Корҳои иҷрокардаи вазорат назаррасанд
20 июли соли 2015 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода минҷумла иброз дошт, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар нимсолаи аввали соли 2015 баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани дунёи ботинии ҳамзамонон ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ равон намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Айни замон тамоми неруи аҳли фарҳанг барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии 3000 — солагии Ҳисор ва 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ равона гардидааст.
Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҷашнҳои Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиён, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, гузоштани хишти нахустини Театри миллӣ бо иштироки Президенти кишвар, баргузории Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2015» бахшида ба 100 — солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Аслӣ Бурҳонов ва ҳоказо неруи тамоми ҳунармандони муассисаҳои фарҳангӣ равона гардид.
Дар ин муддат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ - «Родмардони Ватан» бахшида ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, даври аввали Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс, фолклорӣ –этнографӣ зери унвони «Таронаи Ваҳдат» бахшида ба ҷашни 3000- солагии Ҳисор, даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ «Дунёи саодат» бахшида ба эълон гардидани соли 2015 — «Соли оила», Фестивали гурғӯлисароён дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба 100 — солагии гурғӯлисарои мумтоз Ҳақназар Кабутов дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардиданд.
Айни замон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши илмӣ, таҳия ва пешниҳоди номинатсияҳои «Оши палав», «Фалак» ва «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» барои ворид намудан ба Феҳристи мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО анҷом ёфта, корҳо дар самти таҳқиқи ҳунари «Читгарӣ» ва номинатсияи «Атлас», омӯзиши илмӣ, таҳия ва пешниҳоди номинатсияи унсурҳои «Кохи Наврӯз» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО идома доранд.
Соли 2015 муассисаҳои таълимии зертобеи вазоратро 444 нафар хонандагон ва донишҷӯён хатм намуда, дар хориҷи кишвар 112 нафар аз рӯи 27 тахассус таҳсил доранд. Соли 2015 тибқи квотаи ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия 26 нафар барои таҳсил ба муассисаҳои олии таҳсилоти касбии соҳаи фарҳанг ва санъати Федератсияи Россия фиристода шуданд.
Доир ба амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардиданд, дар шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои махсус тартиб дода шуд, ки тибқи он татбиқи талаботи нави Феҳристи объектҳои таърихию фарҳангии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Шаҳристон, Ғончӣ, Спитамен ва Ашт то моҳи октябри соли 2015 баррасӣ мегардад.
Дар нишаст рӯзноманигорон ба суолҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»
Идомаи бунёдкориҳо
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи саноат равона карда шуд.
- Мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки давоми солҳои 2014, 2015 ва 2016 (яъне, давоми се сол) бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятро ду маротиба афзоиш дода, онро аз 2,9 миллиард сомонии соли 2013 дар соли 2016 то 4,9 миллиард сомонӣ расонем. Иҷрои ин барнома имкон медиҳад, ки сатҳи иқтисодии вилоят баланд гардида, мардум бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шаванд .
Таъкид гардид, ки ҳоло дар вилояти Суғд бунёди корхонаҳои азиме чун «Ғаюр — семент», коргоҳи заршӯйии КМ «Зарафшон», корхонаи «Броадтек» ва ғайраҳо идома доранд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтанашон садҳо нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин мешаванд. Инчунин дар вилояти Суғд соли ҷорӣ 170 корхона бо таъмини 5300 ҷои корӣ бунёд мешавад. Падидаи фараҳбахш дар нимсолаи аввали соли 2015 он аст, ки нахустин бор маҳсулоти корхонаи «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан ба давлати Кувайт содир карда шуд ва интизор меравад, ки дар оянда содироти маҳсулоти ин корхона ба дигар кишварҳо низ ба роҳ монда шавад. Илова бар ин соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой ният доранд, ки корхонаи азими маъдантозакунии «Адрасмон»-ро, ки аз фаъолият мондааст, харидорӣ ва мавриди истифода қарор бидиҳанд. Дар нимсолаи дуюм ҳамчунин роҳандозии корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз», ки ба коркарди пахта ихтисос дорад, низ дар назар дошта шудааст. Дар ин корхона беш аз 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин оид ба татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони хонашин, таъсиси хоҷагиҳои нав сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз дар вилоят 61772 адад хоҷагиҳои гуногуни кишоварзӣ фаъолият доранд, ки аксари онҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ мебошанд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки сафи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд коҳиш ёбад ва мардум дар Ватан соҳиби ҷои кор шаванд.Танҳо дар соли 2014-ум 42 ҳазор нафар ва дар ним соли 2015-ум 22 ҳазор нафар аз ҳиҷрат ба хориҷи кишвар даст кашидаанд.
Таъкид шуд, ки кишоварзони вилояти Суғд дар нимсолаи якум 100 ҳазор тонна сабзавоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот намудаанд.
Дар самти таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ низ дар соли 2015 пешравиҳо назаррасанд. Гуфта шуд, ки мушкилоти оби полезӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Спитамен, Мастчоҳу Зафаробод нисбати солҳои пешин бамаротиб беҳтар гардидааст.
А. САЛИМЗОДА,«Садои мардум»
Ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш қаноатбахш нест
Бисту якуми июли соли равон директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло Убайдулло оид ба фаъолияти шашмоҳа ба рӯзноманигорон ахборот дод.
Тавре номбурда зикр кард, давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби кормандони Агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои тобеи он дар шоҳроҳҳои Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб, Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Қӯрғонтеппа ба миқдори 6,2 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Инчунин дар хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои ниҳолпарварии тобеи Агентӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозӣ, нигоҳубини ҷангал, ҳифзи ҷангал аз сӯхтор ва ҳашароти зараррасон, пешгирии қонунвайронкунӣ корҳои муайян амалӣ гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 671 гектар ҷангалзор бунёд гардида, 873 гектар ҷангалзори куҳна барқарор карда шуд. Мавсуф афзуд, ки аз тарафи кормандони соҳа барои вайрон кардани қонуну қоидаҳо дар маҷмӯъ, 1073 санад ба маблағи 189560 сомонӣ тартиб дода, 173716 сомонии он аллакай ситонида шудааст. Оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш Исматзода Азизулло Убайдулло гуфт, ки мутаассифона, дар ин самт пешравиҳо назаррас нестанд. Дар ин давра ҳаҷми фурӯши маҳсулот як миллиону 822 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Даромад аз ҳисоби истифодаи сарватҳои ҷангал бошад, як миллиону 443 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар нишаст оид ба самтҳои дигари фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иттилоъ дода шуд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Роғун: Супоришҳои Президент сари вақт иҷро мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Роғун ба роҳбарияти шаҳр доир ба нигоҳубини босифати роҳҳо ва ободу кабудизор кардани ду паҳлуи шоҳроҳ супоришҳои мушаххас дода буд.
-Дар асоси ин супориши Сарвари давлат мо нақшаи махсусро таҳия кардем, ки мувофиқи он роҳҳо таъмиру тармим ва атрофи онҳо ободу зебо гардонида мешавад. Барои дар ду паҳлуи шоҳроҳ шинонидани дарахтони гуногун ба идораҳои марбутаи шаҳр супориш дода шуд. Тамоми имкониятҳо мавҷуданд ва аз тирамоҳ ба ниҳолшинонӣ шурӯъ мекунем,- гуфт раиси шаҳри Роғун Шариф Шарифзода дар нишасти матбуотӣ.
Зимни пешниҳоди маълумот оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр Ш. Шарифзода гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 15 миллиону 674,8 ҳазор сомонӣ(108 фоиз) ва буҷети ҷумҳуриявӣ 14 миллиону 018,4 ҳазор сомонӣ (106 фоиз) -ро ташкил дод. Бинобар маҳдуд намудани ҳар гуна хароҷоти бесамар ва дуюмдараҷа қисми хароҷоти буҷет дар ҳаҷми 84 фоизи нақша иҷро шуд.
Зимни шарҳи муфассали натиҷаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2015 фаъолияти бонкдорӣ назаррас арзёбӣ шуд. Чунончӣ, аз тарафи филиалҳои бонкҳои дар шаҳри Роғунбуда давоми шаш моҳ дар маҷмӯъ ба андозаи 44 миллиону 239,9 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ анҷом дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 747,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиалҳои бонкҳо ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба маблағи 2 миллиону 629,9 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд.
Дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ мунтазам равнақ ёфта истодааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ 4 миллиону 574,7 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, ки аз ин миқдор 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои сохтмони асосию барқарорнамоӣ ва боқимонда барои корҳои таъмирии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ равона гардидааст. Аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 871,2 ҳазор сомонӣ ду нуқтаи таъмир ва шустушӯйи мошинҳо, ду нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва як сехи дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар шаҳр бо ҷалби маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ бунгоҳҳои тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфта, хатҳои оби нӯшокӣ кашида мешаванд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Ҳодисаҳои ғарқшавии одамон боиси ташвиш гардидааст
- Дар шаш моҳи аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ 43 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст, ки бар асари он 28 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи зарари аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ бамиёномада 174 миллиону 318200 сомониро ташкил медиҳад, — зикр кард раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковник Хайриддин Абдураҳимов зимни нишасти матбуотӣ.
Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар кӯлу дарёҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 54 нафар ғарқ шудаанд.
Наҷотдиҳандагони Кумита дар 180 амалиёти кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ иштирок намуда, 44 нафар шаҳрвандонро наҷот дода, 55 ҷасадро дарёфт намуданд.
Хайриддин Абдураҳимов дар рафти нишасти матбуотӣ ёдовар шуда гуфт, ки 5-уми июни соли 2015 дар вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи якуми якҷояи ҳайати мушовараи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори ҷаласа тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои табиию техногенӣ дар байни ноҳияҳои сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон мутобиқи «Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» аз 350 хоҷагии ба нақша гирифташуда 82 хоҷагӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Афзоиши субъектҳои хоҷагидор – далели фароҳам будани шароити мусоид барои фаъолият
-Дар нимсолаи аввали соли 2015 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти андоз ба андозаи 102,7 фоиз таъмин гардида, ба Буҷети давлатӣ 3 миллиарду 780,6 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 450 миллион сомонӣ ва ё 13,5 фоиз зиёд мебошад, — иттилоъ дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати якуми июни соли ҷорӣ 701,8 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали ҳамин сол 83 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК НБО «Сангтӯда-1», КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», КФД «Алюминийсохтмон», ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа», ҶСК «Лаъл», КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», КМ «Тоҷиказот», ҶСК «Ангишт», корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тааллуқ дорад.
Мавсуф гуфт, ки ҷиҳати рӯёнидани бақияи қарзи андоз корҳои зиёдеро анҷом дода, оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо 1307 қарор ба маблағи умумии 611 миллион сомонӣ қабул шуда, бо дарназардошти қарорҳои дар соли 2014 қабулшуда ба Буҷети давлатӣ 90,5 миллион сомонӣ ворид гардид. Зикр шуд, ки давоми шаш моҳи соли 2015 аз тарафи мақомоти андоз зиёда аз 11500 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи андоз ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки нисбати онҳо ба маблағи умумии 66,2 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардидааст. Тибқи маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ дар ин давра 37053 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи он нисбат ба якуми январи ҳамин сол 21730 адад зиёд шудааст.
Ш. Солеҳ, «Садои мардум»
Донишгоҳ бо 74 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
- Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон бо донишгоҳҳои Кипр, Федератсияи Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония нуҳ созишнома ба имзо расонида, дар марҳилаи ҳозира бо 75 донишгоҳи хориҷӣ шартнома дорад, — гуфт ректори он профессор Нуралӣ Солиҳов зимни нишасти матбуотӣ.
-Алҳол дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 5450 донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 3528 нафарашон дар асоси шартнома таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 117 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Айни замон ҳашт нафар профессорон аз Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия ва Япония дар донишгоҳ ба ҳайси муаллим дарс медиҳанд. 90 нафар донишҷӯён дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои зикршуда таҳсил доранд, — афзуд Н. Солиҳов.
Дар нишаст зикр шуд, ки соли ҷорӣ донишгоҳ тибқи нақша қабули 1437 нафар донишҷӯро дар назар гирифтааст ва имсол бори нахуст довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шомил мешаванд. Роҳбарияти ин муассиса зикр намуд, ки имсол донишгоҳ соҳиби хобгоҳ барои донишҷӯён мешавад ва корҳои таъмирӣ дар он идома дорад.
Соли равон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар ҳаҷми 16 650 552 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. 986 нафар донишҷӯ идрорпулии академӣ мегиранд ва ба донишҷӯёни ятим низ ҳангоми хатми донишгоҳ кумакпулӣ расонида мешавад.
