60 сол қабл дар деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ офати табиӣ рух дод. Поракӯҳи азим лағжида, пеши дарёи Зарафшонро гирифт.
Такони сахт ва чангу ғубори ғализи садама, шикастани тирезаҳо, кафидани деворҳои хонаҳо таҳлукаро ба вуҷуд овард.
Комитети партиявии ноҳия ситоди фаврӣ даъват намуда, барои таъмин намудани бехатарӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои амн супоришҳои мушаххас дод. Раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ, зани кордону ғаюр С. Нурова дар байни мардум корбарӣ намуда, барои ба маҳалҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ чораҳои мушаххас андешид.
Дар рӯзномаҳои марказии Иттиҳоди Шуравӣ оиди баланд шудани сатҳи об ва зери об мондани пули калонтарине, ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро пайванд менамуд, ахборот доданд. «Баландии кӯҳи лағжида 240 метр, бараш 400 метр ва дарозияш 800 метрро ташкил медиҳад. Дар давоми 20 соати баста шудани маҷрои дарёи Зарафшон сатҳи оби он 6 метр ва дар як шабонарӯз 45-50 метр боло рафта, садҳо метри мукааб об ҷамъ шуда, обанбори сунъиро ба вуҷуд овард. Дашти Сангистон ва зиёда аз 4 километр роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе зери об монд», — навишта буданд рӯзномаҳо.
Дар ҳолати рахна шудани садди бавуҷудомада даҳҳо ҳазор гектар замин ва минтақаҳои аҳолинишин то Самарқанду Бухоро зери об мемонд.
Рӯзи дуюми садама намояндагони баландпояи Иттифоқи Шуравӣ ба ҷои ҳодиса омада, роҳҳои рафъи садамаро таҳлил намуда, қарори дахлдор қабул карданд. Пас аз гузаронидани ситод хизматчиёни округи ҳарбии Туркистон, сохтмончиён, масъулини соҳаи нақлиёт, роҳсозон, таркишдиҳандагон ва техникаҳои зиёди пуриқтидор барои бартараф намудани офати табиӣ ҷалб шуданд. Ба ҷои ҳодиса аз гӯшаву канори мамлакат техника, қувваи корӣ, масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас шуд.
Дар деҳаи Варзи Манор ситоди доимоамалкунанда ташкил гардид. Дар шаҳри Панҷакент ситоди «Хатар» таъсис дода шуд ва мардум ба соҳилмустаҳкамкунӣ сафарбар мешуданд. Дар ноҳияи Айнӣ зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, мутахассисон, коргарон ва ҳашарчиён ба таври шабонарӯзӣ кор мекарданд.
Раисони колхозҳои ноҳияи Айнӣ — Б. Султонов Р. Баҳриддинов Б. Арбобов, М. Ҷумъабоев, К. Қодиров ба ғайр аз таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ ҳар рӯз 50-60 нафар колхозчиёнро барои кумак мефиристоданд.
Мутахассисони қисмҳои низомӣ барои таъмини рафтуомади мусофирон, дастрас намудани хӯрокворӣ ва дигар молҳои талаботи ҳаррӯзаи мардум заврақҳои калонҳаҷм, пулҳои «Пантонӣ» оварда, ҳаракати нақлиёти боркаш ва одамонро таъмин менамуданд. Заврақҳо аз гардиши мавзеи «Оби Кумарғ» ду мошини боркаш (он вақт автомашинаҳои ГАЗ-52 зиёд буданд) ва одамонро гирифта, то дашти Сангистон меоварданд. Сипас, ба воситаи пули «Пантонӣ» ба роҳи асосӣ баромада, ҷониби Панҷакент ва Хуҷанд раҳсипор мешуданд.
Падарам — Ниёзов Насрулло сардори Фабрикаи маъдантозакунии кӯҳии Анзоб буд. Ҳар рӯз чанд мошин маҳсулот (консентрат)-и фабрикаро бояд то роҳи оҳани шаҳри Самарқанд мефиристод. Ҳамон вақт 12 сол доштам ва қиблагоҳам маро ба ҷои ҳодиса бурд. Бояд аз Оби Кумарғ ба воситаи заврақ то Дашти Сангистон мегузаштем. Зимни ба пули «Пантонӣ» наздик шудан автомашинаи боркаш лағжида ба қаъри обанбори навташкил рафт. Хушбахтона, ронандаро кормандони ҳарбӣ наҷот доданд.
Комиссияи ҳукуматӣ ва мутахассисон 12 шабонарӯз бо офати табиӣ мубориза бурда, бо чанд таркиш рӯзи 13-ум пеши роҳи об кушода шуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо хурсандии мардум ҳадду канор надошт.
Ҳоло ҳар роҳгузаре, ки аз деҳаи Варзи Манор мегузарад, осори боқимондаи ин садамаи мудҳишро дида метавонад.
Месазад, ки дар бораи шахсиятҳои алоҳида, мутахассисон, хизматчиёни ҳарбие, ки барои рафъи садамаи мазкур саҳм гузоштанд, китобе навишта, барои насли оянда мерос гузорем ва тамошои филми ҳуҷҷатиро, ки ҳамон рӯзҳо наворбардорӣ шуда буд, ба роҳ монем.
Муҳаммадносири НАСРУЛЛО,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон