Суди ноҳияи Нуробод шаҳрванд Маҳмудова Мағфират Шамсовна — истиқоматкунандаи деҳаи Сари Қоши деҳоти «Хумдон»-ро бо моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кард.
Тибқи иттилои Мадина Камолзода — судяи Суди ноҳияи Нуробод, М. Маҳмудова дидаю дониста, ба идома додани таҳсили духтараш Маҳмудова Нағзигул Исмоиловна дар синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Сари Қош монеъ шудааст. Бинобар ин, бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо татбиқи моддаи 63 ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6000 ҳазор сомонӣ, ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Мадина Камолзода, ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ноҳияи Нуробод иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки танҳо дар се моҳи охир 92 нафар бинобар бепарвоӣ зоҳир намудан дар тарбияи фарзандон, аз қабили бо сарулибоси ғайримактабӣ ба дарс ҳозир шудан ва манъи онҳо аз таҳсили ибтидоию асосӣ бо қарори суд маҳкум шудаанд. Аз ҷумла, Кулулов Абдулботин Давлатхоҷаевич — истиқоматкунандаи деҳаи Оби Лурди деҳоти «Хумдон», ки фарзандаш Кулулов Эҳромиддин Абдулботинович, соли таваллудаш 2011, ба таълими ғайриқонунии динӣ машғул буд, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 150 сомонӣ, таъин шуд.
Одиназода Саидшариф Алӣ — мудири ноҳия гуфт, ки баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тибқи нақша дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шуъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо волидайн ва аҳли ҷомеа мунтазам вохӯрию суҳбатҳо доир менамоянд. Дар онҳо пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ифротгаройӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, терроризм, ҳамчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ташвиқ мешаванд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»