Дар яке аз толорҳои бинои терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти якҷояи матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор гардид. Чанде пеш дар заминаи ин ду муассиса Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Айни ҳол корҳои ташкилии сохтори нав ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷараён дошта, муассисаҳои зикргардида ҳар кадом таври алоҳида роҷеъ ба фаъолияти хеш дар нимсолаи аввали соли 2015 маълумотнома пешниҳод карданд.
Нишасти матбуотӣ аз оғоз то анҷом тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов, муовини директори генералии ҶСК«Тоҷик Эйр» Икромхон Мавлонов ва дигар масъулон ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух доданд.
Аз маълумотномаи аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» пешниҳодгардида бармеояд, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ корхона 141,3 миллион сомонӣ даромад ба даст овардааст. Маблағи умумии дар ин давра ба Буҷети давлатӣ гузаронидаи фурудгоҳ 27,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, ба 527,9 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда 1434 тоннаю 704 килограммро ташкил дод. Роҷеъ ба масъалаи сари вақт наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағочи мусофирон дар давраи ҳисоботӣ 670 ариза ворид гардида, қариб ҳамаи онҳо баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд.
Фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бошад, баъди якҷояшавӣ бо ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» 828 парвозро анҷом дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 34 парвоз зиёд аст. Аз хизматрасониҳои ширкати мазкур давоми ним сол 155 ҳазор нафар мусофирон истифода бурда, 429 тонна бору почта интиқол дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам аст. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» имрӯзҳо мунтазам ба шаҳрҳои Федератсияи Россия, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳиндустон парвоз мекунанд. Чанде пеш бо Ширкати ҳавопаймоии «Азербайджан хава йолларӣ» оид ба анҷоми парвозҳо ба шаҳри Боку мувофиқа ҳосил шуд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шудааст
Дар нишасти матбуотӣ муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонов зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷиҳати иҷрои вазифаҳо, аз ҷумла таъмини кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта нақшаи тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва таъмири иншооти гидротехникӣ иҷро гардида, шабакаҳои обёрии байнихоҷагӣ ба мавсим омода карда шуданд.
Дар ин давра идораю корхонаҳои Агентӣ бо 5988 ассотсиатсияи истифодабарандагони об, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истифодабарандагони об шартнома ба имзо расониданд. Тибқи дархости истифодабарандагон ба онҳо дар ҳаҷми 1,89 млрд. м3 об бо арзиши 32, 5 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 196,3 млн. м3 об ва 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби истифодабарандагони об ба маблағи 16,8 млн. сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки 52 фоизи арзиши оби додашударо ташкил менамояд. Дар соли 2015 беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 8,0 ҳазор гектар замин бо маблағгузории 8,86 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он ба ҳолати якуми июли соли равон мутаносибан 3,0 ҳазор гектар ва 2,78 млн. сомониро ташкил менамояд.
-Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ таъсис ёфта, аз ҷумла лоиҳаҳои «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар (марҳилаи 2)», «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар (марҳилаи 3)», «Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ (марҳилаи 2 )» ва «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» бо маблағи умумии 770,6 млн. сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Беҳтар намудани таъминоти об ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои беоб ва аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд, — гуфт дар ҷамъбаст Абдулло Қурбонов.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Дар шаҳри Турсунзода суръати сохтмон чор маротиба боло рафт
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода таваҷҷуҳи аҳли нишасти матбуотиро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷалб намуда, минҷумла зикр кард, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 246225, 2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,8 фоиз зиёд мебошад.
Кишоварзон низ хуб меҳнат карданд ва дар натиҷа давоми нимсолаи аввал ба маблағи 109834,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Аз ҷумла давоми ин муддат деҳқонон 17280 тонна ғаладона, 3353 тонна картошка ва 22628 тонна сабзавот ҷамъ оварданд.
Нишондиҳандаи аз ҳама беҳтар дар соҳаи сохтмон ба назар расид. Тайи ин муддат сохтмони иншооти таъиноташон гуногун бештар аз чор маротиба зиёд шуда, боиси ба фаъолият пардохтани як қатор корхонаҳо гардид. Ин ҳама боис шуд, ки пардохти маблағи андозҳо дар нимсолаи аввал ба андозаи 7,1 миллион сомонӣ зиёд шуда, иҷрои қисми даромади буҷет ба 98 фоиз расад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба вазъи муҳоҷирони дохилӣ, ки аз минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Роғуну ноҳияи Нуробод дар қаламрави шаҳри Турсунзода маскун шудаанд, бо кори доимӣ таъмин кардани онҳо, масъалаи фаъолияти ҳавзҳои дохили шаҳр дар фасли тобистон, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои истироҳат ва дигар масъалаҳои муҳим ҳусни таваҷҷуҳи рӯзноманигорон бештар буд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд
Зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи соли ҷорӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров иттилоъ дод, ки дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 4967,5 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи маҳсулот, ба ғайр аз мева, нисбати соли гузашта зиёд шудааст. Сабаби кам гардидани истеҳсоли меваро масъулини Вазорати кишоварзӣ ба ноустувор омадани обу ҳаво дар ҷумҳурӣ, махсусан вилояти Суғд рабт доданд. М. Зокиров гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи кишвар 89600 тонна сабзавот, 962 тонна биринҷ, 1954 тонна меваи тар, 37248 тонна меваи хушк содирот шудааст. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки то 1 июли соли 2015 дар майдони 4269 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Бино ба гуфти мавсуф, соҳаи чорводорӣ низ рушд намудааст. Гуфта шуд, ки яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он, бордоркунии сунъӣ мебошад. Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 285 нуқтаи бордоркунии сунъии чорвои калон амал менамояд. Аз чорвои майда дар ин давра 314651 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16559 сар зиёд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи амалишавии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ ин соҳа низ рушд намуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 220 расида, ин хоҷагиҳо давоми шаш моҳи соли равон 335 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд. Маҳмадтоир Зокиров аз журналистон даъват кард, ки дар инъикоси заҳмати деҳқонон саҳм гузоранд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум».
Арзу шикоятҳо саривақт баррасӣ гардидаанд
- Дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ 888 парванда, аз он ҷумла аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 311 парванда ва аризаву шикоятҳо баррасӣ гардиданд,- гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Мансуров.
Аз ҳисоби маблағи даъвоҳо ба миқдори 13688303 сомонӣ рӯёнида шуд.
Мувофиқи гуфти Н.Мансуров давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз рӯи аризаҳои даъвоӣ, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ба Буҷети давлатӣ 2066728 сомонӣ ворид шудааст.
Дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуда, мувофиқи он судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма баромадҳо намуда, дар ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, коллективҳои меҳнатӣ, донишкадаҳо 40 вохӯрӣ ва семинар — машваратҳо гузаронидаанд.
Роҳбарият ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 279 нафар шаҳрвандонро қабул намудаанд, — гуфт дар интиҳо раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саттор УМАРОВ,«Садои мардум».
Дастовардҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шоёни таҳсин ва камназиранд
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз лиҳози сатҳи дониши муҳассилин, заминаи моддию техникӣ, равобити байналмилалӣ, сифати таълиму тарбия яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Табиист, ки дар ин раванд масъулиятшиносӣ ва поквиҷдонии раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори он — доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон нақши муассирро доро буда, чунин тарзи кор барои амалӣ намудани ҳадафҳои пешорӯ такони ҷиддӣ гардидааст.
Дар нишасти матбуотии муассисаи таҳсилоти олии касбии фавқуззикр иттилоъ гирифтем, ки давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 420 фишурда, 95 мақола, 26 пешниҳоди навоварӣ ва ду ихтироот, ҳафт монография, ҳашт китоби дарсӣ, 37 дастурамали таълимӣ – методӣ, 13 лоиҳаи илмӣ – тадқиқотӣ ва ғайра таълиф шудааст. Аз шумораи кормандони донишгоҳ давоми муҳлати мавриди назар 15 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон, ки яке аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино айни замон 46 солро ташкил медиҳад, ҳол он ки ин нишондиҳанда соли 2005 ба 53 сол баробар буд. Ҳамзамон шумораи омӯзгорони дараҷаи илмидошта низ тамоюли афзоишро касб намуда, ба 309 нафар расидааст. Ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки иқдомоти онҳо дар ҷодаи баланд бардоштани сифати таълим самар овардааст. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз донишгоҳ 11 нафар аз рӯи 11 фан иштирок намуда, соҳиби ду ҷойи якум, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм шуданд.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти муназзаму босамари макотиби олӣ таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар ин ҷода низ муваффақ ва пешсафанд. Давоми шаш моҳи соли 2015 ба китобхонаи илмии донишгоҳ 4242 нусха адабиёти чопӣ ба маблағи умумии 82888 сомонӣ ворид гардид ва фонди умумии китобхона ба 717630 нусха адабиёти гуногунмавзӯъ расид. Дар маҷмӯъ, таъминот бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ 100 фоиз, бо забони русӣ 199 фоизро дар бар мегирад.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамрадиф бо фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ, корҳои муолиҷавию машваратиро низ сарбаландона ба сомон мерасонанд. Донишгоҳ дар барқарорсозии саломатии аҳолии ҷумҳурӣ саҳми муассир дорад. Кормандони донишгоҳ ба муассисаҳои табобатӣ ёрии сарпарастӣ – машваратӣ расонида, ҳамзамон ба ниёзмандон кумаки тахассусии муолиҷавию профилактикӣ мерасонанд. Илова бар ин, ҳайати профессорони кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар таҳия ва татбиқи як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ, ки ба соҳаи тандурустии кишвар бахшида шудаанд, фаъолона иштирок менамоянд. Давоми нимсола аз тарафи кормандони донишгоҳ ба 30993 бемор ёрии ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонида шуд, ки аз ин миқдор 6390 ададашро амалиёти ҷарроҳӣ ташкил медиҳад.
