Аз нишастҳои матбуотӣ

№105 (3406) 05.08.2015

723367968Хушнудии вазир аз тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни таҳлили фаъолияти нимсолаи аввали соли 2015  дар нишасти матбуотӣ, пеш аз ҳама, аз сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ (10 — 14 апрел), Федератсияи Россия (8-9 май) ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (12 — 13 июн) ёдовар шуд. Ҳамчунин сафарҳои чанде аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ дар ин муддат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвари мо якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки миёни онҳо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти  раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), ки рӯзҳои 9 — 11 июни соли 2015 баргузор гардид, аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 193 ҳайати гуногунсатҳи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Пояи қарордодӣ — ҳуқуқии рушди муносибатҳои  гуногунҷанбаи кишвар таҳким ёфта, 20 санади дуҷониба ба имзо расид. Дар ин давра Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Рушду тавсеаи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ махсус зикр гардид. Вобаста ба муносибат бо ҳамсоякишвар — Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷӣ бо хушнудӣ баён дошт, ки ахиран як ҷаласаи  комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Тошкант баргузор гардид, ки хеле манфиатовар буд. Роҷеъ ба чандин масъалаҳо тарафҳо ба яқ қарор омаданд ва чунин мулоқоту гуфтушунидҳо идома меёбанд. Пешниҳодот оид ба  ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулоти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои якдигар, тавсеаи муносибатҳои фарҳангӣ ва илмӣ аз ҷониби намояндагони ҳар ду кишвари ҳамсоя хуб пазироӣ гардид.

Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо дигар кишварҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон ва Арманистон  низ тавсеа ёфтанд.

-Дар давраи ҳисоботӣ дар самти тақвияти робитаҳо бо кишварҳои Осиё натиҷаҳои боздидҳои Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз  Шариф (9-10 июн), Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ (7-9 июн), сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон (12-14 май), силсилаи сафарҳои ҳайатҳои гуногунсатҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (3-4 май, шаҳри Исломобод) ва баргузории даври сеюми машваратҳо бо Вазорати корҳои хориҷии Туркия (26 июн, шаҳри Душанбе) нақши муҳим доштанд,- таъкид дошт Сироҷиддин Аслов.

Б. КАРИМ, «Садои мардум»

Коҳишёбии хизматрасонии пулакӣ ташвишовар аст

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, сарфи назар аз таъсири равандҳои глобалӣ рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ба 19,2 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки суръати афзоиши он 6,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Мавсуф афзуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,2 фоиз, кишоварзӣ 6,9 фоиз, гардиши савдои чакана 10,9 фоиз зиёд шуд.  Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ бошад,  давоми шаш моҳи соли равон  2009,1 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21,9 фоиз кам мебошад. Коҳишёбии ҳаҷми содирот 7,9 фоиз ва воридот 25 фоизро ташкил дода, тамоюли манфии тавозуни савдо ба 1140,3 миллион доллари ИМА баробар шуд. Бино ба гуфти Неъматулло Ҳикматуллозода, айни замон дар Минтақаҳои Озоди Иқтисодӣ (МОИ)-и мамлакат 60 субъект ба қайд гирифта шуда, корҳо дар самти сохтмони иншооти инфрасохторӣ, такмили санадҳои меъёрӣ ва бақайдгирии субъектҳо идома доранд.

Дар ҷавоб ба пурсиши мо оид ба  берун шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати кишварҳои фақир ва таъсири он ба ҷалби сармоя, номбурда афзуд, ки ин рӯйдод метавонад боиси ифтихор ва сарфарозии мо бошад, зеро шарикон Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари боэътимод эътироф намуда, ҳаҷми маблағҳои пешниҳодшавандаро зиёд менамоянд. Чунки қарзи берунаи ҷумҳурӣ айни ҳол 19 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар дунё ба ҳисоб меравад.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 4601,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз ё ба маблағи 104,4 миллион сомонӣ кам аст. Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки ин нишондод  ва коҳишёбии хизматрасониҳои бонкӣ то андозае ташвишовар мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

76,3 фоизи роҳсозон шаҳрвандони маҳаллианд

Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки 15 лоиҳаи гуногунсамту мухталифҳаҷм бо маблағи умумии 626,2 миллион доллари ИМА татбиқ шуда истодааст. 

Мавсуф зикр кард, ки дар назар аст соли равон азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент ва Шӯрообод — Шоҳон ба охир расад.  Дар лоиҳаҳои мавриди назар 1335 нафар кор мекунанд, ки 76,3 фоизашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Бино ба гуфти мавсуф, давоми шаш моҳи соли 2015 шаш иншооти аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Буҷети ҷумҳуриявӣ бунёдшаванда, аз ҷумла бунёди пул аз болои дарёи Ванҷоб дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб — Кулма ба маблағи 24,2 миллион сомонӣ ба охир расид. Зикр гаридид, ки дар ин давра тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 36,9 миллион тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз зиёд мебошад.  Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ 92 фоиз ба нақлиёти автомобилӣ ва 7,8 фоиз ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.  Гуфта шуд, ки ба 265,3 миллион нафар мусофир бо нақлиёти автомобилӣ, 352,3 ҳазор нафар мусофир бо нақлиёти ҳавоӣ ва 198,1 ҳазор нафар мусофир бо нақлиёти роҳи оҳан хизматрасонӣ шудааст.

Суҳроб Мирзоев афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби фаъолияти нозиротию танзимӣ 7,6 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шуда, барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 8040 иҷозатнома дода шудааст.

Дар фарҷоми нишаст масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон посух гуфтанд.

Шарифи СОЛЕҲ, «Садои мардум»

 Санҷишҳо камбудиҳои зиёдро ошкор намуданд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар рафти санҷишҳо барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду санад, панҷ огоҳӣ ва чор протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, панҷ огоҳӣ, ноҳияи Фирдавсӣ панҷ огоҳӣ ва ноҳияи Сино шаш огоҳӣ тартиб дода шудааст. Дар ин давра ҳашт муассисаву нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, санади огоҳӣ ва маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ин нукта зимни нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд. Бино ба гуфти раиси Кумита Гавҳар Шарофзода, рекламаҳои беруние, ки дар кӯчаҳои шаҳр мавҷуданд, аксарият ба талабот ҷавобгӯ набуда, хилофи қонун мебошанд. Вобаста ба ин масъала гурӯҳи кории кумита дар чор ноҳияи пойтахт якҷо бо намояндагони мақомоти дахлдор фаъолият бурда, камбудиҳои ҷойдоштаро вобаста ба рекламаҳои берунӣ ошкор мекунанд.

Ӯ иброз дошт, ки аз ҷониби кормандони кумита мутобиқи дархости мақомот ба номгузории 23 деҳа, як деҳот ва як маҳалла хулоса пешниҳод гардид, ки аз ин теъдод 21 номи маҳали аҳолинишин бо дарназардошти такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин сарфи назар кардан ҳангоми интихоби номи  маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ рад карда шуд.

Х.ШАРИПОВ,  «Садои мардум»

Вазифаи аслӣ баланд бардоштани сифату самараи ҳуқуқэҷодкунист

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо Марказ ба зиёда аз 30 лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 200 таклифу пешниҳодҳоро дар бар мегирад.

Аз ҷониби кормандони Марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва соҳаҳои дигари идоракунӣ, аз ҷумла китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир» (қисми дуюм), «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ», «Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ дар ҳуҷҷатҳо» (ба забони русӣ), тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва ғайра таҳия ва нашр карда шуданд. Дар маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва илмӣ — оммавӣ ба чоп расиданд.

Давоми шаш моҳ дар  Марказ тибқи нақшаи корӣ ду конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъҳои «Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун» ва «Ҷойи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи ҷаҳон» гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни соҳаи қонунгузорӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Марказ Феҳристи ягонаи таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум» 

Биноҳои хуштарҳи замонавӣ бунёд мегарданд

Дар нишасти матбуотӣ, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, натиҷаҳои бадастовардаи нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Зикр шуд, ки дар ин давра Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, беш аз 4 миллиард сомониро ташкил дод ва рушди воқеии он ба 6,3 фоиз баробар гардид.

Ҳиссаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии шаҳри Душанбе тибқи ҳисоботҳои фаврӣ 21,7 фоиз ва ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ 31,5 фоизи ҳаҷми умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад, ки беҳтарин нишондод дар ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо зиёда аз 1,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки ба 109,9 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Ин нишондод беш аз 30 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар ин давра беш аз 119 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр 17667 ҷойи кори нав таъсис дода ё барқарор карда шуд, ки 58 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозҳо 107,5 фоиз иҷро гардид ва ба ҷойи 586,6 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет 630,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 43,8 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар поёни нишасти матбуотӣ муовинони раиси шаҳр ва роҳбарони мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ ба саволу пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.

Саттори УМАР, «Садои мардум»

Ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон зиёд гардидааст

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 411 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва  сатҳи ошкоркунии онҳо 94,3 фоизро ташкил медиҳад.  Дар идомаи суханронии вазир зикр гардид, ки дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ ва амалиётҳои махсус 12 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 100 нафар барои содир намудани 208 ҷиноят муайян ва дастгир шуданд.

Давоми нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 51 ҷинояти вобаста ба куштор, 68 ғоратгарӣ, 16 таҷовуз ба номус, 43 қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 593 авбошӣ, 2741 дуздӣ ва 1902 қаллобӣ ба қайд гирифта шуд. Аз гардиши ғайриқонунӣ  ду тоннаву 666 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки аз ин миқдор як тоннаву 377 кг ё 51,6 фоизи онро мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира кардааст. Вобаста ба қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо 19 нафар шаҳрванд барои  содир намудани 17 ҷиноят дастгир шуданд, ки дар натиҷа аз онҳо ба миқдори 332 грамм метали қиматбаҳои тилло бо арзиши 63 ҳазор сомонӣ ва 194 грамм сангҳои қиматбаҳои ёқути сурх бо арзиши 68816 сомонӣ мусодира гардид.

Дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкориҳои самаранок бо аҳолӣ дар шаш моҳи соли равон аз аҳолӣ 1052 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ нигоҳдоришуда дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамзамон дар ин давра 15 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки дар онҳо 37 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 29 нафар ноболиғон ғайриқонунӣ ба тадриси илмӣ — динӣ машғул буданд ва 178 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ  ошкор гардид. Ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби ноболиғон дар 422 ҳолат ва аз ҷониби ҷавонон дар 3063 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 мутаносибан 46 ҳолат ва 469 ҳолат зиёд мебошад.

Ҳамзамон 326 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ муайян шуд, ки 181 нафарашонро мардон ва 145 нафари дигарро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 642 садамаи  нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 196 нафар ҳалок ва 688 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар охири нишасти матбуотӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон, ки асосан аз мавзӯъҳои шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурия ва Ироқ, пешгирии содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзои ба ном «Давлати Исломӣ» ва дигар масъалаҳои доғи рӯз иборат буданд, посухҳои мушаххас дод.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

 Бо андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ зарари молиявӣ барқарор гардид

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҷиҳати назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 2709 санҷиш гузаронида шуд. Баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 18953 санади эътиноии прокурорӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо 15548 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида, 1512 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Бо натиҷаи санҷишҳо ва андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ аз 176 млн. сомонӣ зарари молиявие, ки дар натиҷаи қонунвайронкуниҳо расонидаанд, 110 млн. сомонии он бевосита ба Буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

Дар самти иҷрои қонунгузории замин бошад,  258 санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷа 2714 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда, дар асоси баррасии онҳо 2219 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида,  нисбати 502 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Мақомоти прокуратура бо дарназардошти болоравии қурби асъори хориҷӣ, баҳри таъмини назорати қонунгузорӣ дар ин самт, бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Бонки миллии Тоҷикистон санҷишҳои муштарак гузаронида, 606 ҳолати қонунвайронкуниро ошкор карда, 70 парвандаи ҷиноятӣ ва 536 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуд.

Ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» зери назорат қарор доранд. Шахсияти қариб ҳамаи онҳое, ки дар муҳорибаҳо дар давлатҳои Ироқу Сурия иштирок меварзанд, муайян ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ҳоло онҳо дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. То имрӯз дар ин ҷангҳо бештар аз 100 нафар шаҳрвандони мо ҳалок шудаанд.

Аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 468 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 46 адад ё 9,8 фоиз кам мебошад. Дар ҷумҳурӣ кушодашавии ҷиноятҳо ба 88,3 фоиз расидааст.

Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум»

Муроҷиати шаҳрвандон зиёд шудааст

Аз гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода маълум шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2015 ба ин мақомот 1599 (солҳои 2014 — 1211) нафар муроҷиат намудаанд.

Муроҷиатҳо асосан ба масъалаҳои ҳуқуқ ба манзил (26 адад), норозигӣ нисбати санадҳои судӣ, мусоидат дар иштироки намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи судӣ, бартараф кардани монеаҳо дар истифодаи манзил, монеа эҷод намудани шахси дигар дар назди ҳавлии истиқоматиаш,  кӯчонидан аз манзил, зиёд намудани андозаи алимент, азонихудкунии манзили истиқоматӣ аз ҷониби шахси дигар бо роҳи қаллобию сохтакорӣ, ҷудо намудани ҳисса аз манзили истиқоматӣ, бекор кардани шартномаи туҳфаи манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи молик эътироф намудан ва ғайра тааллуқ доштанд.

Инчунин масъалаҳои норозигӣ аз фаъолияти кормандони ВКД,  шахсони мансабдор, мусоидат барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, мусоидат барои бекор кардани қарори қабулнамудаи корманди прокуратура, мусоидат барои ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳокимаи одилонаи судӣ аз ҷумлаи дигар арзу шикоятҳои шаҳрвандон буд.

М. Аъзам, «Садои мардум»

Хоҷагиҳои ёрирасон мутамарказонида мешаванд

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» доир ба фаъолияти худ дар шаш моҳи аввали соли 2015 нишасти матбуотӣ доир намуд.

Муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Иброҳим Гулов иброз дошт, ки аз оғози соли равон дар фаъолияти кооператсияи матлубот усулҳои нави идоракунӣ ворид карда шуданд. Бо мақсади таъмини самаранокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти чорво, саршумори чорвои калон ва чорвои майда, хоҷагиҳои ёрирасони махсусгардонидашудаи «Ҳисор», «Заркамар» ва «Ширкент»-и Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мутамарказ гардонида шуданд. Инчунин ҷиҳати истеҳсоли асали хушсифати табиӣ оилаҳои занбӯри асал, ки дар баъзе ташкилотҳо нигоҳ дошта мешуданд ва самараи дилхоҳ намедоданд, дар ду минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Муъминобод ва водии Сағирдашти ноҳияи Дарвоз мутамарказ гардонида, нигоҳубини онҳо ба мутахассисони касбӣ вогузор шуданд.

Дар ин давра даромади умумӣ 50,8 миллион сомониро ташкил намуда, ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол ва хӯроки умумӣ ба 53,4 миллион сомонӣ, ҳаҷми савдои муассисаҳои хӯроки умумӣ бошад, ба 14,2 миллион сомонӣ расонида шуд. Ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ бошад, ба 29,1 миллион сомонӣ расид.  Аз ҳама намуди манбаъҳо ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 15,6 миллион сомонӣ андоз супорида шуд.

Ҷиҳати омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистодаи солҳои 2015 — 2016-ум даҳ ҳазор тонна молу маҳсулот, аз он ҷумла 3600 тонна пиёз, 3700 тонна картошка, 200 тонна меваи тару тоза, 800 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 220 тонна зироатҳои полезӣ, 2 миллиону 230 ҳазор қуттии шартии маҳсулоти консерва захира карда мешавад. Нақшаи захираи ангишт 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки айни ҳол ба анборҳо кашонидани он оғоз гардидааст.

М. ЗОКИР, «Садои мардум»

БМИМТ: Татбиқи ду барнома идома дорад

Дар нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (БМИМТ) оид ба рафти татбиқи марҳилаи сеюми  барномаҳои «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» иттилоъ дода шуд.

Директори иҷроияи БМИМТ Шералӣ Сиддиқов гуфт, ки Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар маҷмӯъ сохтмони 12 бинои дуошёнаи таълимиро дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикиобод дар бар гирифта, муҳлати татбиқи он то 31 марти соли 2017 пешбинӣ шудааст. То якуми июли соли равон як лоиҳа дар давраи истифодабарӣ ва замонат, шаш лоиҳа дар давраи иҷрои корҳои сохтмонӣ, ду лоиҳа дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва се лоиҳаи дигар дар марҳилаи омодасозии ҳуҷҷатҳо қарор дошта, азхудкунии маблағҳо давоми шаш моҳ  зиёда аз 334 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мақсади барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ»  низ беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи вилояти Хатлон бо роҳи бунёд кардан ва ташкил намудани ассосиатсияҳои волидону омӯзгорон  аст. Дар доираи барномаи мазкур сохтмони 14 бинои нави дорои 6-10 синфхона ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 9,18 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 8,04 миллион доллари ИМА гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия, 1,04 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,10 миллион доллари ИМА аз ҳисоби дигар манбаъҳо, аз ҷумла ҳиссаи аҳолӣ мебошад. Дар назар аст, ки ин барнома низ то моҳи июни соли 2017 татбиқ гардад.

