Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№128 (3608) 11.10.2016

Қ а р о р и

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе,  26 сентябри соли 2016

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда — раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М. А., муовини раис Каримзода К. М., судя-котиб Ҳошимзода Д. Д., судяҳо: Абдуллозода Л. И., Гулзор М. М. ва Зоирзода Ш. Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ — Мусулмонов С.,

тарафҳо:

1. Исомадинова Наҷотхон — директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара — тарафе, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ӯ — Носирҷонов Набиҷон.

2. Ёрова Зулфия Маҳмаднабиевна — муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Қурбон — сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ ва Ҳафизов Зафар — мудири бахши ҳуқуқи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон — намояндагони ваколатдори тарафе, ки нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқии тасдиқнамудаи он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст.

Даъватшудагон:

1. Раҳимӣ Фарҳод — намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Азимзода Толибхон Ситамурод — намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Шоназаров Содиқ Ашурович — намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Шоҳиён Муҳаммасаид Алимардон — муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Осимзода Мадиброим — муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Низомӣ Мақсуд — сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Холиқзода Абдухолиқ — сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Хайрзода Давлатбек Зайнидин — муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Одиназода Назар Санг — муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Халифаев Азам Кенҷаевич — муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Хизиров Қурбоналӣ Қодирович — директори Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Ахмедов Султонмурод — муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д. Д., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н  к а р д:

 Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Исомадинова Н. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ӯ 7 январи соли 2003 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-ро таъсис дода, то ба ҳол ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад.

Аммо, аз давраи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логис­тикӣ» (минбаъд КВД), яъне аз соли 2011 кафолатҳои конститутсионии ӯ ва дигар соҳибкорон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, мавриди поймол ва маҳдудият қарор доранд. Зеро, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиш аз 22 июни соли 2011, №61 Оинномаи КВД-ро тасдиқ карда, дар он як зумра ваколатҳои батанзимдарорӣ, назоратӣ ва иҷозатномадиҳиро ба корхонаи зикршуда вогузор намудааст. Ҳол он ки қисми дуюми моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, №10 «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» пешбинӣ менамояд, ки «Аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ аст».

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 ноябри соли 2011 нисбат ба қонуншиканиҳои ошкоркарда, яъне ба КВД додани ваколатҳои назоратӣ ва иҷозатномадиҳӣ эътироз оварда, талаб намудааст, ки фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2011, №61 бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шавад.

Бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 фармоиши зикршуда бекор карда шуда, Оинномаи нави КВД тасдиқ гардид, ки дар он низ ваколатҳои назоратӣ ва иҷозатномадиҳӣ боқӣ монданд.

Аз ҷумла, тибқи сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД аз 13 феврали соли 2013 ба корхонаи зикршуда як қатор ваколатҳо дода шудаанд, чунончӣ:

- омода ва пешниҳоди омории кори нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ;

- таъмини варақаҳои роҳхату борхат ва коркарди ин ҳуҷҷатҳо;

- ташкил ва гузаронидани озмун (тендер);

- вобаста намудани хатсайрҳои мусофирбарӣ ва аз нав ҷобаҷогузории онҳо;

- талаб намудани маълумоти оморӣ ва дигар маълумоти ҳисоботӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ;

- пешниҳоди мониторинги тарифҳои хизматрасонӣ.

Бо додани чунин ваколатҳо, ташкилоти тиҷоратӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ табдил ёфта, ваколати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бояд ваколатҳои зикршударо иҷро мекард, маҳдуд гардидааст.

Ҳамин тариқ, муроҷиаткунанда зикр мекунад, ки КВД қариб бист намуди вазифаҳои низомномавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оинномаи худ ҷой дода, бо истифода аз онҳо бар хилофи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, №1107 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» корхонаҳои хусусӣ ва ҷамъиятҳои мусофирбариро уҳдадор месозад, ки бо вай шартномаи ҳамкорӣ банданд.

Моддаи 22-и Қонуни зикршуда кафолатҳоро аз дахолат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ муқаррар намуда, пешбинӣ менамояд, ки:

«1. Дахолат, амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии назоратӣ ва санҷишӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти хоҷагидории субъекти соҳибкорӣ манъ аст.

2. Ба маҳдудкунии ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизмат­расонӣ) роҳ дода намешавад».

