Аз сарҳадбонӣ дар Тоҷикистон то қаҳрамонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

№55 (4475) 06.05.2022

ПАНФИЛОВБо гузашти солҳо саҳифаҳои то кунун норавшани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 боз мешавад ва аз қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик ва дигар халқҳои Иттифоқи Советӣ ҳикоят мекунанд. Шумораи  Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон аз ҳисоби фарзандони дигар халқҳо, ки дар Тоҷикистон хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ё дар азхудкунии заминҳои  бекорхобида ва сохтмони роҳҳо саҳм гузоштанд, афзудааст.

Яке аз он шахсон Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, генерал — майор Иван Василевич Панфилов мебошад, ки солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар Отряди  сарҳадбонони Помир хизмат кардааст.

Иван Василевич Панфилов 1 январи соли 1893 дар шаҳри Петровскийи вилояти Самара ба дунё омадааст. Дар 12 — солагӣ модараш вафот мекунад ва Ивани наврас барои гузаронидани рӯзгораш дар назди дӯкондор ба хизмат машғул мешавад. Соли 1915 барои хизмати ҳарбӣ ба Армияи императори Россия даъват шуд. Баъд аз инқилоби  февралии соли 1917 чун мутахассиси ботаҷрибаи ҳарбӣ узви Кумитаи полкӣ интихоб гардид.

Иван Василевич Панфилов моҳи октябри соли 1918 ихтиёрӣ ба сафи Армияи Сурх  пайваст. Аввалҳо дар Полки пиёдагарди 1 — уми Саратов ва баъд дар ҳайати Дивизияи машҳури 25 — уми М. В. Чапаев хизмати  ҳарбиро ба ҷо овард. Иштирокчии ҷанги гражданӣ буда, солҳои 1918 — 1921 дар ҳайати Дивизияи 25 — уми тирандозии Чапаев дар вазифаи командири взвод ва рота бар зидди гвардиячиёни сафед, генералҳо Дутов, Колчак Деникин ва полякҳои сафед далерона ҷангидааст.

Қобилияти баланд ва дониши сиёсиашро ба назар гирифта, соли 1920 ӯро ба сафҳои ВКП (б), ҳизби коммунист қабул карданд. Аз соли 1921 ҳамчун командири взводи Баталиони 183 — юм ба хизмати ҳарбии сарҳадбонӣ гузаронида мешавад.

Баъди хатми ҷанги гражданӣ ҳайати фармондеҳии ҳарбӣ соли 1923 ӯро барои таҳсил ва мукаммал намудани дониши сиёсӣ ва ҳарбӣ ба Мактаби  олии дусолаи муттаҳидаи командирони РККА ба номи С. С. Каменев мефиристанд.

Иван Василевич Панфилов соли 1924 барои хизмати ҳарбӣ ба Фронти Туркистон фиристонда мешавад. Варақаи хизматии ӯ Туркистон (Осиёи Марказии ҳозира) минбаъд, ба тариқи зайл пурра гардидааст: аввал командири ротаи тирандозӣ, сардори Мактаби полки Туркистон ва аз моҳи августи соли 1927 сардори Мактаби 4 — уми Полки тирандозии Туркистон (дар Помир) ва аз моҳи апрели соли 1928 командири Баталиони 6 — уми тирандозии Полки тирандозии Туркистони округи ҳарбии Осиёи Миёна.

Хизмати ҳарбии Панфилов ҳамчун сарҳадбон ба солҳои пурошӯб ва вазнини мубориза бар зидди дастаҳои хунхори босмачиҳо рост омад.

Бино ба маълумоти китоби «Крыша мира» (Душанбе, «Ирфон», 1965, саҳ. 23-24), Иван Василевич Панфилов аз моҳи майи соли 1925 то августи соли 1927 дар Отряди сарҳадбонони Помир хизмат кард. Барои барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Помир ва саркӯб кардани дастаҳои босмачиён фаъолона мубориза бурд.

Вақте ки дастаи босмачиён бо роҳбарии Фузайл Махсум 14 августи соли 1929 аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум мекунад, сарҳадбонони Отряди сарҳадбонони Помир бо  фармондеҳии Иван Панфилов ба Ванҷу Дарвоз расида, босмачиёнро зада, аз ҳудуди зери назорат дур мекунанд.

Солҳои пеш  пайшиносони сурхи шаҳри Хоруғ бо ҳамсар ва фарзандони Иван Панфилов алоқа пайдо карданд. Дар натиҷа, сурату маълумоти зиёд дар бораи ин қаҳрамон пайдо карданд.

