Пардохти нафақаи 6538 нафар қатъ гардид
- Қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 бо назардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо, 1 миллиарду 7,3 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки 92,4 фоизи нақшаи пешбининамударо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 62,8 миллион сомонӣ (6 фоиз) афзоиш ёфтааст, — зикр кард муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Файзулло Неъмат зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби Агентӣ барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми 918 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, маблағи пардохтнагардидаи нафақа ба ҳолати 6 июли соли ҷорӣ 27,4 миллион сомониро ташкил менамояд, ки он аз рӯи реҷаи тасдиқгардида то 20 июл пурра маблағгузорӣ мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди умумии нафақагирон ба ҳолати якуми июли соли 2015 дар ҷумҳурӣ 621295 нафарро ташкил медиҳад. Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки 57256 нафар гирандагони нафақаи маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббию иҷтимоӣ гузаронида шуданд, ки аз ин теъдод гурӯҳи маъюбии 43551 нафар тасдиқ шуд. 3591 нафар аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигари маъюбӣ гузаронида, нафақаашон вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ аз нав ҳисоб гардидааст. Дар ин росто, зимни муоинаи такрорӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи маъюбии 8885 нафар тасдиқи худро наёфт. Аз ин шумора 2347 нафар ба нафақа аз рӯи синну сол гузаронида шуда, пардохти нафақаи 6538 нафари дигар пурра қатъ гардид. Зикр шуд, ки айни замон пардохти нафақаи 59,3 фоизи нафақагирон тариқи кортҳои пардохтӣ ба роҳ монда шудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Омилҳои манфӣ ба иҷрои нақша таъсир расониданд
- Мутобиқи маълумоти фаврии омори гумрукӣ, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 маблағи 2 миллиарду 5,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 563,4 миллион доллар кам мебошад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 1574,8 миллион доллар ба воридот ва 430,3 миллион доллар ба содирот рост меояд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб.
- Омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба гардиши тиҷорати хориҷӣ дар давраи соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 нишон медиҳад, ки фазои фаъолияти соҳибкории кишвар раванди ноустувор касб намудааст. Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба воридот ва фурӯши молу воситаҳои нақлиёт машғуланд, бинобар гаронии андозҳо ва зуҳур ёфтани як қатор монеаҳои сунъӣ нисбати транзити молу воситаҳои нақлиёт дар давлатҳои ҳамсоя, фаъолияти худро ба дигар самтҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ, равона намудаанд, — афзуд сардори Хадамоти гумрук.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ масъалаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мубрам боқӣ монда, якчанд омилҳои ба тиҷорати хориҷӣ таъсирбахши манфӣ ба иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ таъсир расониданд. Чунончӣ: таъсири таҳримоти Ғарб ба иқтисодиёти Федератсияи Россия, ноустувории қурби асъори миллӣ, мушкилиҳо дар самти транзити мол ва сиёсати тарифии хизматрасониҳои роҳи оҳани баъзе кишварҳои ҳамҷавор, тағйир ёфтани сиёсати андозию гумрукии кишварҳои ҳамсоя ба тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷаи таъсири омилҳои зикршуда кам ворид гардидани молу воситаҳои нақлиёт, тақрибан 320-330 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нашуд. Умуман, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 ба Буҷети давлатӣ 1646,5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки 81,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Абдуфатоҳи Ғоиб дар идомаи нишаст ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон посух гуфта, таъкид намуд, ки кормандони соҳа барои иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон ҳамаи маҳорат ва малакаи касбиашонро пурсамар истифода хоҳанд кард.
А. МУРОДОВ, «Садои мардум»