Аз Сияҳғул то Берлин

№38 (3339) 16.03.2015

Овозаи шуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳаи Сияҳғул замоне расид, ки Амир Забиров марди 45-сола буд. Дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонмардони то 55-соларо ба ҷанг сафарбар менамуданд. Яке аз онҳо Амири муъминободӣ буд. Мо хотираҳои ҷангии бобои Амирро аз писари калониаш – Шариф Амиров, ки ҳоло нафақахӯр аст, пурсон шудем.

-Падарам то ба ҷанг рафтан узви колхози «Байрақи сурх» буданд. Соли 1943 барои ҳифзи Ватан ба комиссарияти ҳарбии ноҳия даъват шуданд. То шаҳри Сталинобод пиёдаву аспсавор  рафтанд ва онҳоро ба Украина бурда, баъди 3- 4 моҳи машқ ба фронт фиристоданд. Падарам дар яке аз полкҳои тирандозии пиёдагард амалиёти ҷангиашро аз озод кардани шаҳрҳои Украина оғоз намуд. (номи шаҳрҳоро фаромӯш кардааст).

Ҳикоя мекарданд, ки аз ҳама ҷангҳои сахттарин озод кардани шаҳри Киев буд. Шаҳр дар кӯраи оташ месӯхт. Озод кардани ҳар як ваҷаб замин бо қурбониҳои зиёд ба даст меомад. Талафот аз ҳар ду ҷониб хеле зиёд буд.

Соли 1944 ва аввали соли 1945 ҷумҳуриҳои Полша, Руминия, Чехословакия, Венгрия  ва Албания пурра аз фашистон озод шуданд. Дар озод кардани ин давлатҳо ҳазорон аскарони шӯравӣ ҳалок гаштанд. Падарам аз як дасташ дар ин набард сахт маҷрӯҳ гашта, ба госпитал меафтад. Баъди шифо ёфтани захм боз ба ҷанг меравад. Онҳо ҷангкунон  ба лонаи фашистон-шаҳри Берлин торафт наздик мешуданд. Баъди тайёриҳои пурраи ҷангӣ армияи мо бояд шаҳри Берлинро ба даст орад. Даромади шаҳр ва атрофи он бо истеҳкомҳо ҳимоя карда мешуд. Гитлер тамоми техникаи ҳарбӣ ва армия ва ҳатто ҷавонони аз 13-сола боло, занҳо ва пирони то 70-80-солаи машқи ҷангӣ надидаро ҳам барои ҳимояи Берлин сафарбар намуда буд. Лекин ҳамаи ин қувваҳо садди роҳи аскарони советӣ гашта  наметавонистанд. «Аз ҳама ҷангҳое, ки ман дар онҳо иштирок карда будам, муҳориба барои Берлин шадидтарин маҳсуб меёфт»,- мегуфт падарам. Кӯчаҳо пур аз ҷасад ва пур аз хун буд. Хонаҳо аз оташи гӯлула ва бомбаҳо месӯхтанд. Аз зарби дуди сӯхтор офтоб нопадид мегашт. Шаҳр ба кӯраи оташ монанд буд. Аскарони мо қаҳрамонона бо рӯҳияи баланд меҷангиданд. Ғалаба торафт наздик  мешуд. Оқибат байрақи Иттифоқи Шӯравӣ дар болои Рейхстаг  парафшон шуд.

Ҷанговари тоҷик Амир Забиров шаҳди Ғалабаро бо дӯстони ҳамяроқаш дар Берлин чашид.

Баъди ҷанг ду соли дигар Амир Забиров хизмати худро дар артиши Иттифоқи Шӯравӣ идома медиҳад ва соли 1947 бо сари баланду сари синааш пур аз ордену медалҳои ҷангӣ  ба деҳааш-Сияҳғул баргашт.

Ватан хизматҳои ҷанговари далеру ҷасури тоҷик Амир Забировро бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ»- дараҷаҳои якум ва дуюм, медалҳо барои озод кардани шаҳрҳои Киев, Варшава, Прага, Будапешт ва шаҳри Берлин, 10, 20, 30-солагии Ғалаба ба Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сарфароз гардонд. Ба ғайр аз ин, ин марди шуҷоъ бо Раҳматномаи  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  ИҶШС И.В. Сталин ва Раҳматномаи Маршали Иттифоқи Советӣ  К.Г. Жуков низ сазовор гаштааст.

Баъди ба деҳааш баргаштан колхозчӣ шуда кор мекунад. Соли 1949 бо оилааш ба деҳаи Ғофилобод кӯчида меояд ва узви колхози «Октябри сурх» ва баъди якҷоя шудани колхози «14-солагии Октябр» ба колхози ба номи Москва узви ҳамон колхоз шуда кор мекунад. Пас  аз барҳам хӯрдани колхозҳо  (соли 1958) дар совхози  «Муъминобод» кор кард. Соли 1984 ветерани ҷанг ва меҳнат Амир Забиров аз олам чашм мепӯшад. Чунин ба назар мерасид, ки шоир ин байтро ба зиндагии ин марди наҷиб гуфта бошад:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Номбардоронаш писари калонӣ — Шариф, собиқ чӯпони номдори совхози «Муъминобод-1», дорандаи орденҳои Ленин, «Байрақи сурхи меҳнат», «Дӯстии халқҳо» буда, писари дувумаш Раҳмоналӣ Амирзода дар вазифаҳои котиби якуми комитети ҳизби коммунисти ноҳияи Муъминобод, муовини якуми вазири кишоварзӣ, раиси шаҳрҳои Кӯлоб ва Исфара сарбаландона кор карда, ҳоло раиси шаҳри Ваҳдат мебошад. Писари сеюмаш Юсуф Амиров раиси кумитаи замини ноҳия  мебошанд.

Аз бобои Амир беш аз 80 нафар набера, абера ва чабера мондааст, ки бо номи бобои қаҳрамонашон ифтихор мекунанд.

Исмоил ҶАБИНЗОДА