Ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ва ба истиқболи 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд.
Нахуст ба озодӣ баромадани маҳкумшудагон аз Муассисаи ислоҳии занона, воқеъ дар шаҳри Норак, оғоз гардид. Дар назди муассиса падару модар, хешовандони маҳбусон ҷамъ омада, мунтазири ба озодӣ баромадани пайвандонашон буданд.
Сокини ноҳияи Панҷ Мошариф Зарифова омадааст, ки духтарашро пешвоз гирад. Ӯ аз иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлат изҳори сипос менамояд, ки бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» духтараш ва нафарони дигар ба озодӣ мебароянд. Хоҳони он аст, ки фарзандон ба гумроҳӣ нараванд, хонанд ва соҳиби маълумоту ихтисос гарданд. Ҳусайн Шерматов аз шаҳри Ваҳдат омадааст. Ин мӯйсафед ашки шодӣ мерезад, ки духтараш пеш аз муҳлат озод мешавад. Духтараш ба муҳлати 12 солу шаш моҳ ҳукми ҷазо гирифта буд. Бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ӯ баъди якуним соли дар маҳбас будан аз иҷрои муҳлати боқимонда озод мегардад. Хушмурод Валиев аз ноҳияи Фархор низ барои қабули фарзандаш омадааст.
Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Изатулло Шарифов маҳкумшудагонеро, ки ба озодӣ баромаданд, табрик намуд.
Ӯ таъкид дошт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни фавқуззикр қабул шуд ва ба шарофати он муҳлати боқимондаи адои ҷазо бахшида мешавад.
Бо чанде аз маҳкумшудагон, ки ба озодӣ мебароянд, ҳамсуҳбат гардидем: Сайёра Сафарова бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки 12 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, аз ҷумла чунин гуфт:
- Фикр мекардам, ки наход ман 12 соли ҳаётамро пушти панҷара гузаронам. Хушбахтона, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пеш аз муҳлат ба озодӣ мебароям. Аз номи заноне, ки имрӯз барояшон идомаи иҷрои ҷазо пеш аз муҳлат қатъ мегардад ва ба хона назди волидайну фарзандони худ мераванд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён менамоям.
Дар байни авфшудагон занони кӯдаки хурдсолдошта низ буданд. Валерия Штрайфер панҷ сол ҳукми ҷазо дошта, як солу даҳ моҳ аст, ки дар маҳбас аст. Имрӯз ӯ бо кӯдакаш аз маҳбас озод мешавад. Аз содири гуноҳаш пушаймон аст ва ба ҳамсолони худ гуфтан мехоҳад, ки даст ба ҷиноят назананд ва ба қадри озодӣ расанд.
Аз 314 нафар маҳбусони Муассисаи ислоҳии занона 170 нафар ба озодӣ баромаданд.
-Ин рӯзи фаромӯшнашаван-даро мо — маҳбусон дер боз интизор будем. Бо ҳукми суд ба муҳлати ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуда будам. Инак, чор солу чор моҳ аст, ки дар маҳбас адои иҷрои ҷазо дорам.
Бо ташаббуси ҷавонмар-донаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд. Бо татбиқи он имрӯз аз Муассисаи ислоҳии сукунатии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бештар аз 440 нафар озод гардидем.
Ба қадри авфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд расем. Минбаъд мехоҳам дар ободию пешравии кишвари азизам саҳм гузорам, -мегӯяд маҳкумшуда Нурулло Баротов
Дар Муассисаи тарбиявии ноболиғон 61 нафар маҳкумшудагон адои ҷазо мекунанд. Ин ҷо асосан писарони то синни 18- сола, ки ҷиноят содир намудаанд, нигоҳ дошта мешаванд. Баракатулло Аъзамхонов ва Умед Беков 17 солӣ дошта, ба муҳлати беш аз панҷ солӣ ҳукми ҷазо гирифта буданд. Аз ҷинояти содиркардаашон пушаймонанд ва мақсад доранд, ки таҳсилро идома дода, соҳиби маълумот гарданд.
Аз 61 нафар маҳкумшудагони ин муассиса 58 нафар ба озодӣ баромаданд, ки се нафари ноболиғ шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.
Аз Муассисаи ислоҳии низомаш сахти рақами 1 беш аз сад нафар ба озодӣ баромаданд. Ба ҳамин тариқ, дар рӯзи нахустини татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 800 нафар ба озодӣ баромаданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»