Боиси ифтихори ҳамагон бояд бошад, ки дар заминаи меҳнати шабонарӯзӣ ва кӯшишҳои роҳбарият ва кормандони донишгоҳ аввалин маротиба дар мамлакат ташхиси хромасомаи филоделфӣ дар беморони миолейкози музмин имконпазир гардид. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли гузашта барои тақвият бахшидани заминаи моддию техникӣ ва амалӣ намудани корҳои сохтмон ва таъмиру таҷдид 628775 сомонӣ сарф шудааст.
Дар маҷмӯъ, бори дигар муътақид гардидем, ки дастовардҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шоёни таҳсин ва камназир мебошанд.
Д. Мерганов, Садои мардум»
Суғд: Ҷинояткорӣ20,3 фоиз афзуд
Дар нишасти матбуотии Прокуратураи вилояти Суғд прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4800 нафар ба прокуратураи вилоят муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 1862 муроҷиат аз тарафи кормандони прокуратура баррасӣ гардида, 318 ададаш қонеъ карда шудааст.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар ҳудуди вилоят дар нимсолаи якуми соли 2015 дар маҷмӯъ 3441 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 582 ҷиноят ё 20,3 фоиз зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 91,9 фоизро ташкил медиҳад.
Прокурори вилоят ҳамчунин иброз намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура назорати иҷрои қонунгузории замин ба шумор меравад.
Дар ин шашмоҳа нисбати ду раиси ҷамоат, як раиси хоҷагии ҷангал ва як мутахассис — заминсоз барои гирифтани пора ба маблағҳои аз 1000 то 10 000 доллари ИМА бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳабибулло Воҳидов дар бораи содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ва дигар масоили муҳим сухан ронда, ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон посух дод.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»
Қонунҳо риоя ва камбудиҳо рафъ мешаванд
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва амалӣ намудани адолати судӣ дар мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2015 корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Дар марҳилаҳои гуногуни судӣ 1475 адад парванда, дархосту пешниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ дар ин давра аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ 111 санади судӣ нисбати 159 шахс мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар натиҷа 17-тои онҳо нисбати 19 нафар бинобар яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ бекор карда шуданд.
Баҳри риояи бе чуну чарои қонунҳо, пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба камбудиву қонунвайронкуниҳо 39 пешниҳод ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1417 арзу шикояти шаҳрвандон ва эътирозҳо ворид шудааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2014-ум 138 адад ё худ 11 фоиз зиёд мебошад. Аз миқдори шикоятҳои баррасишуда 535-тои он ба парвандаҳои гражданӣ, 233-тоаш ба парвандаҳои оилавӣ, 360 ададаш ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва 18-тои дигараш ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут мебошанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе танҳо аз ҷониби раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 272 нафар муроҷиаткунандагон қабул шудаанд.
Дар рӯзҳои корӣ бошад, муовинони раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 124 нафар шаҳрвандонро қабул намудаанд.
Ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телевизион ва радио дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 81 маротиба баромад карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 15 хабару мақола ба нашр расонида, дар 19 конфронсу семинар иштирок ва дар ташкилоту муассисаҳо, қисмҳои ҳарбӣ мунтазам вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»
Инсон бояд машғули коре бошад
Ба зиндагии инсон шуғли вай таъсир мерасонад. Шахсе, ки бе кору машғулият аст, табиист, ки ҳамеша хотири мушавваш дораду низоми зиндагиаш вайрон аст. Бинобар ин, одамон ҳамеша саъй мекунанд, то ба коре машғул бошанду ризқу рӯзии хешро таъмин намоянд.
