Аз нишастҳои матбуотӣ

№100 (3085) 05.08.2013

Муроҷиати шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор мегирад

- Дар нимсолаи аввали соли 2013 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 259 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 131 адади онро шико-ятҳои хаттӣ  ва 128-тоашро муроҷиатҳои шифоҳӣ ташкил  медиҳанд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода.

Мавсуф шарҳ дод, ки аз 131 адад аризаҳои хаттии шаҳрвандон, ки дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, нисбати қарор ё амали (беамалии) мақомоти судӣ -43 адад, мақомоти корҳои дохилӣ – 12 адад, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 11 адад  (иҷрочиёни суд- ҳафт адад, СИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – чор адад), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – ҳашт адад ва дигар субъектҳо шикоят карда шудааст.

Кормандони мақомот  бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон  ва Нақшаи кори мақомоти Ваколатдор 18 санҷиш гузарониданд ва дар ҳалли мушкилоти  мавҷуда мусоидат  намуданд. Бо дархости муроҷиаткунандагон ҳамчунин  кормандони мақомот  дар ду мурофиаи судӣ иштирок намуданд, -гуфт ӯ ва афзуд:

- Дар назди қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, раисони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори  омма шомил мебошанд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 

 Нақби «Истиқлол» обод мешавад?

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 29 июли соли равон баргузор гардид, дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт ҳаҷми боркашонӣ 9088,7 ҳазор тоннаро ташкил дод ва ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ба 85,8 миллион мусофир  хизматрасонӣ шудааст, ки 85 миллион ба нақлиёти автомобилӣ, 228,8 ҳазор ба нақлиёти роҳи оҳан ва 480 ҳазор ба нақлиёти ҳавоӣ рост меояд. Дар шаш моҳи соли 2013  бо истифода аз ҳама гуна маблағгузориҳои дохилӣ (буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, маблағгузориҳои соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ) ба маблағи 31 миллион сомонӣ дар радифи дигар корҳои нигаҳдорӣ 137 километр роҳ, 32 адад пул таъмиру барқарор шудаанд.

Дар робита ба вазъи нақби «Истиқлол», ки бисёр ташвишовар аст ва доир ба он маводи зиёде пайваста дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад, масъулин иброз доштанд, ки ин масъала Вазорати нақлиётро низ ба ташвиш овардааст. Низом Ҳакимов гуфт, ки мутаассифона, талошҳояш барои таъмири нақби «Истиқлол» натиҷаи хуб надода истодаанд. Мувофиқи шартнома маблағи барои нақб равонашуда шаш миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 50 фоизаш саҳми Тоҷикистон мебошад, вале ҷониби Эрон ҳамагӣ 1100 ҳазор доллари ИМА маблағ гузаронидааст. Низом Ҳакимов гуфт, ҳар қадаре, ки корро дар ин нақб дер оғоз намоем, ҳамон қадар маблағи зиёдтарро талаб менамояд. Аз ин рӯ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ нома фиристода хоҳиш намудааст, ки  шартномаи байни ин вазорат ва Ширкати эронии «Собир»-ро бознигарӣ намояд ва агар лозим шавад ҳамкориро қатъ  кунад, то ки бо дигар институтҳои молиявӣ корро идома диҳанд. Дар охир масъулин гуфтанд, ки аз ҳисоби вазорат ҳафт нафар коргарро барои пур кардани чуқуриҳои дар нақби «Истиқлол» мавҷудбуда ҷудо кардаанд ва пардохти маоши                онҳоро ширкати IRS ба зимма гирифтааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

Фазои сармоягузорӣ беҳтар шуд

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон  Раҳматбоев оид ба ҷанбаҳои гуногуни  фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2013 маълумоти мушаххас дод. Номбурда дар бораи рушди соҳибкорӣ ва фароҳамории фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ сухан ронда, зикр намуд, ки танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкорони ҷумҳурӣ беш аз 330 иншоот сохта, ба истифода дода, 2191 ҷойи нави корӣ таъсис шудааст. Тибқи маълумот дар панҷ моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 250 ҳазор адад субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар пурсиш ба суоли рӯзноманигорон  Шӯҳратҷон  Раҳматбоев иброз дошт, ки  дар давраи ҳисоботӣ  теъдоди  соҳибкорон нисбат ба соли гузашта 6,5 фоиз зиёд гардидааст, вале шумораи  соҳибкороне, ки тариқи патент фаъолият доранд  5,4 ҳазор нафар кам шуд.  Дар мавриди коҳишёбии теъдоди соҳибкорон  мавсуф  зикр намуд, ки аксари ин соҳибкорон аз сатҳи патент ба шакли шаҳодатномавӣ  гузашта,  баръакс,  фаъолияти  кориашонро васеъ намуданд. Ҳамзамон роҳандозии  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, наёфтани маблағҳои зарурӣ барои пешбурди фаъолият ва ё  рақобатпазирӣ яке аз дигар сабабҳои коҳишёбии фаъолияти онҳо мебошад.

-Воқеан кодекси нав  як қатор муамморо пеш овард ва имрӯз дар назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ гуруҳи корӣ таъсис шудааст ва вазифаи он аз таҳлили Кодекси нави андоз ва таъсири он ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.  Натиҷаи таҳлилҳоро интизор  шуда, пас аз муҳокима боварии комил дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур чораҳои амалӣ меандешад,- зикр намуд Ш. Раҳматбоев.

 Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 

Бақайдгирии давлатии муҳоҷирони меҳнатӣ

Тавре муовини аввали  сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд,  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди рушди робитаҳои байналмилалии «Рафоқат» ба имзо расидааст.

Доир ба гузаронидани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ хадамот даҳ номгуйи тавсия ва роҳнаморо доир ба  касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва риоя намудани қоидаҳои зарурӣ  ба миқдори 400 000 адад нашр намудааст.

Ҳамзамон яке аз масъалаҳои муҳиме, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи хадамоти муҳоҷират вогузор гадидааст, ин баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад,- гуфт Анвар Бобоев. – Зеро танзими раванди муҳоҷирони меҳнатӣ,  шаҳрвандони хориҷӣ  дар ҷумҳурӣ ба  мушкилоти  зиёде мувоҷеҳ аст. Аз ҷониби кормандони хадамот якҷоя бо кормандони  марбутаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалиёти махсус оид ба  мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фурӯши одамон таҳти унвони « Нелегал- 2013»  аз 13 май то 31 майи  соли 2013 гузаронида шуд.

Мавсуф афзуд, ки бо  мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои  иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ  намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Россия фаъолият дорад.

Шарофати БОБОҶОН, «Садои мардум»

 

Дар пойтахт 22 кӯчаю хиёбон мавриди таъмир аст

Нишасти матбуотие, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахтро барои моҳҳои январ-июни соли 2013 дар бар гирифт. Дар нишасти матбуотӣ ҳамаи муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони чор ноҳияи шаҳр ва сохтор-ҳои тобеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Муовини раиси шаҳр Бур-ҳон Назаров оид ба фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Душанбе тӯли нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти  минтақавӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи маълумоти фаврӣ, маблағи 3400 млн. сомониро ташкил намуд ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 107,5 фоиз баробар шуд.

Аз 254 корхонаи саноатӣ  147-тои он сатҳи истеҳсолотро  боло бурданд, вале дар 66 корхонаи дигар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сатҳи истеҳсол  поён рафтааст. Махсусан коҳиш ёфтани ҳаҷ-ми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (11,6 фоиз) ташвишовар мебошад.

Азхудкунии сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ  671027,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи як соли пеш 1,9 баробар зиёд аст. Дар ин давра 28403 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода супурда шуда, дар муқоиса  ба як соли қаблӣ  11912 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Дар шаҳри Душанбе имсол ба таъмири роҳу хиёбонҳо ва кӯчаю  паскӯчаҳо  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардаанд. Ҳоло дар 22 хиёбон ва кӯчаю паскӯчаҳо таъмири асосӣ ё ҷузъӣ ҷараён дорад ва аксари онҳо то фарорасии тирамоҳ дигарбора мавриди истифода хоҳанд шуд.

Рӯзноманигорон бо истифода аз ҳузури муовинони раиси шаҳр, раисони ҳамаи чор ноҳияи тобеи шаҳр ва шахсони мансабдори масъули Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва муҳайё  будани шароити муносиб ба саволҳои бешуморашон, ки ба тамоми паҳлуҳои соҳаҳои хоҷагии халқи  пойтахт рабт дошт, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

 Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»