Солҳои минбаъда Иван Василевич Панфилов хизмати ҳарбиро дар Қирғизис­тон идома дода, командир ва комиссари Баталиони алоҳидаи тирандозии 8 — уми қӯшунҳои маҳаллии Округи ҳарбии Осиёи Миёна, командири полки 9 — и тирандозии кӯҳии округ ва солҳои 1938 — 1939 комиссари ҳарбии Қирғизистон буд.

Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, Иван Василевич Панфилов шахсан ба ташкил кардани Дивизияи 316-и тирандозӣ дар Округи ҳарбии Осиёи Миёна дар шаҳри Алма-ато машғул шуд, зеро аз ӯ дида, каси дигаре урфу одат ва анъанаҳои халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистонро беҳтар намедонист. Генерал — майор Панфилов баъд аз ташкил намудани дивизия аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ командири Дивизияи тирандозии 316 (аз 12 июли соли 1941) таъин гардид ва он моҳи октябри соли 1941 дар ҳайати армияи  амалкунанда ба Фронти ғарбӣ фиристода шуд.

Маҳз ҳамон дивизияи навташкил бо роҳбарии генерал Панфилов дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва қаҳрамониву ҷасорат  нишон дода, ба фашистон имконият надод, ки ба пойтахти ИҷШС наздик шавад. Муҳориба ва муҳофизати шаҳри Москва зиёда аз ду моҳ, октябр ва ноябр, давом кард. Панфиловчиёни диловар зарбаҳои сахттарини  душманро мардонавор пешгирӣ мекарданд. Танкҳои фашистонро бо снаряди тӯпҳо (артиллерия) зада, аз кор мебароварданд. Аскарони пиёдагарди фашистро мисли мӯру малах нест мекарданд. Ин муҳорибаи ҷангии панфиловчиён дар назди деҳаи Гусенёвои ноҳияи Волоколамскии вилояти Москва рух дод.

Даҳаи аввали моҳи октябри соли 1941 Дивизияи тирандозии 316 зери роҳбарии генерал Панфилов ба ҳайати армияи 16-ум ҳамроҳ шуда, барои мудофиаи  шаҳри Москва дар назди ноҳияи Волоколамский сина  сипар намуданд. Генерал Панфилов бори аввал дар муҳорибаҳои ҷангӣ  эшелони калони артиллерии зиддитанкиро истифода бурд. Инчунин, баъд аз истифодаи зарбаҳои сахти эшелони артиллерия отрядҳои ҳаракаткунандаи аскарон ва тӯпҳоро ба роҳ монд. Дар натиҷаи чунин  амалиёти ҷангӣ кӯшиши Корпуси 5 — уми армияи фашистон барои рахна зада, ба шаҳри Москва даромадан барбод рафт.

Ҳамин тариқ, дар муддати ҳафт рӯз дивизия бо роҳбарии генерал- майор Панфилов ва Полки курсантии ба номи С. И. Младенсев ҳамлаҳои бераҳмонаи танкӣ, тӯпӣ ва аскарони пиёдагарди фашистро зада, гардонданд ва несту нобуд карданд.

Диловарӣ ва ҷасорати панфиловчиёнро дида сарфармондеҳони фашист ба ин минтақаи ҷангӣ боз як  корпуси пурқуввати дорои  техникаи ҳарбии ҳаракаткунандаро фиристонданд.

16 ноябри соли 1941 фашистони истилогар ҳуҷуми дуюми генералиро барои ишғол намудани шаҳри Москва оғоз намуданд. Қувваҳои ҷангӣ нобаробар буданд. Бо вуҷуди он ки аз дивизия танҳо 28 нафар панфиловчиён боқӣ монда буданд, нагузоштанд, ки фашистон ба пеш ҳаракат кунанд.

Фармондеҳи Фронти ғарбӣ, генерали армия Г. К. Жуков дар гузориш навишта буд:

«Дар лаҳзаҳои душвортарини ҷангӣ генерал Панфилов ҳамеша роҳбариро аз қисмҳои ҳарбии дар итоатбуда нигоҳ медошт. Дар ҷангҳо ва муҳорибаҳои пай дар пай барои гирифтани Москва дивизия ва қисмҳои ҳарбӣ танҳо  мавқеи ҷангиро нигоҳ доштанд, балки кӯшиш карда, дивизияи 2 — юми танкӣ, техникаи ҳаракаткунандаи ҷангии 29 — ум, дивизияҳои пиёдагарди 11 ва 110 — ум, инчунин 9000 офитсер ва аскари фашист, зиёда аз 80 танк, миномёт ва дигар  аслиҳаҳои ҷангиро зада несту нобуд карданд».

