Ноуҳдабароии 15 шаҳру ноҳия дар иҷрои қисми даромади буҷет
Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон зимни нишасти матбуотӣ минҷумла иброз дошт, ки ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба маблағи 6,9 млрд. сомонӣ ё ба андозаи 96,7 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 235,2 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 847,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин росто, иҷрои нақшаи даромади Буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 93,5 фоиз таъмин гардида, ба он 3,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи пешбинигардида 223,1 млн. сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки мақомоти андоз нақшаи даромади Буҷети давлатиро 102,6 фоиз таъмин намуда, ба буҷет 3,8 млрд. сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки ин нисбат ба нақша 94,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 442,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ гирифтем, ки аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 1,6 млрд. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин 80,8 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 389,0 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 267,4 млн. сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии ин омил ба коҳишёбии гардиши савдои беруна рабт дода шуд.
Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз Буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 364,2 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст.
Боиси нигаронист, ки ҳаҷми бақияпулиҳои андоз нисбат ба 1 январи соли 2015 (618,8 млн. сомонӣ) ба маблағи 89,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 июли соли 2015- ум 708,3 млн. сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба корхонаҳои азими ҷумҳурӣ — 330,5 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон – 119,4 млн. сомонӣ, вилояти Суғд – 149,2 млн. сомонӣ, ВМКБ- 0,4 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе – 58,0 млн. сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 51,0 млн. сомонӣ рост меояд.
Боиси таассуф аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 15 шаҳру ноҳияҳо иҷрои қисми даромади буҷетро таъмин карда натавонистанд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 34,2 млн. сомонӣ ворид нагардид.
Аз ҷумла аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — панҷ шаҳру ноҳия ба маблағи 15,7 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон – ду ноҳия ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ, вилояти Суғд – ҳафт шаҳру ноҳия ба маблағи 14,8 млн. сомонӣ ин нақшаро ва шаҳри Душанбе як ноҳия ба маблағи 425,0 ҳазор сомонии нақшаро таъмин карда натавонистанд.
Қисми хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 дар доираи даромадҳои воқеии буҷет ба андозаи 83,2 фоиз маблағгузорӣ гардида, ба иқтисодиёти кишвар 6,2 млрд. сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 664,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад ва 32,5 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 3,3 млрд. сомонӣ равона карда шудааст, ки 54,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотҳои Буҷети давлатиро ташкил медиҳад ва дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин карда шудааст.
Бояд зикр, ки дар давраи сипаригардида барои рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакат аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,3 млн. сомонӣ ва аз Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 405,0 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардидааст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»
Барои даромади беасос ҷаримабандӣ шуданд
Зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Сафар Санг гуфт, ки Хадамот бо мақсади татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, назорати фаъолияти рекламавӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 корҳои мушаххасро анҷом дод.
Тибқи маълумоти оморию гумрукӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 395,5 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 286 доллари ИМА барои як тонна ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 ҳазор тонна (371,8 ҳазор тонна) ё 6,37 фоиз зиёд аст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 77,8 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 405 доллари ИМА барои як тонна ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 ҳазор тонна (94,7 ҳазор тонна) ё 17,8 фоиз кам мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 83,5 ҳазор тонна шакар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 23,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. Воридоти равғани растанӣ бошад, ба 38353,4 тонна расид, ки аз соли гузашта андаке зиёд аст. Истеҳсоли семент дар нимсолаи аввали соли 2015 ба 668,9 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 134,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 282 781,9 тонна маҳсулоти нефтӣ, аз ҷумла 121130,8 тонна бензин, 125754,9 тонна сӯзишвории дизелӣ, 20908,3 тонна сӯзишвории ТС-1,9836,3 тонна равғанҳои молиданӣ ва 5151,6 тонна мазут ворид гардидааст.
Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2015 барои вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисорӣ ашхоси масъулро ба маблағи 62684,38 сомонӣ ҷарима намудааст. Аз маблағи 569329 сомонии даромади беасос ошкоргардида ба санаи якуми июли соли равон маблағи 141658 сомонӣ ба Буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Таъсиси кафедраҳои нав дар назар аст
24 июли соли 2015 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшеди Сиҷоат оғоз намуд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар донишкада ду факултет «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирии дастгоҳӣ», «Графикаи дастгоҳӣ» ва факултети «Дизайн» бо кафедраҳои «Санъати муҷассамавӣ ва ороишӣ – амалӣ», «Тарҳрезии бадеӣ ва муҳити меъморӣ» ва «Табиатшиносӣ ва технологияи иттилоотӣ» бо фарогирии 430 нафар донишҷӯ мавҷуд буда, кафедраи умумидонишкадавии «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» фаъолият дорад.
Раёсати донишкада фаъолияти худро бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои корӣ аз рӯи 21 ихтисос роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла дар шуъбаи ғоибона аз рӯи шаш ихтисос имсол омода намудани мутахассисон ба нақша гирифта шудааст.
Бо дарназардошти санадҳои меъёрии амалкунанда ва нақша — чорабиниҳои Раёсати донишкада корҳои эҷодиро дар шашмоҳаи соли 2015 хеле хуб ба роҳ монда, якҷо бо омӯзгорони кафедраҳои факултетҳо ва кураторони гурӯҳҳо мунтазам ҷаласаҳо ва дарс гузаронида мешаванд. Нақшаҳои тарбиявии устодон тибқи Консепсияи миллии тарбия тартиб дода шуда, аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ тасдиқ гардидааст. Ҷараёни баргузории дарсҳои кураторӣ дар соли 2015 мувофиқ бо дарсҳои гузаштаи устодон дар ҷадвали дарсӣ сурат гирифта, мавзӯи дарсҳои тарбиявӣ дар журналҳои дарсӣ қайд гардидаанд.
Ин тарз ба роҳ мондани дарсгузаронӣ бо мақсаде мебошад, ки донишҷӯ, устод ва роҳбари курс масъулияти ба зиммадоштаашонро беҳтару хубтар дарк намоянд.
Фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада дар чорабиниҳои фарҳангии дохилию берун аз он дар шаш моҳи соли 2015 хеле назаррас буд, зеро дар ин муддат донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада тавонистанд дар зиёда аз 14 маҳфилҳо, чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд.
Бояд зикр намуд, ки 20 июни соли 2015 дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» маросими супоридани ҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2015» баргузор гардид, ки дар он омӯзгори факултети «Санъати тасвирӣ» Ҷамшед Холиқов иштирок намуда, беҳтарин ороишгари саҳна аз рӯи асари «Гирдоб»- и Нур Табаров дониста шуд.
Дар баробари ин, тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2014 таҳти №80- ф, хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 28, ки ба зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошт, ба тавозуни донишкада гузаронида шуд. Айни замон ҳуҷҷатҳои бинои хобгоҳ барои таъмири капиталӣ ва азнавсозӣ таҳия гашта, ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудааст.
Нақшаи қабули довталабон барои соли таҳсили 2015 — 2016 –ум 660 нафар донишҷӯ, аз рӯи 26 ихтисос тасдиқ гардидааст.
- Умуман, аҳли донишкада барои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн кӯшиш доранд, — гуфт дар хотима ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшеди Сиҷоат.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишкада пурсон шуда, ба суолҳояшон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»
Фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ошкор ва қатъ карда шуд
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Назарзода Рустам зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 567 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014- ум 9,7 фоиз кам мебошад.
Шумораи ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар маҷмӯъ аз 5,7 фоизи нимсолаи соли 2014 то 4,6 фоиз дар нимсолаи якуми соли 2015 коҳиш ёфт.
Дар хориҷи кишвар 202 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ( дар шаш моҳи соли 2014- ум 259 нафар буданд) дастгир карда шуданд. Дар давраи сипаригардида аз тарафи кормандони Агентӣ 95 ҷиноят (ҳамин давраи соли 2014- ум 71) ба қайд гирифта шуд, ки 60- тои он бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан») бандубаст шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 бевосита аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 684 килограмму 616 грамм маводи нашъадор мусодира гардид. Аз ин миқдор 368 килограмму 271 граммашро афюн, 316 килограмму 345 грамми боқимондаро маводи нашъаовари мансуб ба гурӯҳи каннабис ташкил медод.
104 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид, ки ин нисбати соли 2014- ум чор фоиз зиёд мебошад. Аз онҳо 61 (соли 2014- ум 52) парвандаи ҷиноӣ нисбати 92 (соли 2014 -73) шахс ба судҳо ирсол гардиданд.
Бо андешидани як қатор чораҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ 26 ҷиноят, ки дар ҳайати гурӯҳҳо содир шудааст ва ба онҳо ду ва аз ин зиёд ҷинояткор шомил буданд, ошкор гардид. Фаъолияти ду гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.
Шаш нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир гардиданд. Беморони вобаста ба нашъамандӣ 7199 нафарро ташкил медиҳанд, ки 196 нафарашон занон мебошанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
47 фоизи таркиби лоиҳаҳои мавриди амалро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд
Бисту ҳафтуми июли соли равон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Муовини якуми раиси кумита Лочин Файзуллозода зикр кард, ки айни ҳол 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 14,1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ панҷ созишномаи нав ба маблағи умумии 123,5 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст, ки 67 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки 48 фоизи маблағи лоиҳаҳои амалишаванда аз худ карда шудааст. Лоиҳаҳо даҳ соҳаро дар бар гирифта, дар таркиби онҳо маблағҳои қарзӣ 45 фоиз, грантӣ, 47 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,7 фоиз ва дигар сарчашмаҳо 1,3 фоизро ташкил медиҳанд. Азхудкунии маблағҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 899,6 миллион сомонӣ мебошад.