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки ба Оинномаи корхонаи зикршуда ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ягон мақомоти дахлдор хулосаи ҳуқуқӣ надода, он аз қайди давлатӣ нагузаштааст ва оқибати ҳуқуқӣ надорад.

Аммо, ба ин нигоҳ накарда, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бандҳои 2.4, 4.1 ва 4.4-и Оиннома, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармоиш аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роҳхатҳо», фармоиш аз 25 октябри соли 2011, №178 «Оид ба таъсис додани комиссияи доимоамалкунанда», фармоиш аз 25 ноябри соли 2011, №214 «Дар бораи тасдиқ намудани «Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» ва фармоиш аз 13 марти соли 2012, №47 «Дар бораи тасдиқ намудани Нархномаи хизматрасониҳои нақлиётии КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-ро қабул намудааст, ки КВД онҳоро ба асос гирифта, ҳуқуқҳои конститутсионии муроҷиаткунанда ва дигар соҳибкоронро ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ поймол менамояд.

Чунончӣ, тибқи банди 4 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, №222 «Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ»:

«Вазоратҳо, идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои тамоми шаклҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷоти солонаи худро ба ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 октябри соли қаблӣ пешниҳод намоянд».

Аммо, банди 3 фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роҳхатҳо» фаъолияти ҳамаи ассосиатсияҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашонро маҳдуд намуда, онҳоро водор менамояд, ки роҳхатҳоро танҳо аз КВД дастрас намоянд, ки аз ин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот» ҳар моҳ ба маблағи муайян зарари моддӣ мебинад.

Прокуратураи генералӣ бинобар ғайриқонунӣ будани дастурамали зикршуда, нисбат ба он низ эътироз оварда, талаб намудааст, ки фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роҳхатҳо» бекор карда шавад. Аммо КВД то ба имрӯз дар асоси ин дастурамали ғайриқонунӣ амал намуда, аз соҳибкорон маблағҳои зиёдеро маҷбуран ситонида истодааст.

Дар замимаи 6 ба «Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» баҳогузории пешниҳодоти озмун (тендер) ба мавҷудияти базаи техникӣ ба ҷойи 1-3 балл 20-30 балл муайян карда шудааст. Тибқи ин баҳогузорӣ ба муассисаҳои нақлиётии соҳибкорони миёна бартарӣ дода шуда, ин ҳолат ҳамчун фишанг нисбат ба соҳибкорони хурд истифода гардида, фаъолияти онҳоро халалдор месозад.

Аз мактуби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2015, №2-2-158 бармеояд, ки Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсимоти хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон баробарии  субъектҳои соҳибкориро барои иштирок дар озмун маҳдуд месозад.

Аз хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2015, №4-2Е/3166 ва  мактуби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, №02-04.7/182 бармеояд, ки ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатномадиҳӣ манъ буда, КВД ҳуқуқи ташкилкунӣ ва раисикунии озмуни (тендери) хатсайр­ҳоро надорад.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунанда сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4 Оинномаи КВД кафолатҳои конститутсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-ро ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ, ки дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» пешбинӣ гардидааст, поймол ва маҳдуд менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД, ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми кафолатҳои давлатии эълондоштаи Конститутсия, кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд ва яке аз унсурҳои муҳими рушди муътадили соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.

Кафолати мазкур, агар аз як тараф ба рушду таҳким ва боло рафтани сатҳи иқтисодиёт тавассути фаъолият ва саҳми соҳибкорӣ нигаронида шуда бошад, аз ҷониби дигар он ба қонеъ гардонидани талаботи аввалиндараҷаи моддию маънавии соҳибкор ва дар маҷмӯъ баланд рафтани сатҳи некуаҳволии халқ равона гардидааст.

Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иқтисодӣ, ифодаи озод будани соҳибкорӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқтисодӣ, инчунин имконият ва василаи татбиқи ҳуқуқи иҷтимоии инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад ва бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории кишвар кафолат дода мешавад.

Ин кафолат аз шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моликияти хусусӣ, инчунин иҷтимоӣ эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиқи амалии он бунёди ҷомеаи воқеан иҷтимоӣ ва иқтисоди бозоргонии дар муносибатҳои иқтисодӣ рақобатпазир ғайриимкон мебошад.

Санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декаб­ри соли 1966 ва Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 майи соли 1995 давлатҳои иштирокчиро водор месозанд, ки бобати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои муқаррарнамудаи ин санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар кас, ки ҳуқуқ ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ низ аз зумраи онҳо мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба мавқеи ҳуқуқии худ, ки дар қарор аз 28 марти соли 2013 (дархости шаҳрванд Тураев М. М.) пешбинӣ гардидааст, зикр менамояд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шаклҳо ва принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои он ва қоидаҳои умумии ҳимояи фаъолияти соҳибкорӣ муқаррар гардидааст, ки мақсади он аз таъмини амалишавии қобилияту малакаи шахс барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ иборат мебошад.

Дар Қонуни зикршуда доираи васеи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои соҳибкорӣ муқаррар гардида, роҳҳои амалӣ намудани ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо тавассути сода намудани тартиби бақайдгирӣ, маҳдуд кардани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ, шикоят овардан ба суд, ҳисоб кардани собиқаи меҳнатии соҳибкори инфиродӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд, ки онҳо барои ҳимоя, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ — фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳимояи субъекти соҳибкорӣ — ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ буда, онҳо дар заминаи принсипҳои конститутсионии кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини фаъолияти озоди субъекти соҳибкорӣ, баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ ва афзалияти рушди соҳибкории хурд ва миёна ба амал бароварда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, №198 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» низ дар ҳифзи манфиатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва субъекти соҳибкорӣ тавассути фароҳам овардани шароити ягонаи иқтисодӣ ва пешгирӣ кардани рақобати бевиҷдонона нақши арзанда дорад.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) аз 30 июни соли 1999, №802 баробарии иштирокчиёни муносибатҳои гражданӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкориро кафолат дода, соҳибкориро ҳамчун фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташудае маънидод мекунад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

Қонунҳои зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошанд.

Аз ин рӯ, муқаррароти онҳо ба тамоми мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамчунин ҳимояву дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ буда, ба мазмуни моддаҳои 10, 12 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.

Аз ҷумла, қисми 2 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Тибқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бошад, муқаррар шудааст, ки «Ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».

Суди конститутсионӣ бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, масъалаи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунандаро дида баромада, қайд менамояд, ки дар сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4 Оинномаи КВД:

- «омода ва пешниҳоди ҳисоботи омории кори нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон»;

- «тибқи тартиби муқарраргардида таъмини корхонаю ташкилотҳо ва ҷамъияту муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, бо шумораи зарурии шаклҳои тасдиқгардидаи варақаҳои роҳҳату борхат ва коркарди ин ҳуҷҷатҳо»;

- «тибқи тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани озмун (тендер), вобаста намудани хатсайрҳои мусофирбарӣ ва аз нав ҷобаҷогузории онҳо»;

банди 4.1:

- «Корхона ҳамчун мақомоти ваколатдор муносибатҳои худро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ дар асоси шартнома, созишнома ва қарордодҳои ихтиёрӣ ба роҳ мемонад»;

сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4:

- «аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба намудҳои гуногуни фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ машғул мебошанд, маълумотҳои заруриро талаб намояд»;

- «сари вақт аз корхонаю ташкилотҳо, ширкатҳои нақлиётӣ дастрас намудани маълумотномаҳои ҳисоботӣ оид ба фаъолияти бору мусофирбарию дигар намудҳои хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ ва пешниҳод намудани онҳо ба мақомотҳои дахлдор»;

- «тибқи тартиби муқарраргардида, бо мақсади пайдо намудани ҳуқуқ оид ба хизматрасонӣ дар хатсайрҳои мусофирбарӣ байни интиқолдиҳандагон гузаронидани озмун (тендер)-ро ташкил менамояд», меъёрҳое пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо ба моҳият, табиат, фаъолият ва мақсади ҳуқуқии корхонаи воҳиди давлатӣ мувофиқ нестанд, ҳамчунин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корхонаи воҳиди давлатӣ амалӣ намудани чунин ваколатҳо мавриди танзим қарор нагирифтааст.

Чунончӣ, тибқи қисми 1 моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) ва қисми якуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, № 10 «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» — корхонаи воҳиди давлатӣ — ташкилоти тиҷоратӣ буда, мақсади асосии он ба даст овардани фоида мебошад.

Аз ҷониби дигар, тибқи моддаи 3 Қонуни зикршуда — корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ташкил карда мешаванд ва пешбурди хоҷагидорӣ ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаест, ки аз давлат амволро гирифта, дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани амволи гирифташуда мебошанд.

Тибқи муқаррароти Кодекси гражданӣ, корхонаи воҳиди давлатӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ субъекти муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар доираи муқаррароти Кодекси гражданӣ ба роҳ мемонад.

Кодекси гражданӣ дар моддаи 1 пешбинӣ мекунад, ки қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданиро муайян намуда, уҳдадориҳои шартномавӣ ва уҳдадориҳои дигар, инчунин муносибатҳои дигари молу мулкиро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамояд.

Кодекси гражданӣ баробарӣ ва мустақилияти субъектҳои гражданиро яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи гражданӣ эътироф намуда, ба амалишавии онҳо кафолати қонунӣ бахшидааст ва пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд оқилона, одилона ва боинсофона талаботи дар қонунгузорӣ дарҷёфтаро риоя намоянд.

Вобаста ба ин, субъектҳои муносибатҳои гражданӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ҳамчунин самти фаъолият, аз ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар бархӯрдор буда, таҳти идора ва тобеияти ҳамдигар қарор додани онҳо ё худ аз ҷониби онҳо доштани афзалият нисбат ба ҳамдигар истисно карда мешавад.

Дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» муқаррар гардидааст, ки муассис ё мақоми ваколатдор соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаҳои давлатиро муайян карда, онҳоро дар оинномаи корхона бо дарназардошти талаботи қонуни зикршуда ва дигар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд ва аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ мебошад.

Қонунгузорӣ, ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои давлатиро муайян кардааст, ки онҳо аз ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, иборат мебошанд.

Вобаста ба ин, самтҳои асоси фаъолият ва вазифаҳои дар назди корхонаҳои воҳиди давлатӣ истода дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо асосан аз истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат, тайёр кардан ва фурӯхтани доруворӣ, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи таъмини қувваи барқ, об, гармӣ ва газ, расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии бор ва мусофирон, расонидани хизмати алоқа, дигар намуди хизматрасонӣ ва анҷоми фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ иборат буда, дар онҳо функсия ва вазифаҳои ба мақоми ваколатдори давлатӣ хос (идоракунӣ, назоратӣ, танзимкунӣ ва иҷозатдиҳӣ) пешбинӣ нагардидааст.

Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД меъёрҳои муқарраркунанда, танзимкунанда, ҳамоҳангкунандаи тартиби фаъолият мебошанд, ки онҳо бояд аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда шаванд.

КВД дар асоси моликияти давлатии ба ӯ вобастакардашуда бояд бо иҷрои кор ва хизматрасониҳои васеи соҳаи бору мусофиркашонӣ машғул шуда, тавассути рақобати озод ва баробар бо дигар субъе­ктҳои хоҷагидори самти бору мусофиркашонӣ барои ба даст овардани фоида ва рушду нумуи минбаъдаи корхона кӯшиш намояд. Вогузор намудани ваколатҳои ба мақомоти давлатӣ хос, аз қабили назорат, танзим ва иҷозатдиҳӣ ба КВД боиси рақобати бевиҷдонона, бартарӣ ва нобаробарӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ мегардад. Зеро, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ — рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрӯи кории онҳоро паст мегардонад, рақобати бевиҷдонона маънидод карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки давлат ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ ҳамчун воситаи муҳими рушду таҳкими иқтисодиёти кишвар, мусоидат ба вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии халқ, ташкили ҷойҳои корӣ бо музди меҳнати мувофиқ, афзун гардонидани истеҳсолот ва баамалбарории намудҳои гуногуни кору хизматрасонӣ муносибат дошта, тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд кардан ва халалдор сохтани фаъолияти қонунии субъектҳои ҳуқуқро, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат карда, ҷузъи муҳими рушди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ маҳсуб меёбад, қатъиян манъ кардааст.

Чунончӣ, тибқи қисми якуми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол»:

«Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст».

Меъёрҳои моддаи 6 Қонуни зикршуда тамоми он амалҳо, аз ҷумла якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ, ки ба маҳдудкунии рақобат дар фаъолияти соҳибкорӣ оварда мерасонанд, иҷозат намедиҳанд.

Аз ин рӯ, қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дар он пешбинӣ намудани тартиб, шароит ва ҳолатҳо, инчунин ваколатҳои ба қонунгузорӣ номутобиқ, ки онҳо метавонанд монеаи рушди фаъолияти озоди иқтисодӣ ва умуман хоҷагидорӣ гарданд, инчунин мустақилияти субъектҳои хоҷагидориро маҳдуд ва халадор созанд, барои субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ бартарӣ ва шароити мусоид фароҳам оранд, ҳамчунин ба маҳдуд гаштани рақобат бурда расонанд, роҳ дода намешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», ки тартиби ташкили фаъолияти соҳибкориро муайян мекунад, дар баробари ҳуқуқ, инчунин уҳдадориҳои муайянеро низ ба зиммаи соҳибкорон вогузор намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорӣ на маҳдуд кардани фаъолияти озоди соҳибкорӣ, балки инъикоси манфиати ҳам соҳибкор ва ҳам тартиботи ҳуқуқӣ дар давлат ба шумор меравад.

Чунончӣ, аз тарафи соҳибкор риоя кардани қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; таъмин намудани мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода) ба талаботи қонунгузорӣ; бастани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад ва ҳамчунин бо талаби коллективи меҳнатӣ бастани шартномаи коллективӣ; дар асоси меъёрҳои муқарраргардида таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ; сари вақт ва пурра пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба Буҷети давлатӣ ва ғайра уҳдадориҳое мебошанд, ки аз принсипҳои қонуният ва шаффофияти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ки қонунгузор муайян кардааст, бармеоянд.

Моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, иттилоотӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шудани онро муайян менамояд.

Дар низоми дастгирии давлатии соҳибкорӣ назорати давлатӣ дар шакли бақайдгирии соҳибкорӣ, андозбандӣ, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, бақайдгирии молу мулк, ҳисоботдиҳӣ, танзими зиддиинҳисорӣ, мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва дигарҳо мавқеи муҳим доранд. Аз ҳама муҳимаш назорат, иҷозатдиҳӣ, танзимкунӣ, манъкунӣ ва маҳдудкунии фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонун ва дар доираи қонун, инчунин, на аз тарафи корхонаи воҳиди давлатӣ, балки аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи сархати нуҳуми банди 5 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 №250 тасдиқ шудааст, ваколатдор аст, ки ҷиҳати «гузаронидани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар соҳаи нақлиёт ва рушди рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ андешад».

Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 №696 тасдиқ гардида, асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муайян мекунад, яке аз вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилиро ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, маънидод намуда, фароҳам овардани шароити муътадил барои инкишофи рақобатро аз усулҳои муҳими назорат ва танзими давлатии бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ эътироф мекунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ваколати Вазорати нақлиёт дар хусуси вогузор намудани баъзе аз ваколатҳои худ ба зиммаи ташкилотҳои нақлиётии зертобеъ, ки аз сархати панҷуми банди 6 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 №250 бармеояд, қайд менамояд, ки вогузор намудани ваколат ба ташкилотҳои нақлиётии зертобеи худ бояд пурра ва дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда сурат гирад. Яъне, ба КВД вогузор намудани ваколати муайян бояд ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тариқ, тавассути Оиннома ба КВД вогузор намудани ваколатҳои идоракунии ба қонунгузории амалкунанда номувофиқ, инчунин татбиқи ин ваколатҳо боиси маҳдуд кардани фаъолияти озоди соҳибкорӣ, додани бартарӣ ба субъекти алоҳидаи хоҷагидорӣ ва ба миён омадани рақобати бевиҷдонона гардида, кафолати фаъолияти соҳибкории пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нисбат ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот» халалдор карда шудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-ро ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ арзёбӣ мекунад.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ дархости иловагии Вазорати нақлиётро дар хусуси бори дигар мавқуф гузоштани баррасии парвандаи мазкур, бинобар надош­тани асосҳои ҳуқуқӣ, бе қаноат мемонад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда ва бо даст­расии моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р  к а р д:

1. Сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ намебошанд.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рӯи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Маҳмудзода М. А.

Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ҳошимзода Д. Д.