Аз нишастҳои матбуотӣ

№18 (3498) 11.02.2016

Се миллион нафар аз истифодаи интернет баҳраваранд

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишасти матбуотӣ доир шуд, ки дар он муовини сардори хадамоти мазкур Татяна Холмуродова оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар соли сипаригардида ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ як миллиарду 535 миллион сомониро ташки дод. Даромади умумии корхонаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо операторон  ва провайдерҳо ба ду миллиарду 716 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014-ум 38 миллион сомонӣ ё ин ки 1,3 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2015 ба 11,2 миллион нафар расида, аз ин шумора 5,2 миллион нафарашон фаъол мебошад.

Теъдоди истифодабарандагони Шабакаи умумиҷаҳонии интернет бо интернети мобилӣ ба се миллион нафар расид.

Дар ин давра даромади умумии ҶСК «Тоҷиктелеком» ба 108,5 миллион сомонӣ расидааст. Доир ба фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» гуфта шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 491 шуъбаҳои алоқаи почта фаъолият доранд ва даромади умумии онҳо 6,1 миллион сомониро ташкил додааст. Дастрасии муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар шаҳри Душанбе дар як ҳафта панҷ маротиба, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  се — чор маротиба аст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Густариши равобит бо кишварҳои хориҷӣ

АсловСоли 2015 аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, афзоиши эътимоди дуҷониба, талош барои ҳалли буҳронҳои минтақавию ҷаҳонӣ, зиёд намудани теъдоди шарикони стратегӣ қадамҳои устувор гузошта шуд, — иброз намуд вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов зимни нишас­ти матбуотӣ.

Зикр гардид, ки ҳоло Тоҷикистон бо 128 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст ва 150 давлат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст. Соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаи 17 кишвари хориҷӣ барои таъинашон ба ҳайси сафири давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ (агреман) додааст.

Дар маҷмӯъ, тайи соли 2015 — ум 240 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, аз ҷумла панҷ президент, даҳ сарвазир ва чор ноиби сарвазир ба Тоҷикистон сафар доштанд. Дар ҷараёни мулоқоту музокироти роҳбарияти кишварамон бо роҳбарони мамлакатҳои гуногун 64 санади дуҷониба, аз ҷумла 29 шартномаи байналмилалии байниҳукуматӣ, 16 шартномаи байналмилалии байн­иидоравӣ ва 19 санади дигар дар самти гуногун ба имзо расид. Сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон соли 2015 ба маблағи 946,6 млн. доллари ИМА сармояи хориҷиро ба кишвар ҷалб намуд, ки нисбат ба соли 2014-ум 37,4 млн. доллари ИМА зиёд аст.

- Яке аз вазифаҳои муҳими Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 пайгирии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об — ба хотири рушди устувор» аст. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва афзудани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш хоҳад кард, — афзуд Сиро­ҷиддин Аслов.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»

Азхудкунии маблағ 77,5 дарсадро ташкил дод

Марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» 14 ноҳияи вилояти Хатлон ва Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» се ноҳия — Нуробод, Рашт ва Тоҷикободро дар бар мегирад. Мақсади барномаҳо беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна,  ташкил кардани ассосиатсияҳои волидону омӯзгорон мебошад. Дар ин бора директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки дар доираи барномаи аввал, ки муҳлати татбиқаш солҳои 2014 — 2017 мебошад, бунёди 14 бинои нави аз ҷиҳати сарфаи неруи барқ ва истифодабарӣ ба мақсад мувофиқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст. Муассисаҳои ба барнома фарогирифташуда аз бинои дуқабатаи таълимии дорои 6-10 синфхона, нуқтаҳои санитарӣ, ки ба стандартҳои ҳозиразамон ҷавобгӯй мебошанд, иборат аст.

Арзиши умумии Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» 7731313 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 6771648 доллари ИМА гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, 869859 доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва 89806 доллари ИМА аз ҳисоби дигар манбаъҳо мебошад. Соли 2015-ум 1629,8 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки  77,5 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»

Қонунҳо вобаста ба талабот такмил меёбанд

Рахимов Маркази милии конунгузориДар нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2015 барои баланд  бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба беш аз 70 лоиҳаи қонун, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, зиёда аз 650 таклифу пешниҳодро дар бар  мегирад.

Кормандони маркази номбурда дар ҳайати беш аз 20 гурӯҳи корӣ оид  ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Аз ҷониби кормандони марказ чор китоб, 160 мақолаи илмӣ ва илмӣ — оммавӣ ба чоп расид. Соли гузашта маҷаллаи «Қонунгузорӣ» мунтазам нашр гардид. Дар ин давра бо ибтикори марказ се конференсия, се мизи мудаввар ва се семинари омӯзишӣ гузаронида, дар 17 конференсия ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ кормандони марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин росто, масъулин бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо аҳолии кишвар дар маҳалҳо вохӯриҳо гузаронида, тариқи воситаҳои ахбори омма баромадҳо намуданд.

Тайи соли 2015 аз сомонаи Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 370000 нафар шаҳрванд, муассисаю ташкилоти дохилӣ ва берунӣ истифода бурдаанд.

С. УМАРОВ, «Садои мардум»

Боварии шаҳрвандон афзудааст

Ализода- Мавқеи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ва марҳила ба марҳила боло рафта истодааст. Давоми соли 2015-ум 3474 нафар муроҷиат кардаанд, ки далели ин гуфтааст, — иброз намуд дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода.

Аз 251 муроҷиати хаттии воридгардида бештараш ба масъалаҳои ҳуқуқ — муҳокимаи одилонаи судӣ (31 адад), ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ( 34 адад), ҳуқуқ ба меҳнат (9 адад), ҳуқуқ ба моликият (13 адад), ҳуқуқ ба таъминони иҷтимоӣ (31 адад), ҳуқуқ ба манзил (38 адад) ва ғайра тааллуқ дорад.

Аксарият аз болои қарор ё амали (беамалии) субъектони зерин шикоят кардаанд: нисбат ба мақомоти судӣ — 66, нисбат ба мақомоти прокуратура — 12, нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ — 26, нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ — 18, нисбат ба шахсони воқеӣ — 10, нисбат ба судиҷрочиён — 8.

Зариф Ализода, ҳамчунин афзуд, ки соли 2015 қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода, Роғун, Кӯлоб, Исфара ва ноҳияҳои Айнӣ, Рашт, Қумсангиру Қубодиён фаъол буданд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»

Имкониятҳо барои ободонӣ зиёданд

Сокинони ноҳияи Файзобод аз рӯзҳои аввали соли 2016 дар ҳама соҳа кору фаъолиятро бо рӯҳияи баланд оғоз карданд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳамовозӣ қарор гирифт. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷашни дарпешистодаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моро водор месозад, ки баҳри пешрафту шукуфоии Ватан собитқадамона фаъолият намоем, — гуфт раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода.

Сипас, номбурда роҷеъ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли сипаришуда муфассал маълумот дод. Маълум гардид, ки дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо  ва пардохт­ҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет ба ҷои 14644 ҳазор сомонии банақшагирифташуда 15936,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 193 миллиону 969 ҳазор сомониро ташкил дод. Кишоварзони ноҳия 7728 тонна ғалла, 13894 тонна картошка, 10649 тонна сабзавот, 1989 тонна мева, 370 тонна ангур истеҳсол намуданд, ки аз нақша зиёд аст. Истеҳсоли гӯшту шир низ нисбат ба  соли 2014 афзоиш ёфт. Корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар маҷмӯъ ба 7990 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба як соли пеш 1815 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

ободонӣ ва кабудизоркунӣ низ дар ноҳия вусъат ёфтааст. Мо инро ҳангоми ба ноҳия ворид шудан мушоҳида кардем. дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат- Файзобод — Роғун беш аз 7,5 ҳазор дарахти арча ва дигар ниҳоли ороишӣ шинонда шудааст. Бино ба гуфти масъулин, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ кӯчаҳои маркази ноҳия чароғон мешаванд.

Раиси ноҳия саҳми соҳибкоронро дар рушди минтақа махсус зикр карда, мисол овард, ки  аз тарафи соҳибкор Алиҷон Очилов корхонаи истеҳсоли шарбати мева, аз ҷониби Фазлиддин Холов коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ба истифода дода шуданд. Бо ташаббуси  Қаҳорбек Юсуфов бошад, дар деҳаи Заркамар ба маблағи беш аз ду миллион сомонӣ асфалтпӯш намудани зиёда аз се километр роҳ,  аз ҷониби Файзия Қодирова бо маблағи 70000 сомонӣ навсозӣ намудани пули деҳаи Бобои Валӣ анҷом ёфт.