Х. Шарипов, «Садои мардум»
Рушди саноат – самти афзалиятнок
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ доир шуд. Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2015 — ум маълумот дода, зикр кард, ки имрӯз барои таъмини рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр аз тамоми имконият истифода бурда истодаем.
- Давоми нимсолаи аввали соли 2015 иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ 104,3 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 104,2 фоиз таъмин гардид, ки аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан 5,5 миллион сомонӣ ва 2,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар ин давра 4474,2 ҳазор доллари ИМА, аз ҷумла сармояи дохилӣ 2137,9 ҳазор доллар ва 2336,3 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, саноат, хизматрасонӣ ва сармояи дохилӣ бештар ба соҳаҳои саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид шуд.
Баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист алҳол лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» татбиқ шуда истодааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон иттилоъ дод, ки дар асоси таҳлилҳои имрӯза 33 корхона нақшаи истеҳсолиро таъмин карда натавонист ва 14 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонд.
Изҳори нигаронӣ шуд, ки агарчанде дар шаҳри Хуҷанд ҳафт коргоҳи коркарди пахта фаъолият дошта бошад ҳам, то ҳол коргоҳҳои дӯзандагӣ аз нарасидани маҳсулоти хом танқисӣ мекашанд.
- Хуҷанд шаҳри саноатӣ аст. Биноан, рушди ин соҳа яке аз ҳадафҳои асосӣ бояд бошад», — таъкид намуд раиси шаҳри Хуҷанд.
Абдувосит САЛИМзода, «Садои мардум»
Талафоти неруи барқ коҳиш ёфт
-Давоми нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 8 миллиарду 658 миллион кВт.соатро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 470,3 миллион кВт.соат ё 5,7 фоиз зиёд мебошад, — иттилоъ дод вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра ба хориҷи кишвар 546,4 миллион кВт.соат неруи барқ содирот шудааст, ки 504 миллион кВт.соат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 40,3 миллион кВт.соат ба Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд. Гуфта шуд, ки талафоти неруи барқ ба 16,3 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз кам мебошад.
Усмоналӣ Усмонзода гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 12193 тонна нефт ва 2,23 миллион метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3,5 ва 76 фоиз зиёд аст. Зикр гардид, ки дар ин давра корҳои пармакунӣ дар чоҳи №17-и майдони «Маҳрам» идома ёфта, айни ҳол ба 1564 метр расонида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 24 апрели соли 2015 созишномаҳои асосии лоиҳавӣ, аз ҷумла Созишномаи генералӣ, Созишномаҳо оид ба хариди неруи барқ ба имзо расиданд. Барои татбиқи қисмати ба кишвари мо рабтдоштаи лоиҳа 314 миллион доллари ИМА лозим аст. Айни ҳол аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ 45 миллион доллари ИМА, Бонки Сармоягузории Аврупоӣ 70 миллион евро, Бонки Исломии Рушд 70 миллион доллари ИМА, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 110 миллион доллари ИМА, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир 37 миллион доллари ИМА ва Агентии рушди байналмилалии ИМА 7,5 миллион доллари ИМА уҳдадориҳо муайян шуда, озмунҳо оғоз гардидаанд.
Дар нишаст журналистон ба паҳлуҳои дигари фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Низоми кредитӣ омили муҳими воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонист
-Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 1250 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешакӣ нисбат ба соли гузашта теъдоди довталабоне, ки донишгоҳи моро интихоб кардаанд, се маротиба афзуда, ба 14 ҳазор нафар расидааст. Боварӣ дорам, ки нақшаи қабул пурра иҷро мешавад, — иброз дошт ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарипов.
Дар мавриди татбиқи раванди низоми кредитӣ зикр шуд, ки низоми нав омили муҳими воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Яъне, имрӯз донишҷӯ бе ягон монеа метавонад, ки дар соли дуюми хониш таҳсилашро дар дилхоҳ донишгоҳҳои Аврупо ё кишварҳои ИДМ, ки тибқи низоми кредитӣ фаъолият доранд, идома диҳад. Номбурда гузаштани донишгоҳро ба низоми кредитии таҳсилот ва татбиқи пурраи онро талаби замон маънидод карда, афзуд, ки дар ин самт ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Минбаъд низ ҷиҳати такмили он аз ҷониби раёсати донишгоҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар нишаст зикр шуд, ки вобаста ба татбиқи низоми кредитӣ китобҳо ва дустурҳои зарурии таълимӣ дар донишгоҳ чоп шудааст ва донишҷӯён метавонанд аз он истифода баранд. Миқдори умумии китобҳои электронӣ 62097 ададро ташкил медиҳад. Китобхонаи донишгоҳ бо ду толори хониш бо 116 ҷойи нишаст, ду толори китобхонаи электронӣ бо 100 ҷойи нишаст ва 100 адад компютери ба Интернет пайваст ба устодон ва донишҷӯён хизмат мерасонад.
Тавре М.Шарипов изҳор намуд, ҳоло дар донишгоҳ 17 нафар ятимони кулл таҳсил доранд, ки аз пардохти маблағи хониш ва хобгоҳ озод буда, се вақт бо хӯрок таъмин карда мешаванд.
Зикр гардид, ки дар донишгоҳ 21 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла ду нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, даҳ нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, се нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, чор нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон ва ду нафар аз Федератсияи Россия тибқи барномаи бакалавр таҳсил менамоянд ва 53 магистранти хориҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсил доранд.
Хайрулло Шарипов, «Садои мардум»
Ҳаҷми боркашонӣ кам шуд
Нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таҳти раёсати муовини якуми директори корхона Баҳром Шодиев гузашт. Мавсуф нахуст роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дод. Тавре маълум гардид, дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 2 миллиону 860 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна кам мебошад. Аз ҷумла ҳаҷми боркашонии транзитӣ 33,4 фоиз кам шуда, 486 ҳазор тоннаро ташкил намудааст.
Содироти молҳои хоҷагии халқ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 ҳазор тонна зиёд ва тавассути қатораҳо 126 ҳазору 380 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Дар давраи мавриди назар воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла битум, бензин, сӯзишвории реактивӣ, кокс ва орд кам гардидааст.
Б. Шодиев иброз дошт, ки бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ аз тарафи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба тоҷирон, соҳибкорону кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ, саноатӣ, сӯзишворӣ сабукӣ пешниҳод шудааст. Инчунин барои мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, аз 15 фоиз то 40 фоиз сабукӣ дода мешавад.
Теъдоди мусофироне, ки дар ин давра ба воситаи қатораҳо сафар кардаанд, 198,1 ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Журналистон ба рафти сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, фаъолияти роҳбаладон ва дигар кормандони соҳа мароқ зоҳир намуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Техникаи кишоварзӣ намерасад
Айни замон талабот ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ зиёд аст ва барои таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника 4,6 миллиард сомонӣ зарур аст. Дар ин бора директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Исуф Шоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард, ки бинобар нарасидани комбайнҳои ғалладарав аксари корҳо дастӣ иҷро мешаванд, ки дар натиҷа зироатҳои ғалладонагӣ сари вақт ҷамъоварӣ нашуда, ҳосил талаф меёбад ва кишти такрорӣ дар муҳлати муайяншуда гузаронида намешавад.Мавсуф гуфт, ки КВДҶ «Тоҷикагролизинг» техника ва таҷҳизоти кишоварзиро ворид намуда, тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба деҳқонон дастрас мекунад. Бо мақсади фаҳмонидани ин тарзи иҷора дар даромадгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳ ва дар ноҳияи Данғара мағозаи қисмҳои эҳтиётии техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ташкил карда шудааст. Исуф Шоев иттилоъ дод, ки ба корхона давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои лизингӣ 7420090 сомонӣ, подошҳои лизингӣ 1115 ҳазор сомонӣ, марказҳои хизматрасонии техникӣ 627322 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 9162412 сомонӣ ворид гардидааст. Зикр шуд, ки корхона дар ин давра ба 54 хоҷагии деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи шартномаи иҷораи лизингӣ ба маблағи 6551059 сомонӣ техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дастрас намудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар 33 шаҳру ноҳия марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият мекунанд. КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар шаш моҳи соли 2015 дархосту талаботи зиёда аз 120 хоҷагии деҳқониро барои дастрас кардани техника ва мошинолоти кишоварзӣ омӯхта ва пайи иҷрои он кӯшиш дорад.
Шарифи Солеҳ, «Садои мардум»