Корхонаи дӯзандагии шаҳри Хоруғ, ки дар истеҳсоли маҳсулоти босифат саҳми арзанда дорад, бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, бо ширкати бевоситаашон 18 сентябри соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни ифтитоҳ Пешвои миллат дастур доданд, ки либоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаи тандурустии шаҳру навоҳии вилоят дар он дӯхта шавад.
Бино ба иттилои роҳбари корхона Рухшона Сарадова, соли сипаригардида ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Корхона дорои таҷҳизоти муосири либосдӯзӣ буда, дар як рӯз аз 50 то 80 намуди либосро тайёр менамояд. Матоъ ва дигар маҳсулоти лозимӣ аз маркази ҷумҳурӣ дастрас мегардад.
Ҳоло дар корхона 60 коргар фаъолият менамояд, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Сифати хуби маҳсулоти корхона боис гардид, ки он ба қисмҳои ҳарбии минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ интиқол дода шавад.
Ба гуфти Рухшона Сарадова, оянда дар назди корхона бинои иловагӣ сохта шуда, имкон фароҳам меояд, ки боз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»