Дар нишаст оид ба корҳои анҷомдодаи БМИМТ ва дигар самтҳои фаъолияти он маълумот дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 21 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд

 Дар нишасти матбуотӣ директори филиали Донишгоҳи давлатии  Москва ба номи М. В. Ломоносов  дар шаҳри Душанбе А.Н. Реймерс иброз намуд, ки филиали донишгоҳи мазкур тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №655 аз шашуми майи соли 2009 бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ таъсис дода шудааст.

Омода намудани мутахассисон дар филиали донишгоҳ  дар соли 2015 аз рӯи стандартҳои таълимии насли дуюм ва сеюм ба роҳ монда шуда буд. Ҳоло нақшаҳои таълимии нав мувофиқи Стандартҳои таълимии давлатии федералии таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳия ва ба тасвиб расонида шудаанд. Айни ҳол дар филиали донишгоҳи мазкур донишҷӯён аз рӯи шаш ихтисос -  химия, физика ва механикаи мавод, математикаи амалӣ ва барномасозӣ, геология, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика  таҳсил карда истодаанд.

Дар соли таҳсили 2014-2015 донишгоҳро 137 нафар мутахассисони ҷавон, аз ҷумла  21 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд. Шумораи умумии донишҷуёни донишгоҳи мазкур 558  нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 373 нафарашон дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва  185 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.  Дар нимсолаи аввали соли 2015 ба  ҷараёни таълим 52 нафар докторони илм ва 153 нафар номзадҳои илм ҷалб карда шуданд. Айни ҳол дар донишгоҳ ҳафт  нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз  Федератсияи Россия як нафар, Ҷумҳурии Халқии Хитой чор нафар,  Ҷумҳурии Қазоқистон як нафар ва Кореяи Ҷанубӣ як нафар таҳсил менамоянд. Дар давраи  ҳисоботӣ дар донишгоҳ  майдончаи варзишӣ ва толори махсуси варзишӣ сохта шуд, ки барои истифодабарӣ омодаанд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»

Донишкада ба омӯзгорони варзида ниёз дорад

-Донишкадаи мо ҳанӯз ҷавон аст. Аз ташкилшавии он ҳамагӣ нуҳ сол сипарӣ гардидааст. Дар ин муддати кӯтоҳ он тавонист барои муассисаҳои таҳсилотии миёнаи умумии минтақаи Рашт мутахассисони зиёдро тарбия намояд, — иброз дошт ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои техникӣ Муродалӣ Сангов  зимни нишасти матбуотӣ.

Донишкада айни ҳол дорои ду факултет, шуъбаи ғоибона ва 11 кафедра мебошад.

Теъдоди умумии омӯзгорони донишкада 77 нафар буда, аз ин шумора 14 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла чор нафар номзадҳои илм, 29 муаллими калон ва боқӣ ассистентон мебошанд.

Шумораи умумии донишҷӯён 2029 нафарро ташкил дода, аз он 901 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 1128 нафарашон дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд.

Агар давоми солҳои хониши гузашта аз ҷумлаи хатмкунандагони донишкада 15 нафар ба магистратура дохил шуда бошанд, пас дар солҳои 2014 — 2015 тибқи озмун барои идомаи таҳсил 13 нафар хатмкунандагони факултетҳои гуногуни донишкада ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия роҳхат гирифтанд.

- Масъалаи таъмини донишкада бо устодони варзида ва соҳибунвон аз мушкилоти асосӣ мебошад. Дар донишкада айни ҳол ҳамагӣ чор нафар номзади илм кор мекунанд. Талош дорем, ки аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо устодони варзидаро барои кор даъват намоем. Умед дорем, ки ояндаи наздик бо кумак ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкилот аз байн бурда мешавад.

Дар китобхонаи донишкада адабиёти зарурӣ пурра дастрас нест ва донишҷӯён дар пайдо намудани он мушкилӣ мекашанд. Барои харидории китоб маблағҳои ҷудонамуда кифоя нест.

Донишкада дар ноҳияи Рашт бо он мақсад таъсис дода шудааст, ки муассисаҳои таҳсилотии миёнаи умумии навоҳии минтақа бо мутахассисон таъмин карда шаванд.

Масъалаи истифодаи техникаи муосир дар донишкада низ мувофиқи талабот нест, — гуфтанд дар фарҷоми нишасти матбуотӣ масъулини донишкада.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»