Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз панҷ ҳазор нафар фиристодагони Мастчоҳ барои ғалаба бар фашизми Германия ҷонфидоӣ намудаанд.
Файзуллохӯҷа Хоҷаев, ки яке аз онҳост, соли 1935 раиси колхози «Комсомол» интихоб мешавад. Хоҷагӣ дар замони сарварии ӯ хеле пеш рафт, дар сафи хоҷагиҳои пешқадам ҷой гирифт. Пири кор, яке аз фотеҳони фаъоли Дилварзин Саидҷалоли Муллораҷаб он солҳоро ба ёд оварда, мегӯяд: «Раис тез лаҷоми корро ба даст гирифт, беҳтарин дастовардҳои хоҷагӣ ба замони сарварии Файзуллохӯҷа рост меояд».
Муаллифи китоби «Таърихи Падроғ», нависандаи пуркор Муллосангин Гулзод зимни ба риштаи тасвир кашидани зиндагиномаи ҳамдиёрон, аз ҷумла дар бораи Файзуллохӯҷа Хоҷаев овардааст: «… Соли 1936 раис аз Мадрушкат зоотехники русеро ба деҳа оварда, 65 гӯсоларо ахта намуд, ки дар натиҷа колхоз соҳиби 16 ҷуфт барзагов шуд». Тибқи нишондоди муаллиф он сол барои комёбиҳои беназири колхоз раис соҳиби орден гардидааст. Қобилияти фавқулодаи ташкилотчигиаш буд, ки соли 1937 Файзуллохӯҷа Хоҷаевро раиси Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Мастчоҳ таъин мекунанд.
Яке аз сарварони ноҳия будан аз кас дониши амиқи сиёсӣ, назариявӣ, иқтисодӣ тақозо дошт, ғайр аз ин ба интихобу тарбияи кадрҳои ҷавон бояд ҷиддӣ машғул шуд.
- Ман он сол котиби кумитаи иҷроияи ноҳия будам, бо тавсияи Ф. Хоҷаев мудири шуъбаи молияи кумиҷроия таъин шудам. Аввалин супорише, ки аз раиси нав гирифтам, омӯзиши иҷрои сарфи маблағҳои буҷет дар соҳаи маориф буд. Баъд фаҳмам, чунин супоришро раис ба мудири шуъбаи маориф низ супорида будааст. Аввал дар маҷлиси кумиҷроия, баъд дар яке аз иҷлосияҳои Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳия ин масъала бо ҷалби васеи роҳбарон ва фаъолон мавриди гуфтугӯйи ҷиддӣ қарор дода шуд. Баъзеҳо сахт «гӯшмол» хӯрданд, сипас, барномаи рушди маориф барои ду сол қабул гардид, — ба ёд меорад собиқадори меҳнат аз деҳоти «Оббурдон» Муллохованшоҳ Ҳасанов, ки ба 100 қадам мондааст.
Аммо давраи созандагию бунёдкорӣ, равнақи хоҷагии халқи кӯҳистон дер давом накард. 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба Иттифоқи Советӣ хоинона ҳуҷум кард. Акнун тамоми қувваю захира ба фронт равона мешуд. Ин ҷанг ягон ҷавонмардро бетараф гузошта наметавонист. Қаҳрамони мо ҳам бо ариза ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардид.
Ба ӯ фаҳмонданд, ки ақибгоҳ низ ҷабҳаи мубориза бар зидди адӯ мебошад, алҳол шумо ин ҷо заруртаред. Вале ӯ гӯш накарда, 10 январи соли 1942 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонон сӯи комиссарияти ҳарбии вилоят роҳ пеш гирифт. Баъди гурӯҳбандӣ ӯро дар ҳайати ротаи навташкиле ба яке аз шаҳрҳои Қазоқистон фиристоданд, ки дар он ҷо таълими ибтидоии ҳарбӣ гирифт ва моҳи феврали соли 1942 ба ҷабҳа фиристода шуд. Дар наздикиҳои шаҳри Курск, 23 феврали соли 1942, ҳамчун сарбози полки тирандозии №205 қасами ҳарбӣ ёд намуд. Ба наздикии шаҳри Курск овардани қувваҳои иловагӣ нақшаи Кумитаи давлатии мудофиа ва Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ буд. Дар ин муҳорибаҳои Курск Ф. Хоҷаев қаҳрамонона ҷангида, аз пояш ярадор гардид.