- Чунин соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша дар ноҳия кам нестанд. Мо онҳоро дастгирӣ мекунем, то фаъолияташонро баҳри ободӣ равона созанд, — таъкид намуд Миралӣ Раҷабзода.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Апостил – мушкилкушои тоҷикистониён дар хориҷа

Соли гузашта дар заминаи қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани  як силсила қонунҳо имкон фароҳам омад, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузоштани апостилро ба ҳуҷҷатҳои расмӣ шурӯъ намоянд. Мақсади асосии иқдоми  зикршуда мутобиқ намудани раванди бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба талаботи Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 мебошад. Ёдовар мешавем, ки 100 мамлакати дунё узви конвенсияи мазкур буда,  бо амалӣ шудани иқдоми фавқуззикр хуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлатҳо бидуни мушкил эътироф мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ, ки вобаста ба масъалаи мазкур дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат баргузор гардид, муовини сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Масуд Халифаев, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати адлияии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷурабек Ғафуров ва намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ Мадина Нурматова моҳияти апостил ва иқдомоти то ин замон амалишударо шарҳ доданд. Зикр гардид, ки аз замони ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти ин санади байналмилалӣ бо кумаки техникии Бонки Умумиҷаҳонӣ як қатор корҳо, аз ҷумла нашри маводи таблиғотӣ,  ташкили сафарҳои  хориҷӣ ва курсҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули мақомоти ваколатдори апостилгузор  амалӣ шуданд.

Нуктаи муҳим он аст, ки дар доираи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Конвенсияи Гаага реестри ягонаи электронии апостил  мавриди истифода қарор гирифтааст. Тавассути ин реестр, ки ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯй мебошад, дилхоҳ шахс имкон дорад ҳуҷҷати апостилгузоштаи худро тариқи сомонаи www.apostille.tj аз санҷиш гузаронанд.  Дар навбати худ, ин реестр ба мақомоти марбута имкон медиҳад, ки раванди санҷиши қонунӣ будани ҳуҷҷатҳоро тезонанд. Масъулин муътақиданд, ки  он на танҳо раванди гузоштани апос­тилро осон мегардонад, балки аслӣ будани ҳуҷҷатро барои истифода дар хориҷи кишвар низ кафолат медиҳад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Санҷишҳо беш аз 159 миллион сомонӣ зарарро ошкор карданд

Дилмурод ДавлатзодаРаиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои санҷишҳои аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки давоми соли гузашта дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 438 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли пеш 124 — то зиёд мебошад.

Санҷишҳои аудитории гузаронида, ҳамчунин чорабиниҳои назоратӣ ва таҳлилию ташхисӣ 159557 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки назар ба соли 2014-ум 89666 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андоз­ҳо, пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ боиси ба вуҷуд омадани зарарҳои ошкоргардида шуданд.

Дар ҷараёни санҷишҳои аудиторӣ 56256 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор шуд, ки 35,3 дарсади зарари ошкоршударо ташкил медиҳад.

- Бо мақсади таъмини иҷрои яке аз вазифаҳои асосии Палатаи ҳисоб – таъмини иҷрои муқаррароти моддаҳои 1 ва 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 65-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои таҳлилию ташхисӣ анҷом дода, хулосаҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, — гуфт раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзуд, ки назорати ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳрҳои Исфараю Ваҳдат, ноҳия­ҳои Ҷаббор Расулов, Фархор, Қумсангир, Вахш ва Раштро низ анҷом додем.

Бо мақсади чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор аз ҷониби Палатаи ҳисоб соли гузашта 160 маводи санҷиши аудиторӣ ба маблағи умумии 114726 ҳазор сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардидааст.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

 Ҳақгузорӣ ба оилаҳои ҳоҷиёни фавтида

- Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ҳаққи суғуртаи ҳафт нафар ҳоҷиёнеро, ки ҳангоми адои маносики ҳаҷ фавтидаанд, ба наздиконашон (барои ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ) пардохт кард. Соли гузашта КВД «Тоҷиксуғурта» бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо суғурта фаро гирифтани 6 ҳазору 295 шаҳрванд шартнома ба имзо расонид, ки аз ин ҳисоб 378 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид, — иттилоъ дод директори КВД «Тоҷиксуғурта» Сатторӣ Аловуддин Мирзо.

Зикр гардид, ки ба КВД «Тоҷиксуғурта» 62 миллиону 117 ҳазор сомонӣ маблағҳои суғуртавӣ ворид гардид, ки баробар ба 117 фоизи нақшаи солона аст.

- Бояд зикр кард, ки дар кишвар 16 ширкати суғуртавӣ фаъолият менамояд ва ҳиссаи КВД «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ 96 фоизро ташкил медиҳад. Ин рақам гувоҳ бар он аст, ки эътимоди мардум афзудааст. Аз маблағҳои суғуртавии воридгардида 13 миллиону 889 ҳазор сомонӣ ба беш аз 14 ҳазор  нафар ашхоси молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ҳақгузорӣ карда шуд,- гуфт номбурда.

Инчунин, КВД «Тоҷиксуғурта» бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода аз 22 январи соли 2016 таҳти №31/1-1-2 аз ҳисоби заҳираҳои суғуртавӣ, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ ба 142 хоҷагии пурра аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 284 ҳазор сомонӣ ва ба 504 хоҷагии қисман зарардида 252 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо намудааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Рашт: кишоварзон беш аз пеш фаъоланд

- Соли 2015 дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия соҳаи кишоварзӣ рушд ёфт, — гуфт ба рӯзноманигорон раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия 412 млн. 818  ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2014-ум 37 млн. 605 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

Ба маблағи 395 млн. 619  ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 33 млн. 276,6  ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра кишоварзони ноҳия 4 ҳазору 874 тонна ғалладона,  41 ҳазору 405  тонна картошка, 11 ҳазору 618 тонна сабзавот, 17 ҳазору 120 тонна мева, 266 тонна зироатҳои равғандор ва 74 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол намудаанд.

Дар мавсими киштукори баҳорӣ дар майдони 2293 гектар кишти гузаронида шуд.

Дар ноҳия дар майдони  108  гектар боғҳои нав бунёд намуданд, ки ду гектари он боғҳои интенсивӣ мебошанд. Аз боғот  дар ҳаҷми  17120  тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014-ум 3527 тонна зиёд аст.

- Мардуми ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ гардидани иқдомҳои наҷиб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сокинони кишвар кӯшиш менамоянд, — гуфт дар хатми суҳбат Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

 Зиёдшавии нашъамандон нигаронкунанда аст

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 965 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи шуъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 182 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, 107- тои он бо хулосаи айбдоркунӣ нисбат ба 163 нафар ба мақомоти суд ирсол гардидааст.

Аз ҷониби кормандони Агентӣ фаъолияти панҷ гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ошкор гардида, ҳафт нафар, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир шуданд. Инчунин, 90 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо 83600 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миқдори нашъамандон дар соли 2015-ум 7313 нафарро ташкил додааст, ки 189 нафараш зан мебошад. Дар муқоиса бо соли 2014 миқдори нашъамандон 0, 46 фоиз афзудааст.

Соли сипаришуда намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11233 адад ҳаби синтетикӣ (соли 2014- ум 2590 адад буд) мусодира намудаанд.

Ба хотири пешгирии  муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон беш аз пеш густариш ёфтаанд.

Дар ин бора директори Агентии мазкур Салимзода Шерхон Одина хабар дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 Шумораи парвандаҳои ҷиноятӣ зиёд шуд

Тавре дар гузориши прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода зикр гардид, аз ҷониби мақомоти прокуратура соли 2015 дар самти назорати иҷрои қонунҳо 4733 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 7109 амр, 4731 эътироз, 3881 пешниҳод ирсол ва 2463 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 25 246 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Аз ҳисоби зарарҳои расида 207,4 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор шудааст, ки нисбат ба соли 2014 — ум 48,6 млн. сомонӣ ё 31 фоиз зиёд аст.

Воҳидҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 10850 парвандаи ҷиноятиро ба истеҳсолот қабул карда, 9279 — тои онҳоро ба суд ирсол намудаанд. Аз ҷумла, муфаттишони мақомоти прокуратура 3114 парвандаи ҷиноятиро ба суд ирсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2014 –ум 373 парванда ё 13,5 фоиз зиёд аст.

Дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ 78 иштирокчии муҳорибаҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва шахсони барои иштирок ба он ҷо сафарбаршуда, инчунин 42 нафар аъзои оилаи онҳо, ҷамъ 120 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҷиҳати бекор ва ё ба қонун мутобиқ намудани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 46 эътирози хусусӣ, 179 эътирози кассатсионӣ ва 269 эътирози назоратӣ оварда шудааст. Барои рӯёнидани зарари молиявӣ ба судҳо 652 даъво ба маблағи беш аз 170 млн. сомонӣ пешниҳод ва қонеъ гардонда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»