Барои иҷрои намунавии вазифаҳои ҷангӣ ва нишон додани мардонагӣ ҳайати дивизияи 316, ки ба он генерал — майор И. В. Панфилов фармондеҳӣ мекард, 17 ноябри соли 1941 бо ордени «Байрақи сурх» мукофотонида шуд. Вале як рӯз пас, 18 ноябри соли 1941 командири дивизияи 316 генерал — майор И. В. Панфилов дар яке аз муҳорибаҳо дар назди деҳаи Гусенёвои ноҳияи Волоколамскии вилояти Москва аз таркиши минаи миномёт сахт  захм бардошта, ҳалок шуд. Ҷасади ӯ бо иззату эҳтироми ҳарбӣ дар участкаи 5-и оромгоҳи Новодевичеи шаҳри Москва ба хок супурда шуд.

12 апрели соли 1942 бо Укази Президиуми Совети Олии ИҶШС барои ҷасорат ва қаҳрамонӣ Панфилов Иван Василевич (баъди маргаш) бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  сарфароз гардонида шуд.

Аз ин пеш ӯ бо се ордени «Байрақи сурх» (1921, 1929, 1941) ва медали «ХХ — солагии РККА» (1938) қадр гардидааст. Рутбаи ҳарбии генерал- майорро 4 июни соли 1940 ба ӯ сазовор дониста буданд.

Барои гиромидошт дар шаҳрҳои Алма-ата, Бишкек ва ҷои ҳалокаташ деҳаи Гусенёвои ноҳияи Волоколамскии вилояти Москва ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва лавҳаҳои хотиравӣ гузошта шудаанд. Ба бисёр муассисаҳои давлатӣ посёлкаҳо, кӯчаҳо, мактабҳо, заводу колхозҳо ва киштиҳо дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ номи И. В. Панфиловро гузоштаанд.

Аввалин ҳайкали қаҳрамон 15 феврали соли 1942 дар Боғи истироҳат ва фароғатии ба номи «Красная звезда» — и шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) — и Ҷумҳурии Қирғизистон қад афрохта буд.

Дар шаҳри Душанбе то солҳои наздик яке аз кӯчаҳои пойтахт номи генерал Панфиловро дошт. Якчанд сол пеш номи кӯчаро дигар карданд.

Номи генерали қаҳрамон ва 28 нафар пафниловчиён дар шеъру достонҳо, ҳикояҳо, повестҳо, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ инъикос  ёфтааст.

Устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз аввалинҳо шуда, «Достони мардистон»- ро ба онҳо мебахшад:

Ки ба ин мулк чанде аз ин пеш,

Лашкари душман омад аз ҳад беш.

Хост ин мулкро кунад тасхир,

Халқи онро ғулому хору асир.

Лек мардони ин деҳи хуррам,

Банд карданд роҳро маҳкам.

Кас намехост сарфиканда шавад,

Зинда монад ба нангу банда шавад.

З-он сабаб ҷанг кард душман,

Ҳар яке дар муқобили сад тан.

Кушта гаштанд як ба як мардон,

Кас, вале, ҷони худ надод арзон…

Ҳангоми аз назар гузаронидани бастаҳои рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» (аз 7 ноябри соли 1980 (6578) саҳ. 4) назарам ба «Мактубҳои дӯстон», муаллифаш Ш. Баҳронов, ҷонишини директори Хонаи пионерони ВАБК, афтод. Дар он омадааст: «Иван Василевич Панфилов то тобистони соли 1927 дар Отряди сарҳадбонони Помир хизмат кардааст».

Генерал — майори мустафъӣ Александр Романович Белов ба пайшиносони сурхи Хонаи пионерони ВАБК навиштааст: «Соли 1926 ман колоннаи сарҳадчиёнро ба Помир овардам. Моро Панфилов бо отрядаш истиқбол гирифт. Баъдтар дар кори якҷоя ӯро хубтар шинохтам. Марди доно ва сахтгире буд. Тобеонаш ӯро хеле дӯст медоштанд.

Соли 1927 ӯро ба Қӯқанд фиристоданд ва баъд аз як сол чун дӯстони қарин боз вохӯрдем. Моро хизмати якҷоя дар Помир ба ҳамдигар дӯст, рафиқ ва бародар гардонда буд».

Қаҳрамонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Баръакс, сол то сол қадру манзалаташон боз ҳам зиёдтар мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи иштирокчиёни ҷанг ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки гуфтаанд: «Боиси ифтихор аст, ки  корномаи даҳҳо ҳазор нафар ҷанговарони тоҷик бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардида, қаҳрамонии онҳо муҳтавои асосии садҳо китобу достонҳо, филмномаву ёддоштҳо ва тадқиқоти таърихнигорон гардидааст.

Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаву корномаи онҳо дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад».

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»