Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

…Ба қалб чун навидҳо, ба гӯш чун саломҳо

№67 (4329) 20.05.2021

IMG_9797Соли гузашта барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли басо серташвиш буд. Хурӯҷи ногаҳонии COVID-19 равобити байналмилалиро куллан тағйир дода, ҳамаро оҷиз монд. Маҳз ин рӯйдод тавонист, ки имкону қуд­рат, шароиту омодагӣ ва қобилияти воқеии ташкилӣ — сафарбаркунии давлатҳои абарқудратро дар даврони ба бемориҳои оммавӣ дучор шудани аҳолии сайёра, низоми ҳаққонии татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи нигаҳдории сиҳатии омма ва тандурустӣ ошкору собит намояд ва амалан тимсоли имтиҳони ҷиддие гардид. Бинобар ин, баррасӣ ва таҳлили воқеии масъала дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор гирифт, ки бесабаб нест.

Аз ҷониби дигар, Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо ҳисси масъулияти баланд пеши роҳи паҳншавию хатари пандемияро ба қадри имкону тавон ба даст гирифтаву ғамшарики халқ бошад. Мардуми шарифи кишвар низ аз рӯзҳои аввали хурӯҷи он дасти тараҳҳуму шафқати Роҳбари давлатро ба хубӣ дарк карданд.

Бесабаб ҳам набуд, ки Пешвои миллат Паёмашонро 26 январи соли равон бо чунин суханон оғоз бахшиданд: «Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла, Тоҷикистони мо, яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо, таъсири манфии худро расонда истодаанд».

Дар ин замина, ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки: «Ҳукумат аз рӯзҳои нахустини ба вуқӯъ пайвастани бемории пандемияи коронавирус чорабиниҳои муҳим ва саривақтиро пешбинӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, бознигарӣ кардани Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва ворид намудани тағйироти дахлдор ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он, ҷудо кардани 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, ­бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб, инчунин, ҳифзу барқарорсозии саломатии аҳолӣ, беҳбуд бахшидан ба шароити иҷтимоии аҳолӣ, баланд кардани миқдори нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 дарсад зиёд карда шуд. Инчунин ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, аз ҷумлаи тадбирҳои судманде буданд, ки натоиҷи дилхоҳ ба бор оварданд».

Бо вуҷуди таъсири коронавирус ба иқтисоди миллӣ ва коҳиш ёфтани даромади буҷети давлатӣ, тадбирҳои муҳиму муфид, аз ҷумла, харидории доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ, дастгирии кормандони соҳаи тиб ва ҳамчунин, баҳри табобати саривақтии шахсони гирифтори бемории COVID-19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибу корманди тиббӣ сафарбар гардида, дар 92 муассисаи тиббии дигар 16 ҳазор кат омода ва 108 муассисаи тиббӣ ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ сохтаву ба истифода дода шуданд.

Ҳамин тариқ, дар даврони соҳибис­тиқлолӣ зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, 25 ҳазор кадри дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шуданд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Бо истифода аз фурсат, ба кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки он шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбӣ содиқ монда, барои табобати мардум софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанро аз марг наҷот доданд, бори дигар миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, аз сокинони кишвар, ки дар он давраи душвор таҳаммулро пеша карда, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷой оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд, инчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муас­сисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ ёрӣ расониданд, сипосгузорем.

Шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишвар бемории сироятии COVID-19 аз байн рафт. Вале, набояд нисбат ба саломатии атрофиён бепарвоӣ зоҳир намоем, балки муваззаф ҳастем, ки қоидаҳои беҳдоштро бечунучаро риоя намоем.

Соли 2020 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ шуд. Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад. Бо ин мақсад соли гузашта 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, дар Паём Пешвои миллат масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намуданд, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳоро оид ба он ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соли 2020 ба зиёда аз 700 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумаки иловагии иҷтимоӣ пардохт шуд. Ин далели бебаҳси он аст, ки Ҳукумати кишвар ба ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо бетаъхир тадбир меандешад.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод гардид, ки аз якуми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 — сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд гардад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрванд аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Илова бар ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бунёди се мактаб – интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд. Таъкид гардид, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Лозим ба тазаккур аст, ки Паёми Сарвари давлат ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз буда, дасто­варду пешравиҳои мамлакат, ҳадафи барномаву стратегияҳои рушди давлатдориро бо далелу рақамҳо ва қиёс шарҳ медиҳад. Ба қавли шоир:

Паёме, ки дар он фархундагӣ аст,

Маромаш ваҳдату созандагӣ аст.

Зиҳӣ, эй Пешвои ваҳдатофар,

Паёмат раҳнамои зиндагӣ аст!

Ё ин ки:

Паёми роҳбар расид, хуш аз ҳама паёмҳо,

Ба қалб чун навидҳо, ба гӯш чун саломҳо.

Бешубҳа, паёмҳои солонаи Роҳбари давлат муҳаббату самимияти меҳанпарастона доранд, ки қалбҳоро гармиву равшанӣ ато намуда, мардуми шарифи кишварро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозанд.

Ҳамин тариқ, бо таваҷҷуҳ ба бандҳои арзишманди Паём ва таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон метавон афзуд, ки мардуми меҳнатқарину шуҳратёри кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ истиқбол хоҳанд намуд.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,

вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон