Ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ — самти асосии фаъолият
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дар нишасти матбуотӣ аз ҷумла зикр намуд, ки давоми шаш моҳ ба вазорат ва сохторҳои он 37547 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид.
Вазорат дар ин давра ба 1028 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1221 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.
Ҳамчунин ҷиҳати мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ, аз байн бурдани мухолифати меъёрҳои онҳо аз ҷониби вазорат се лоиҳаи қонуни том ва 34 лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мутахассисони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он дар ташкилоту корхона, муассисаҳо ва дар байни аҳолӣ 2533 вохӯрӣ ва тавассути телевизиону радио 810 баромаду суҳбатҳо гузаронида, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ 291 мақола ба нашр расониданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили муқоисавии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мақомоти дахлдор, ки дар солҳои 2013- 2014 барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод гардидаанд, анҷом дода шуд.
Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 250020 амалиёти нотариалиро анҷом додаанд, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 19357055 (нуздаҳ миллиону сесаду панҷоҳу ҳафт ҳазору панҷоҳу панҷ) сомонӣ ворид гардид. Дар асоси нақшаҳои кории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия ва бахшҳои он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳо бахшида ба «Соли оила» дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ба вазорат ва раёсатҳои он дар вилоятҳо 1194 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст, ки аз ин шумора 418 ададаш бевосита ба дастгоҳи марказии вазорат тааллуқ дорад. Ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ шуданд. Дар ин давра ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти вазорат 200 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба фаъолияти иҷрочиёни суд, нотариати давлатӣ, бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, криминалистӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ вобастагӣ доштанд.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»
200 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешавад
Дар доираи ҷашнгирии 3000-солагии ноҳияи Ҳисор аз 280 иншооти расман ба нақша гирифташуда дар 95 иншоот сохтмон дар ҷӯшу хуруш аст. Сохтмони 53 иншоот ба итмом расида, дар панҷ иншоот корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
Ҳуҷҷатҳои 48 иншоот дар марҳалаи баррасӣ қарор дошта, дар 79 иншоот бо сабабҳои гуногун (дар нақшаи генералии шаҳри Ҳисор набудани иншоот, ҳамшафат будан шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, мушкилоти молиявӣ) амалӣ намегардад.
Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода изҳор дошт, ки то рӯзи ҷашн беш аз 200 иншоот ба истифода дода мешавад.
Ӯ гуфт, ки сохтмони роҳҳои нави автомобилгард дар масофаи 11 километр аз саршавии шаҳраки Ҳисор ба самти Қалъаи Ҳисор ва таъмири асосии роҳҳои маҳаллии ноҳия, ки 12 километрро дар бар мегирад, ба анҷом расид. Дар доираи ин ҷашн давоми солҳои 2014-2015 аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор 18 марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ зикр гардид, ки дар ин давра кишоварзони ноҳия 16,5 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ки аз ҳар як гектар аз заминҳои лалмӣ ба ҳисоби миёна 30,7 ва аз заминҳои обӣ бошад, 40,1 сентнериро ташкил медиҳад. Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар майдони 30 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд ёфтааст. Соҳибкорони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки сохтмони корхонаҳои истеҳсолии коркарди шир, гӯшт, пашм ва меваю сабзавотро ба роҳ монанд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи хурди коркарди шир, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Рустам Назаров бунёд шудааст, то 700 литр шир мебошад. Дар назар аст, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар соли 2015 ба 1000 литр расонида шуда, истеҳсоли панир ба роҳ монда шавад.
Ш. Хайрулло, «Садои мардум»
Боздиди зиёда аз 147 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар 50 шаҳру ноҳияҳои кишвар бо 200 ҳазор нафар ҷавонон, занон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ходимони дин, омӯзгорон, варзишгарон беш аз 100 вохӯрӣ доир намудааст.
Раиси кумита Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар ин муддат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 488 чорабинӣ бо фарогирии зиёда аз 97 ҳазор нафар наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Ба гуфти ӯ, бо мақсади муттаҳид сохтани ҷавонон дар берун аз кишвар маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис дода шуд.
Дар нишаст зикр шуд, ки аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар 42 мусобиқоти ҷаҳон ва дигар сабқатҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 387 медал, аз ҷумла 132 тилло, 125 нуқра ва 130 биринҷӣ гардидаанд.
Ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои ХХХ1 тобистонаи олимпии 2016 (Рио — де — Жанейро) аз ҳисоби масъулини кумита ва Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Ситоди корӣ таъсис ёфт. Барои 15 нафар варзишгарони умедбахш барномаҳои махсуси омодагӣ таҳия шуда, маблағгузории онҳо пешбинӣ гардидааст. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон барои омода кардани як варзишгар дар як сол то 20 ҳазор доллари ИМА лозим аст.
Дар ин давра аз ҳисоби 147 ҳазору 265 нафаре, ки ба ҳайси турист ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба иқтисодиёти мамлакат 73 миллиону 632 500 доллари ИМА маблағ ворид гаштааст.
Х.Шарипов, «Садои мардум»
Донишкада тағйири ном кард
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №450 аз 3 июли соли 2015 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ шуд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Диловар Латипов иброз дошт.
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки баробари тағйири номи донишкада шуъбаҳои нав дар факултетҳои он таъсис мешаванд. Дар нишаст гуфта шуд, ки тамоми ихтисосҳои донишкада ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гузариш ба низоми кредитии таълим дар донишкада барои фаъол намудани донишҷӯён кумаки хеле зиёд мерасонад. Дар ин давра 20 нафар методистони раёсатҳо ва шуъбаҳои фарҳанг дар назди факултети такмили ихтисоси кормандони фарҳанг, санъат ва табъу нашр дониши касбии худро такмил дода, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Соли таҳсили 2014 — 2015 дар маҷмӯъ донишкадаро 316 нафар хатмкунанда (171 нафар рӯзона, 145 нафар ғоибона), аз инҳо 167 нафар тариқи буҷетӣ ва 151 нафар тариқи шартномавӣ хатм намуданд, ки 42 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Донишкадаро тибқи квотаи Президентӣ 28 нафар хатм карданд ва ба ноҳияҳои худашон барои кор фиристода шуданд. Фаъолияти илмӣ – таҳқиқотии донишкада бошад, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ таҳлил ва ҷамъбаст карда шуд, ки дар шакли ҷузваи махсус — «Фаъолияти илмӣ- таҳқиқотӣ, илмӣ – методӣ ва эҷодии донишкада дар соли 2015» аз чоп баромад.
Донишҷӯёну устодони донишкадаи мазкур дар ин муддат ба Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев», Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов», Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ», Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский», Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, малака ва ҳунари худро намоиш доданд ва ҳамзамон аз тамошои барномаҳо дониши худро мукаммал гардониданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Ваҳдат: Дастовардҳои кишоварзон арзандаанд
Дар нишасти матбуотӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир иброз намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2015 ду иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва шаш машварати назди раис баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 27 адад қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 1336 адад қарорҳои раиси шаҳр қабул гардиданд, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии шаҳрро дар бар мегиранд. Дар ин давра 9501 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон (5605 адад хаттӣ, 3896 адад шифоҳӣ) ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 адад зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 8 млн. 719 ҳазор сомонӣ, нақшаи қисми даромадҳои Буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи як млн. 214 ҳазор сомонӣ иҷро нагардиданд. Дар маҷмӯъ, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 83 фоиз ва даромадҳои ҷумҳуриявӣ 96 фоиз иҷро гардиданд. Айни замон дар ҳудуди шаҳр ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, картошкаю сабзавот, зироатҳои хӯроки чорво ва мева босуръат идома дорад. Ба ҳолати якуми июли соли равон дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 19442 тонна ғалладона, 8633 тонна картошка, 7668 тонна сабзавот,1612 тонна мева ва 8453 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3800 тонна ғалла, 1239 тонна картошка,21 тонна мева зиёд мебошад.
Сохтмончиёни шаҳр дар ин давра фаъолияти хуб нишон дода, ба маблағи 88 миллиону 89 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расониданд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 62903 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо 3298 нафар омӯзгорон, ки аз ин 1682 нафарашон занҳо мебошанд, ба таълиму тарбия машғуланд.
Аз ҷониби бахши оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 2044 ҷашну маърака (92 хатнасур, 1375 тӯйи домодиву арӯсӣ, 406 маросими чил ва 171 маросими сол) ба қайд гирифта шуд.
Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Ривоҷи ҳамкориҳо ба беҳбудии фаъолият мусоидат намуд
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба 2094 нафар донишҷӯ 186 нафар омӯзгор таълим медиҳад. Тавре ректори донишкада Қосимзода Идигул Тағо зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, вазифаи асосии ҳайати профессорону устодон тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон, омӯзгорон ва тарҷумонҳо аз рӯйи даҳ забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, франсавӣ, немисӣ, хитойӣ, кореягӣ, ҷопонӣ, арабӣ, форсӣ ) мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар донишкада 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд. Дар хориҷ аз кишвар бошад, 51 нафар донишҷӯёни донишкада ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зимни нишаст, зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон бо ҳафт сафоратхонаи кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст. Бо ташаббуси Сафоратхонаи Япония, се синфхона бо таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сафоратхонаи давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 адад маводи арзишманди таърихиву сайёҳии кишварашро ба шуъбаи забони арабии ин муассиса тақдим намудааст. Аз тарафаи Маркази илмӣ ва фарҳангии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикстон ба китобхонаи «Русский мир»-и донишкада 37 номгӯй адабиёти илмию таълимӣ ва ду овезаву 17 адад дискҳои таълимӣ туҳфа карда шуд. Дигар сафоратхонаҳо низ барои забономӯзии донишҷӯён дар донишкада шароитҳои мусоидро фароҳам намуда истодаанд.
Соли таҳсили 2014-2015 донишкадаро 362 нафар донишҷӯ (ҳафт нафар бо дипломи аъло) ва магистратураро 17 нафар (чор нафар бо дипломи аъло) хатм намуданд.
Дар поёни нишаст оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва нақшаҳои минбаъда андешарониҳо сурат гирифт.
Х. Шарипов, «Садои мардум»
Шаҳринав: Натиҷаҳо қаноатбахшанд
Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҳокимзода Исматулло Ҳоким зимни нишасти матбуотӣ бобати натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, минҷумла гуфт, ки давоми ин муддат нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле хуб мебошанд.
Нақшаи ҷамъоварии андозҳои буҷети маҳаллӣ 103 фоиз иҷро шуда, маблағи бақияпулиҳои андоз таври назаррас коҳиш ёфт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 42041 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нақша 4748 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка 974 тонна, сабзавот 7434 тонна, мева 789 тоннаро ташкил намуд, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 139, 1193 ва 323 тонна зиёд аст.
Деҳқонони мо имсол аз ҳама бештар ба хориҷи кишвар гелос, олу ва пиёз содирот карда, даромади хуб ба даст оварданд.
Давоми нимсолаи аввал 18 гектар боғи нав ташкил шуд, ки нисбат ба дурнамо дуюним маротиба зиёд аст.
Корхонаҳои саноатӣ низ хуб фаъолият карда, аз нақшаи пешбинишуда бештар маҳсулот, аз қабили хишти сохтмонӣ, бензин, солярка, мазут, консерваи мевагӣ истеҳсол намуданд.
Раиси ноҳия аз он изҳори хушӣ кард, ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳудуди шаҳраки Шаҳринав ва маҳаллаҳои атрофи он барқарорсозии системаи бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ идома дорад.
Омодагӣ ба зимистон хуб аст. Аллакай беш аз 300 тонна ангишт оварда, ба муассисаҳои таълимӣ тақсим шудааст. Вазъи омодагии муассисаҳои тандурустӣ низ ба фасли сармо қаноатбахш мебошад.
Дар идомаи нишаст раиси ноҳия, муовинони соҳавии раис, раиси суд ва прокурори ноҳия ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон роҷеъ ба вазъи иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2007- 2015», роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, чораҳои таъсирбахш баҳри ҳифзи муҳит, таъмини оби тоза ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра посухҳои қаноатбахш гуфтанд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»
Сафи донишҷӯёни аълохон зиёд шуд
-Барои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нимсолаи аввали соли 2015 хеле хотирмон буд. Зеро дар баробари таҷлили ҷашнҳои сатҳи давлатӣ, дар ин давра донишкада миёни донишгоҳҳову донишкадаҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, дар шаҳри Женеваи Швейтсария аз ҷониби ширкати В.I.D.соҳиби Ҷоизаи байналмилалии «Тоҷи тиллоӣ барои сифат» гардида, ректори он узви Шабакаи донишгоҳҳои Оксфорд дониста шуд, — гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишкада Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки фаъолияти таълимӣ ва таълимӣ — методии донишкада дар шаш моҳи соли равон тибқи нақша идома ёфт. Айни замон дар шаш факултет ва 26 кафедраи донишкада аз рӯи 32 ихтисос мутахассисонро тайёр менамоянд. Илова бар ин, донишкада барои таъсиси шаш ихтисоси нави зинаи таҳсилоти бакалавр, ҳафт ихтисоси докторантура ва пешбурди фаъолияти Парки инноватсионию технологӣ соҳиби иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Даҳ маротиба мониторинги сифати таълим, истифодаи адабиётҳои таълимӣ, истифодаи назарпурсиҳо дар раванди таълим таҳти унвони «Устод аз нигоҳи донишҷӯ», «Устод аз нигоҳи мудири кафедра», «Фанни таълимӣ аз нигоҳи донишҷӯ» ва ғайра гузаронида шуданд.