Лочин Файзуллозода гуфт, ки давоми шаш моҳ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 13,1 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид гардидааст, ки баробар ба 52,3 фоизи нақшаи пешбинигардида барои соли 2015 мебошад. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра шарикии давлат бо бахши хусусӣ тақвият ёфта, устувории рушди бахши хусусӣ таъмин гардид. Аз рӯи маълумотҳо ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 70 фоиз баробар шудааст.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти бомаром дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2015 бори сеюм ҳамчун мамлакати беҳтарини ислоҳотгари ҷаҳон эътироф гардид. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун сохтори беҳтарини муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, бо ҷоизаи байналмилалии «Ҳовард»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Шоҳигарии Дания оид ба саноат сарфароз гардонида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ 305 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 фоиз зиёд мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Назорати дохилиидоравии истифодабарии маблағҳо мувофиқи матлаб нест
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишастро муовини якуми директори Агентӣ Наимӣ Аламхон Қодириён ифтитоҳ намуда, дар оғоз ба хабарнигорони воситаҳои ахбор омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ маълумот дод.
- Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи нақшаи корӣ, супоришҳои ҳукуматӣ, гузоришҳои фаврӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби 66 нафар мутахассисони Агентӣ 519 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида 141,0 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхон Қодириён.
Аз гузориши мавсуф бармеояд, ки аз ин рақам хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,0 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 16,0 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 40,0 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 2,0 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ дар натиҷаи бемасъулиятии роҳбарон ва кормандони молиёт 25,0 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 45,0 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 74,0 миллион сомонӣ ё 52,7 фоизи зарари ошкоргардида ба хазинаи давлат ворид карда шудааст, ки 61,0 миллион сомонии он ба буҷет ва 13,0 миллион сомонии он ба корхонаҳо рост меояд.
-Натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо бо иштироки кормандони Агентӣ мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуд,- гуфт мавсуф.
Дар натиҷа, нисбати 495 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон муҷозоти интизомӣ ва моддӣ татбиқ гардидааст. Аз ҷумла 35 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдӯш карда шудаанд.
Давоми шаш моҳи соли 2015 муфаттишони Агентӣ 455 парвандаи ҷиноятиро ба истеҳсолот қабул карда, тафтиши 311 парвандаи ҷиноятиро нисбати 387 нафар ба итмом расонидаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ, хусусан дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», вазоратҳои корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илм роҳ дода шудааст. Яке аз сабабҳои асосии роҳ додан ба ин камбудиҳоро Аламхон Наимӣ дар таъмин накардани назорати дохилиидоравии истифодабарии маблағу воситаҳои давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ маънидод кард.
М.Худойназаров, «Садои мардум»
Нақша барзиёд иҷро шудааст
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2015 нишасти матбуотӣ доир гардид, ки он бо пешниҳоди раиси ноҳия Савзаалӣ Назирзода якбора аз суолу ҷавоб оғоз ёфт.
Аз ҷавобҳои раиси ноҳия ва дигар масъулон маълум гардид, ки дар ин ҷо барои ба низом даровардани вазъи санитарию экологии дарёи Варзоб ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расида бошад ҳам, ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда бисёранд. Тозагии маркази ноҳия, қад-қади шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва соҳили дарёи Варзоб бо кумаки аҳолии деҳоти «Варзоб-Қалъа», «Чорбоғ» ва ба номи С. Айнӣ хеле беҳтар шудааст. Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи муҳити зист кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар нуқтаҳои номбурда назоратро пурзӯр намуда, дар иншооти дар ҳудуди ноҳиябуда сари вақт санҷишҳо гузаронида, хулосаҳои санитарӣ медиҳанд.
Тавре маълум гардид, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд. Иҷрои қисми даромади буҷети ноҳия дар ин давра аз рӯи даҳ намуди сарчашмаҳои дохилӣ 82 миллиону 997226 сомониро ташкил намуд, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 250794 сомонӣ зиёд мебошад. Аз қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, дар ин давра 13 миллиону 524878 сомонӣ аз худ карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 634173 сомонӣ зиёд аст.
Савзаалӣ Назирзода ҳамчунин зикр кард, ки фаъолияти кишоварзони ноҳия нисбати ҳамин давраи соли гузашта чашмрас аст. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 104, чорвои майда 111 ва асп 107 фоизи нақша расид. Оилаҳои занбӯри асал нисбати соли гузашта зиёд шуд. Истеҳсоли маҳсулот дар хоҷагиҳои аҳолӣ, аз ҷумла гӯшт бо вазни зинда 373 тонна ё 98,9 фоиз, шир 3487 тонна ё 104 фоиз, тухм 529 ҳазор дона ё 109,0 фоиз иҷро гардид. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 21 миллиону 380 ҳазор сомонӣ ё 102,2 фоизро ташкил дод.
Дар рафти нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба таъмини аҳолии ниёзманд ба заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони биноҳои нав, иншооти маданиву маишӣ, хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ посух дода шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,«Садои мардум»