- Вақте ки ба худ омадам, аллакай дар бемористон будам, пойи чапамро ҷунбонда наметавонистам, табобат ду моҳу ду рӯз тӯл кашид. Комиссияи тиббӣ ба хулоса омад, ки ман дигар ба давом додани муҳорибаҳо қодир нестам ва маро ба ақибгоҳ фиристоданд, — ба фарзандон нақл кардааст ҷанговар.
Барои корнамоӣ ва ҷасорати шахсӣ Ф. Хоҷаев бо медали «Барои ғалаба бар Германия» мукофотонида шуд.
Дар ақибгоҳ бошад, кор аз майдони ҷанг монданӣ надошт. Ҷойи ҷавонони баҷанграфтаро занону пиронсолон гирифта буданд, хонандагони мактаб низ аз рӯи зарурият ба корҳои саҳроию чорводорӣ ҷалб шуда буданд. Ф. Хоҷаев чашми рӯз накафида ба сари замин ҳозир мешуд, ба деҳаҳо бисёр сафар мекард. Аз ҳоли мардум хабар мегирифт. Махсусан ба зиндагии оилаҳое, ки саробонашон дар ҷанг буд, эътибор медод…
Пеш аз муҳоҷират ба даштҳои ташналаби Дилварзин Ф. Хоҷаев якчанд сол дар сафҳои милитсия низ фаъолият намудааст. Соли 1956 аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба ин чӯли лабташна кӯчид ва ба корҳои сохтмону ободонӣ камар баст. Мардуми деҳоти «Оббурдон» амалҳои неки ӯро хуб дар ёд доранд ва ин марди хоксорро бо некӣ ёд мекунанд.
Имрӯз корҳои неки Ф. Хоҷаевро фарзандонаш идома медиҳанд. Писараш Хӯҷабек Файзуллоев роҳи падарро интихоб кард. Баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) тамоми умр дар сафи муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ кору фаъолият намуд.
Солҳои мушкили муқовиматҳои дохилӣ ҳамчун сардори шуъбачаи ШКД-и ноҳияи Мастчоҳ дар минтақаи Мастчоҳи Кӯҳӣ баҳри пойдории сохти конститутсионӣ хизмат кард.
- Аз он хурсандам, ки дар зиндагӣ пайроҳаи падарро интихоб намудам, 13 сол доштам, замоне ки падарро ба роҳи охират гусел кардем ва аз ҳамон рӯз гӯё, ки сарварии оила ба дӯши ман буд. Бо дастгирию дуои модар соҳиби маълумоти олӣ гардидам, хона сохтам, панҷ нафар фарзанди солимро ба воя расондам. Аз ҳама муҳимаш, имрӯз ҳам аз чорабиниҳои гуногун дар канор нестам, — гуфт ҳангоми суҳбат майори мустаъфӣ Хӯҷабек Файзуллоев.
Хӯҷабек бо мо хайрухуш намуда, сӯи Комиссариати ҳарбии ноҳия роҳ пеш гирифт, то дар он ҷо бо даъватшавандаҳо суҳбат намояд. Ӯро гуселкунон беихтиёр ба худ андешидам: чаро дар ноҳия кӯчае ё мактабе номи собиқ раиси ноҳия, иштирокчии ҶБВ, фотеҳи Дилварзин Файзуллохӯҷа Хоҷаевро надорад?
Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор