Амаки Чағандар Қадамов дар деҳаи Чихохи деҳоти «Техарв»- и ноҳияи Ванҷ зиндагӣ дорад. Синнаш ба 100 расидааст, аммо ҳанӯз неруяш барҷост. Борҳо дар матбуот ақидаашро оид ба хизматҳои Президенти кишвар баён доштааст. Пас аз ташрифи Пешвои миллат ба ВМКБ аз ин пири хирадманд хоҳиш намудем, ки андешаҳояшро оид ба саҳми Сарвари давлат дар инкишофу пешрафти кишвар баён дорад.
- Ман шоҳиди ду асрам, — гуфт Чағандар Қадамов. — Даврони шӯравиро дидаву дар вазифаҳои гуногун кор кардаам. Он замон сериву пурӣ буд, аммо ба маҳаллаҳои дурдаст кам аҳамият медоданд. Дар хусуси обёрикунӣ ва боғпарварӣ кардани заминҳои лалмӣ пешравие ба назар намерасид. Ҳоло бубинед, ки дар ҳама соҳа кор пеш меравад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини сарвариаш пайи ободии Ватан аст.
Солҳои пеш, дар даврони кӯдакӣ, чанд бор бо калонсолон барои намак бо роҳи Зиғар — Кӯлоб рафта будам. Бо ин роҳ рафтан азоби сахте буд. Роҳи борик, оврингҳои чапаракбаста хатари зиёд доштанд. Касе, ки аз ин роҳ ба хона бармегашт, тӯй медод, ки зиндаву саломат ба назди фарзандонаш расид.
Нахустин коре, ки Пешвои миллат барои мардуми Бадахшон ба ҷо оварданд, кушодашавии роҳи Дарвоз — Кӯлоб — Душанбе буд, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ замина гузошт. Ин роҳ барои мардуми Бадахшон роҳи наҷот аст. Бо он нахустин бор корвони озуқа аз ҷониби Президенти мамлакат ба мардуми Бадахшон фиристода шуд.
Муносибати бозорӣ байни сокинони ноҳия ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути ин роҳ сол ба сол бештар мегардад. Соҳибкорон аз моҳи май то моҳҳои февралу март маҳсулотро харидорӣ мекунанд. Шукри Худо, ҳоло аз чизе танқисӣ надорем.
Рӯирост мегӯям, ки Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд ба оламиён муаррифӣ карданд. Дар симои ӯ оламиён тоҷики асилро мебинанд. Симо, гуфтор ва хирадмандиву солории тоҷикона доранд. Ӯ Сарвар, Пешво ва ғамхори мост. То солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷаҳон кам давлатҳое буданд, ки моро мешинохтанд.
Маҳз Эмомалӣ Раҳмон дари оламро ба рӯи тоҷикон кушоданд. Ватанро обод карданд. Дигар муҳтоҷи пораи нони бегонагон нестем. Алҳол донишу таҷрибаи Сарвари моро дар дигар кишварҳо меомӯзанд.
Ман ба воситаи оинаи нилгун дидам, ки сокинони давлати ҳамсоя — Ӯзбекистон аз дӯстиву бародарӣ ва кушода шудани роҳҳои байни ду давлат чӣ тавр хушнудӣ мекарданд. Якдигарро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехтанд. Беҳтарин фазилати баланди Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳамеша баҳри дӯстиву бародарӣ кӯшиш мекунанд.
Ҳар як ташрифи Президенти кишвар файзу баракати нав меорад. Маркази ноҳияи Ванҷ, ки чанд сол пеш деҳаи хурду назарногирро мемонд, ҳоло ба шаҳраки афсонавӣ мубаддал гаштааст. Деҳаҳо обод, зиндагии мардум сол ба сол беҳтар мегардад.
Мо — мӯйсафедон ҳамеша даст ба дуо мебардорем, ки Сарвари хирадманди миллат ҳамеша саломат бошанд ва офтоби чеҳраи хандонашон рӯи минбарҳои олам равшанӣ бахшад.
Мусоҳиб Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»