Аз таърихи таҷлили Соли нави мелодӣ

№158 (4420) 31.12.2021

Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намудаанд, ки дар он «Ибтидои соли нав» сабт шуда буд. Биноан, пайдоиши Соли навро ба Мисри қадим рабт медиҳанд.  

Римиёни қадим ҳанӯз то мелод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, шаби соли нав меоростанд. То даме ки Юлий Сезар тақвими навро ҷорӣ намуд, римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд. Ҳамин тавр, соли 46 то мелод соли нав  якуми январ муайян гардид.

Дар Бобулистони қадим соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Рӯзҳои ҷашн шоҳ шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт.

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Британияи Кабир) соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз он дур кунанд.

Соли нав дар Англия асрҳои миёна, ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон оид ба гузаронидани ин ҷашн 1 январи соли 1752 ба тасвиб расидааст.

Дар Россия соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеи Москва қароре баровард, ки мувофиқи он соли нав 1 сентябр (аз рӯи тақвими юнонӣ) ҷашн гирифта мешуд. Соли 1699 Пётр I, баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармон солшумориро аз 1 январ муайян кард. Аз соли 1919 соли нав дар Россия мувофиқи «солшумории григорианӣ» қайд карда мешуд. 23 декабри соли 1947 бо фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС якуми январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Бинобар истифода шудани солшумории мелодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ Соли нави мелодӣ ботантана таҷлил мешавад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  якуми январ дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст.

Таҳияи Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»