Тавре вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар нимсолаи аввали соли 2015 аз кишвари мо 336 625 нафар шаҳрвандон ба хориҷа ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар кардаанд. Солҳои охир бо мақсади батанзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба қонунгузории ин кишвар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор талаботи нав ворид гардид. Дар робита ба ин, вазир иброз намуд, ки аз ҷониби Гурӯҳи коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, мутобиқи муқаррарот ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои панҷ категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, баррасӣ карда шуданд. Баъди баррасии аризаҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ба 951 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 190 нафар донишҷӯй иҷозаи дубора ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудан дода шуд. Саволҳои зиёди рӯзноманигорон ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуданд. Роҳбарияти вазорат ба ин саволҳо ҷавоб дода, ҳамзамон роҷеъ ба дигар самтҳои фаъолият ахборот доданд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат 22 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки барои таъмини рушди устувори иҷтимоӣ, тадриҷан баланд бардоштани шароити зиндагӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатию дохилӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ равона гардиданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Ихтироот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд аст
Зимни натиҷагирии фаъолияти нимсолаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шуд, ки дар ин муддат олимони Академияи илмҳо соҳиби ҳафт пантент шуда, 752 мақолаи илмӣ навиштаанд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ дастовардҳои олимонро самаранок арзёбӣ намуд. Давоми муҳлати мавриди назар дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёда аз 50 мақолаи илмии олимон чоп шудааст.
Иттилоъ гирифтем, ки ҳамасола маблағгузорӣ аз Буҷети ҷумҳурӣ ба Академияи илмҳо зиёд карда мешавад. Соли равон барои рушди илми тоҷик 17 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ин миқдор маблағ барои пардохти музди маош, таъмиру тармими озмоишгоҳҳо, институтҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва таҳкими пояи моддиву техникии Академияи илмҳо истифода шудааст. Ин миқдор маблағ имконият медиҳад, ки олимон таҳқиқоти худро ба дараҷаи зарурӣ пеш баранд. Алҳол як озмоишгоҳи калони муҷаҳҳаз бо тамоми шароит дар назди Академияи илмҳо таъсис ёфта, он то охири сол ба истифода дода мешавад.
Х. ШАРИПОВ,«Садои мардум»
Тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо анҷом меёбад
Ба наздикӣ нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муовини якуми раиси кумита Саидзода Нуралӣ Ғиёс иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли 2015 сармоягузорӣ дар соҳа аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 38,1 миллион сомониро ташкил дод.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар ин муддат ба масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2 ҳазору 288 хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 235 ҷой ва дармонгоҳ барои 96 қабул дар як баст мавриди истифода қарор дода шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки Нақшаи генералии 29 шаҳру ноҳия таҳия гардида, қисме аз онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, қисми дигар дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. Аз ҷумла Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор гузашта, барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад. Саидзода Нуралӣ Ғиёс гуфт, ки тибқи нақша — чорабинии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасҳеҳи нақшаи генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бояд то охири соли 2015 анҷом ёбад. Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳояшон аз масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»
Хатарҳои табиӣ афзоиш ёфтаанд
-Масъалаи ҳифзи муҳити зист имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дорад. Дар замони муосир хатарҳои табиӣ афзоиш ёфта, зиёдшавии аҳолӣ ва ҷамъшавии партовҳо зиёд ба назар мерасанд. Тағйирёбии иқлим низ ба табиат таъсири ҷиддӣ мерасонад. Вобаста ба ин Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида, фаъолияти хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст,- иброз дошт дар оғози нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи мазкур Хайрулло Ибодзода.
Вай ва дигар масъулони Кумита дар ин замина таъкид доштанд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма низ саҳми муассир дорад. Зимни таҳлили фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2015, пеш аз ҳама, аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ёдоварӣ шуд. Дар баргузории ин чорабинии бонуфуз роҳбарият ва мутахассисони Кумита низ фаъолона ширкат доштанд.
Роҷеъ ба пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист зикр гардид, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 11134 санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида, ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 19577 адад пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шудааст.
Хайрулло Ибодзода иброз дошт, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ низ корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуҳ Конвенсияҳои экологии Созмони Милали Муттаҳид шомил гардида, дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои пилотӣ интихоб шудааст. Чанде пеш кишвари мо боз ба як Конвенсияи СММ оид ба савдои байналмилалии навъҳои набототи ёбоӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ, ки онҳоро нобудшавӣ таҳдид дорад, шомил гардид. Давоми шаш моҳ 32 вохӯриҳои роҳбарияти Кумита бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ доир гардид.
Ифлосшавии муҳити атроф аз таъсири партовҳо, фаъолияти корхонаҳои металлгудозӣ дар пойтахт, захираҳои обии кишвар, обшавии пиряхҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифтанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,«Садои мардум»