Айни замон дар шуъбаи рӯзона 3519 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 2655 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сессияи зимистонаи соли 2015 нишон дод, ки дар донишкада сафи дониш- ҷӯёни имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аълосупоранда нисбат ба сессияи зимистонаи соли 2014 аз 2,2 фоиз то 2,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Сатҳи имтиҳонсупории сессияи тобистонаи соли 2015 бошад, ба андозаи 2,6 фоиз беҳтар шуда, сафи донишҷӯёни бо баҳои хуб таҳсилкунанда 3,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Хусусияти дигари фарқкунандаи сессияи имтиҳонии тобистонаи имсола дар он аст, ки имтиҳоноти ҷамъбастӣ пурра тариқи компютер дар панҷ синфхонаи Маркази тестии дорои 350 компютери бо сервери ягона пайваст гузаронида шуд, ки ин тадбир боиси аз байн бурдани дахолат ба ҷараёни имтиҳонҳо ва таъмини шаффофият дар қабули имтиҳонҳо гардида, донишҷӯёнро водор менамояд, ки барои супоридани имтиҳонҳо омодагии ҷиддӣ гиранд.
Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид изҳор дошт, ки ҷиҳати пайвасти назария бо амалия донишкада бо як қатор муассисаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ шартномаи тарафайни ҳамкориро ба имзо расонид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ мавсуф оид ба фаъолияти донишкада дар самти пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, тарбиявию ташкилӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодию хоҷагидорӣ ва эҳсонкорӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма маълумот ва ба суолҳои сершумори онҳо посухҳои мушаххас дод.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Файзобод: Имкониятҳо барои рушд зиёданд
Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нишасти матбуотӣ бештар ба мушкилоти мавҷуда дахл кард.
-Ҳалли мушкилоти мардум вазифаи аввалиндараҷаи мост. Ҳангоми қабули шаҳрвандон, ки мунтазам рӯзҳои шанбе сурат мегирад, вохӯриву мулоқотҳо ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо роҷеъ ба беҳтар кардани шароити манзилӣ ва ғайра муроҷиат мекунанд. Иҷрои талабот ва хоҳиши онҳо бояд сари вақт таъмин гардад. Роҷеъ ба таъмини аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мо чораҳои иловагӣ андешидаем,- гуфт раиси ноҳия. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки дар ноҳияи Файзобод барои рушди иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолгардонии корхонаҳои саноатӣ захираю имконоти зиёд мавҷуданд.
Маълум гардид, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нишондиҳандаҳо назаррасанд. Чунончӣ, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 7664 588 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 118819 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495004 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 59488 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 932 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ 4052 гектар, картошка 767 гектар, сабзавот 525 гектарро ташкил мекунад.
Майдони боғоти ноҳия боз 525 гектар зиёд шуд. Корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо менамоянд. Бо бунёди иношооти гуногуни замонавӣ ва таъмиру тармими биноҳо, ободонии кӯчаю роҳҳо симои ноҳия рӯз то рӯз дигар мешавад. Сохтмончиёни ноҳия ба маблағи 2 миллиону 763 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 488 сомонӣ зиёд аст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба нархи маҳсулот, сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия, таълиму тарбияи ҷавонон вобаста ба таҳдидҳои замони имрӯз, таъмини аҳолӣ бо об, вазъи соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Истеҳсол ва содироти неруи барқ афзуд
Дар нишасти матбуотии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», ки 28 июли соли равон баргузор гардид, оид ба фаъолияти шашмоҳа маълумоти муфассал пешниҳоди рӯзноманигорон карда шуд.
Муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Бобозода Ҷамшед Қурбоналӣ ва муовини раиси ширкат Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ 7 миллиарду 210,8 миллион кВт.соатро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 406,5 миллион кВт.соат зиёд мебошад.Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ба 7 миллиарду 8 миллион кВт.соат, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 199,1 миллион кВт.соат ва неругоҳҳои барқи обии хурд ба 3,7 миллион кВт.соат баробар шудааст.
Давоми моҳҳои январ — июни соли 2015 ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ширкат илова ба барқи истеҳсолкардаи худ 1 миллиарду 346,4 миллион кВт.соат неруи барқ харидорӣ намудааст. Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар давоми шаш моҳ ба 544,3 миллион кВт. соат баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,2 миллион кВт.соат афзоиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки бо мақсади дар фасли зимистон беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ва гармӣ ба сокинони шаҳри Душанбе дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» корҳои васлу насбкунӣ, таъмири ҷорӣ ва асосии таҷҳизот ба роҳ монда шудааст.
Ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар ин давра 771,2 миллион сомонӣ ё ин ки 92,2 фоизи маблағи ҳисобшударо ташкил медиҳад. Иттилоъ гирифтем, ки масъалаи асосӣ дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағи истифодаи неруи барқ аз тарафи муассисаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон мебошад, зеро давоми шаш моҳ муассисаҳои мазкур ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ қувваи барқро истифода намуда, ҳамагӣ як миллион сомонӣ пардохт кардаанд, ки 7,2 фоиз мебошад.
Иттилоъ гирифтем, ки қарзҳои дебитории ШСХК «Барқи Тоҷик» то якуми июли соли 2015-ум 1157 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Зиёда аз 3500 км роҳи ҳавоӣ мавҷуд аст
Айни ҳол ба 125 ширкати ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ хизматҳои аэронавигатсионӣ расонида мешавад, ки 18-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 108-тои дигараш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои мавсимӣ буда, барои парвозҳо ба фурудгоҳҳои кишвар аз 60 навъи ҳавопаймо истифода мебаранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Иброҳим Ҷобиров иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки даромади умумии корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз афзуда, пардохтҳо ба Буҷети давлатӣ зиёда аз 8 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба шаш моҳи аввали соли 2014-ум 52,8 фоиз зиёд аст. Дар ин давра аз ҷониби корхона ба 25326 ҳавопаймо хизматрасонӣ шудааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз кам мебошад. Сабаби асосии инро масъулин дар кам шудани парвозҳои транзитӣ бинобар хуруҷи барномавии қувваҳои ҳарбӣ ҳавоии НАТО аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва коҳиши теъдоди парвозҳо ба самти Федератсияи Россия аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ арзёбӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон зиёда аз 3500 километр роҳи ҳавоӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, ҳаққи хизматрасонии аэронавигатсионӣ барои ҳавопаймоҳои то 50 тонна вазндошта барои 100 км тақрибан 70 доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Ин хизматрасонӣ барои вазни аз 50 то 100 тонна бошад, 98 доллари ИМА ва барои ҳавопаймоҳои100-150 тонна вазндошта 118 доллари ИМА арзиш дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Иқдомоти амалишуда ришваситониро аз байн мебарад
Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ректори донишгоҳ, профессор Абдулло Ҳабибулло иброз дошт, ки соли таҳсили 2014-2015 барои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни он соли хоса буд, зеро онҳо тӯли соли фавқуззикр ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2015 таҳти №565 «Дар бораи таҷлили ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» корҳои зиёдеро дар самти рушди илм, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим, таҳкими заминаи моддӣ — техникӣ ва пешбурди корҳои тарбиявӣ ба анҷом расонидаанд.
Зикр гардид, ки дар донишгоҳ дар баробари татбиқи дигар барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ зимни вохӯриҳои пайваста баррасӣ гардида, раёсати донишгоҳ барои муайян намудани ҳолати дар ин бахш миёни донишҷӯён давоми соли таҳсил ду маротиба пурсиш гузаронид. Илова бар ин, дар факултетҳо супоридани имтиҳонҳо тариқи Маркази тестии қабули имтиҳонот ба роҳ монда шуд, ки донишҷӯён аз он қаноатманд мебошанд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Абдулло Ҳабибулло намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Ш. ХУДОЙДОДОВА, котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