Ба пешвози Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Аз рӯи кина кинаю аз рӯи меҳр меҳр

№47 (4153) 14.04.2020


stroiteliСоли равон 75-солагии Ғалабаро дар ҷанги зидди фашизм ҷашн хоҳем гирифт. Аз он ҷанги хуношом ва давраҳои баъдиҷангӣ дар саҳафоти таърих басе корномаҳо дарҷ гардидаанд, ки воқеан ҳам ибратбахш мебошанд ва ҷанбаҳои тарбиявию ватандӯстӣ доранд.

Сокинони водии Рашт дар як даҳсола ду фоҷиаи бузургро аз сар гузарониданд: Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ва заминларзаи мудҳиш (соли 1949). Аз фоҷиаи соли 1949, ки бо номи «Заминларзаи Ҳоит» машҳур аст, то ба ҳол қиссаҳо мегӯянд ва шоҳидон дар бораи вайронии деҳоти ноҳия­ҳои атроф, аз ҷумла, Қалъаи лаби об, бо сӯзу гудоз нақл мекунанд. Биноҳои маъмурӣ дар деҳаи Қалъаи лаби об — маркази ноҳия пурра хароб гардида буданд. Аз ин рӯ, масъалаи ба ҷои нав кӯчонидани маркази ноҳия ба миён омад. Бо ин мақсад аз маркази ҷумҳурӣ ҳайати комиссия  ба ноҳия омад. Онҳо вазъиятро омӯхта, ҷойи маркази ояндаро интихоб карданд, ки дуртар аз собиқ марказ қарор дошт ва мавзеи тахту ҳамворе буд. Он мавзеъ боғҳои сабзу заминҳои киштбоби зиёд дошт.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои баъдиҷангӣ, ҳукумат барои бунёди маркази нави ноҳия маблағ ҷудо намуд. Ҳамин тариқ, дар ин гӯшаи дури ҷумҳурӣ бунёдкорӣ авҷ гирифт.

Аз шаҳри Сталинобод ба Қалъаи лаби об гурӯҳи калони сохтмончиён сафарбар шуданд. Пас аз чанд рӯзи омадани онҳо калонсолон дар суҳбатҳояшон мегуфтанд, ки сохтмончиён асирони ҳарбии немисанд. Онҳо дар ҳайати армияи фелдмаршали машҳури немис Паулюс ба муқобили аскарони сурх меҷангиданд, баъди муҳосираи Сталинград силоҳ ба замин гузошта, таслим шуда буданд.

Ҳисси инсонпарварии тоҷикон он рӯзҳо аз муносибат бо асирон хуб эҳсос мешуд. Ҳама медонистанд, ки маҳз ҳамин миллат сабабгори марги миллионҳо сокини шӯравӣ гардидааст, вале раҳму шафқати тоҷикона ҳамеша болотар аз ҳар эҳсоси дигар меистод. Агар дар деҳе маъракаи хурсандӣ барпо мешуд, пирони деҳа бо роҳбарияти ноҳия ва сарвари гурӯҳи посбонҳо маслиҳат намуда, барои асирон дастурхони пурнозу неъмат ташкил мекарданд.

Ду бинои калони маъмурӣ — Кумитаи ҳизбӣ ва Кумитаи иҷроияро маҳз ҳамин сохтмончиён сохтанд. Сохтмони биноҳо, ки аввали соли 1950 оғоз ёфта, нимаи дуюми соли 1951 ба итмом расид. Баъди бунёди чанд бинои дигар асиронро ба маркази ҷумҳурӣ бурданд ва дар деҳаи навбунёд роҳбарияти ноҳия ба фаъолият оғоз намуд.

Ногуфта намонад, ки дар бинои Кумитаи ҳизбии ноҳия аз соли 1991 то соли 2010 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолият мекард.

