Аз ӯ ном монд

№146 (4566) 23.11.2022

Гузориш аз таҷлили ҷашни 100-солагии Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ

Тилло10Соли равон ба зодрӯзи ходими барҷастаи сиёсӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ, собиқ вазири маданияти РСС Тоҷикистон,  депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон  солҳои 1967-1980 даъватҳои 7, 8 ва 9 Меҳрубон Назаров 100 сол пур шуд. Барои гиромидошти ин шахсияти барҷаста Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва гурӯҳи ташаббускори «Равшандилон» якчанд чорабиниро ба нақша гирифтанд.

Аз ҷумла, роҳбарияти Донишкадаи давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 17-уми майи соли равон таҳти унвони «Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик» конференсияи илмӣ-амалӣ гузарониданд. Ҳамчунин, гурӯҳи ташаббускори «Равшандилон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М. Қосимов лоиҳаи фарҳангӣ — фароғатӣ таҳти унвони  «Ёди ёри Меҳрубон» — ро омода намудаанд, ки он ба ҷашни фархундаи Меҳрубон Назаров бахшида шудааст.

Ин тантанаи фарҳангӣ дар арафаи таҷлили  30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир гардид ва таҳиягарони он баргузории чунин ҷашну чорабиниҳоро натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ маънидод намуданд.

Ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори давлат интихоб гардида, ҷумҳурӣ аз ҷангу ҷидол ва кашмакашҳои бемаънӣ раҳо шуд. ­Маҳз сиёсати пешгирифтаи Пеш­вои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо хотираи шахсият­ҳои барҷаста ва хизматнишондодаи хешро қадр мекунем ва хотираашонро пос медорем.

«Вақте мо дар бораи фарҳанги навини тоҷикон суҳбат мекунем, аз рӯи инсоф намешавад, агар аз ­даст­овард­ҳое сухан ба миён наорем, ки халқи мо дар замони шомил буданаш ба ҳайати Иттифоқи Советӣ ба онҳо ноил гардидааст», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Чанде пеш аҳли илму фарҳанг, шоирону нависандагон ва оҳангсозону сарояндагон ба шаҳри Хоруғ сафар карданд. Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо онҳо мулоқот карда, барои иқдоми наҷибашон миннатдорӣ намуд.

Раиси вилоят аз нақшаҳо баҳри ободии вилоят ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.

- Ташаббус ва ҳадафҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Бадахшон имрӯз ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар мубаддал шуда истодааст. Дар заминаи эълон гаштани «Солҳои рушди саноат» дар вилоят бунёди даҳҳо иншооти хурду бузурги саноатӣ оғоз шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум хубтару беҳтар гардида истодааст.

Бо дастгирии Пешвои миллат дар вилоят Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помир­инвест-2022» баргузор гардида, дар доираи он 30 санади ҳамкорӣ ба маб­лағи 1 миллиард сомонӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ба имзо расид, — иброз намуд раиси вилоят.

Номбурда аз рушди соҳаи сайёҳии вилоят  қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли равон зиёда аз 6700 сайёҳ ба Бадахшон  омаданд.

Меҳмонон аз оғози корҳои сохт­монӣ дар қитъаи Дарвоз-Рӯшони  шоҳроҳи Кӯлоб-Бадахшон-Кулма қаноатмандӣ намуда, гуфтанд, ки дар чор мавзеи сохтмони ин роҳ кор дар ҷӯшу хурӯш  аст. Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ афзуд, ки бо дастгирии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се гурӯҳи роҳсозон ба ин қитъаи роҳ ҳамроҳ шуда, минтақаи роҳи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшонро бояд як сол пеш аз муҳлат ба истифода диҳанд.

Чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба 100-солагии зодрӯзи Меҳрубон Назаров дар Театри мазҳакавӣ — мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров баргузор шуд. Раиси вилоят дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки бо шарофати соҳиб­истиқлолии Ватани азизу маҳбуб сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки тавассути фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, мо метавонем чунин чорабиниҳои муҳиму муфидро дар сатҳи баланд баргузор намоем. Аз хотироти арбобони давлатию фарҳангӣ, дӯстону наздикони устоди соҳибэътирофу соҳибэҳтиром баръало намоён аст, ки Меҳрубон Назаров шахсияти барҷаста, дорои истеъдоду маҳорату малакаи  баланди касбӣ буда, дар зиндагиномааш марҳилаи таърихии фарҳанги тоҷикон инъикос ёфтааст. Дар замоне ки ҷои фарҳанги муколама, таҳаммулгароӣ, равобити ҳасанаи байни давлатҳоро силоҳ, бадбинӣ ва хушунат мегирад, рӯ овардан ба фарҳанг, алалхусус, навъ­ҳои гуногуни санъат, ки яке аз вазифаҳои он маҳз  тарбияи сифатҳои ҳамида дар ботини инсон мебошад, беҳин роҳи баргашти инсон ба хисоли ҳамида аст.

Устод Меҳрубон  Назаров маҳз ҳамин ҳикмати бузурги ҳаётӣ, яъне аҳамияти фарҳангу санъатро ҳанӯз аз солҳои нахустини фаъолият дарк намуда, ҳамчун ҳунарпеша кӯшиш намуданд, ки бо маҳорати эҷодӣ мазмуни бузургро дар қалбу тафаккури тамошобин ҷой диҳад.

Номбурда асарҳоеро рӯи саҳна овард, ки бо мазмуни баланд ба такомули инсону ҷомеа нигаронда шуда буданд. Зимни роҳбарӣ дар вазифаҳои гуногун аз роҳбари театри вилоятӣ то вазири маданияти РСС Тоҷикистон саъю талош бар он дошт, ки санъати асили тоҷикро бо нигоҳи нав дар хизмати мардум гузошта, бо кушодани ансамбл­ҳои ҳунарӣ ҷаҳо­ниёнро ба санъати тоҷик ва тоҷиконро бо ­санъати дигарон шинос намояд, — иброз дошт раиси вилоят.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир монологи Незнамовро аз драмаи «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островский, ки устод Меҳрубон Назаров дар ин драма яке аз нақшҳои асосиро бозида буд, хеле таъсирнок  иҷро намуд.

Театршинос Маҳмадуллоҳи Табарӣ дар бораи хизматҳои Меҳрубон Назаров дар тарбияи шогирдон, пешрафти санъату фарҳанги тоҷик, инкишофи драматургияи тоҷик ва дигар паҳлуҳои кору эҷодиёташ муфассал сухан кард.

Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Тамара Абдушукурова, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Мастона Эргашева, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Заур Дахте аз тариқи онлайн дар бораи Меҳрубон Назаров хотираҳо, фикру андешаҳояшонро баён намуданд.

Ҳунарпешаҳои театрҳои пойтахт ба иштирокчиёни чорабинӣ порчаҳоро аз мазҳакаи мусиқии «Ҳалокати одат» ва драмаи «Дасти дӯст», ки ба қалами Меҳрубон Назаров тааллуқ доранд, намоиш доданд.

Дар чорабинӣ муаллифи ин сатрҳо китоби пйесаҳои Меҳрубон Назаровро таҳти унвони «Ёди ёри Меҳрубон», ки чанде пеш дар нашриёти «Эр-граф» бо дастгирии молиявии доктори илми фалсафа Назархудо  Дастамбӯев чоп шудааст, муаррифӣ кард. Китоби мазкур пйесаҳои «Орзу», «Дасти дӯст», «Ҳалокати одат», «Найрангшоҳ», «Найрангшах», «Весна на Памире» (ба забони русӣ) ва «Одат ҳалокати» (ба забони ӯзбекӣ) -ро дар бар мегирад.

Дар маҳфили онрӯза филми мус­танади «Меҳрабон» (муаллифи сенария Н. Назаров, режиссёр Х. Хуррамзод, соли 2002), ки ба М. Назаров бахшида шудааст, пешкаши ҳозирин шуд.

Маҳфили гиромидоштро суруду таронаҳои сарояндагони боистеъдод рангинтару гуворо намуд.

Дар хотимаи чорабинӣ Назар Назаров — фарзанди Меҳрубон Назаров ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори сипос кард.

Зи ҳар кас, ки номе дар айём монд,

Чӣ ғам гар бимирад, к-аз ӯ ном монд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум».

Душанбе — Хоруғ — Душанбе