафарҳои ғайрирасмии ҳунармандон ба танзим медарояд

Зимни нишасти матбуотӣ  вазири  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр намуд, ки дар ин давра муассисаҳои нашриявии вазорат дар маҷмуъ 80 номгуйи китоб бо теъдоди умумии 160 000 нусха адабиёти бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои аёниро бо  маблағи умумии зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ ба табъ расониданд. Соли равон ҷилди дуюми «Энсиклопедияи миллии тоҷик» бо теъдоди 5000 нусха ба дасти хонандагон расид. Дар назар аст, ки то охири сол  ҷилди сеюми «Энсиклопедияи миллии тоҷик» низ ба табъ расад.

Масъалаи дигаре, ки дар нишаст мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  са-фарҳои ҳунармандон ба кишварҳои хориҷа»  мебошад.  Лоиҳаи мазкур,  ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ҳоло мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад. Тавре иттилоъ дода шуд, аксарияти ҳунармандон ғайрирасмӣ ва дар алоҳидагӣ  барномаҳои консертии худро бе иҷозат ва қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хориҷ аз кишвар мегузаронанд. Яъне, сарфи назар аз он ки ҳунармандон дар ин консертҳо Тоҷикистон ва фарҳангу ҳунари тоҷикро муаррифӣ мекунанд, вале аз мазмун ва муҳтавои барнома ва саҳнаоройии онҳо масъулин огоҳии комил надоранд.

 Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»