Мақсад тавсифи сохтмончиёну биноҳо нест, балки сухан аз боби кинаву адоват ва меҳру муҳаббат меравад. Бо вуҷуди он ки мардуми Қалъаи лаби об нисбат ба асирон дилсӯзӣ мекарданд, вале онҳо пинҳонӣ дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои зишт будаанд. Нақл мекунанд, ки дар яке аз шабҳои соли 1952 дар дафтари кории котиби райком Сайдалӣ Ҷумъаев ҳодисаи ғайриодӣ рух дод. Дар ҷое, ки мизи кории котиб гузошта шуда буд, аз шифти бино санги вазнаш 40 кило афтид. Он нимаи миз ва курсии котибро пурра аз кор баровард. Шоҳидон мегӯянд, ки агар санг дар соати корӣ меафтод, рост ба сари котиб мезад. Хушбахтона, ҳодиса замоне рух дод, ки дар дафтари корӣ касе набуд.

Он замон шоҳидони воқеа аз ҳодисаи рухдода ба хулоса омадаанд, ки кинаву адоват ва ҳисси интиқом ҳанӯз қалби асиронро тарк накарда будааст. Онҳо бо ҳар восита мехостаанд, ки аз мардуми шӯравӣ қасоси шикасташонро дар ҷанг бигиранд. Ҳамин тавр, пеш аз маҳкам кардани сақф сангро хеле устокорона болои бом бароварда, тарзе гузоштаанд, ки оҳиста-оҳиста ҳаракат карда, ба болои фанер расидааст ва фанер ба вазн тоб наоварда, канда шудааст. Яъне, бо ин васила роҳбари ҳизбиро нобуд сохтанӣ будаанд, вале тирашон хок хӯрдааст.

***

Соли 1978 бо мақсади бунёди бинои нав барои шуъбаи почта бинои куҳнаро, ки онро ҳамон солҳо асирони немис сохта буданд, вайрон карданд ва дар ҷои он сохтмон оғоз ёфт. Масолеҳи бинокории аз бинои пештара кандаро (шифер, фанер, дару тиреза ва ғайра) санад тартиб дода, байни коргарони идора тақсим карданд. Падари яке аз муаллифони матлаб — рӯзноманигор Баҳодур Абдусатторов, ки корманди шуъбаи почта буд, дар қатори ҳамкорон чанд фанер туҳфа гирифтааст. Дар як фанери ҳаҷмаш 2 мет­ри мураббаъ бо рангу туши сохтмонӣ рассоми ҳунарманде манзараҳои ҷаззобу дилкашро хеле устокорона тасвир карда будааст. Рассом дохили хонаи истиқоматиро бо таҷҳизоту ороиши аврупоӣ тасвир намуда, хурдтарин ҷузъиётро нишон дода буд. Тасвир ба ҳадде ҷаззобу дилкаш ба назар менамуд, ки бинанда аз он чашм канда наметавонист. Аз ҷумла, дар тасвир мизи хӯрокхӯрӣ бо моҳути сафед пӯшонида, болои табақи мева, табақчаҳои ширинӣ хеле табиӣ ва равшан ҳаккокӣ гардида, ҷевонҳои китоб, сарулибос, радиопрёмник бо тартиб ҷойгир шуда буданду аз тиреза ба хона шуои офтоб медаромад.

Аз ҳама аҷибаш расми гурбаи болои ҷевон буд, ки бо чашмони маҳзун ҷониби дари баромад менигарист, гӯё ҳар замон аз дар ворид шудани соҳибхонаро интизорӣ мекашид.

Хулоса, аз ин тасвир бармеомад, ки асир хонаи худро ниҳоят пазмон шудааст, ба зиндагӣ меҳр дорад, ҳатто гурбаи хонаро ёд кардааст ва ба ҷанг нафрин мехонад.

Усто қисмати мусавварадори фанерро дар сақф ҷониби болои бом гузошта, аз назари бинандаҳо пинҳон кардааст, ки мабодо расми кашидаи ӯро дида, бо ранг тоза накунанд. 

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»,

Баҳодур АБДУСАТТОРОВ,

Рӯзноманигор