Бобои Оймаҳмад Толибов аз куҳансолтарин сокини деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб мешавад. Як умр машғули деҳқонӣ буд, бо заҳмати ҳалол рӯзгордорӣ кардааст. Чун баҳор фаро мерасид, бо хушҳолӣ каландашро ба китф партофта, сари замин мерафт. Ин буд маънии зиндагӣ ва боиси хушҳолиаш. Имрӯз, бо вуҷуди он ки каландро бо асо иваз кардааст ва дигар қуввати кори саҳро надорад, бесаброна рӯзҳои гарми баҳориро интизорӣ мекашад:
- Шукр, ки Худованд маро боз ба баҳор насиб гардонид. Дар ин фасл ҳамаи мавҷудот нафаси тоза мегиранд, ба ҷисму ҷонашон қувваи нав зам мешавад. Табиист, ки ҳоло қуввату ғайрати ҷавониро надорам, аммо ин зебоии табиат ва хушҳолии инсонҳо ва махсусан дар ин рӯзҳо, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу оромӣ ҳукмфармост, ба қалбам фараҳу шодӣ мебахшад, — мегӯяд номбурда.
- Ба чанд даромадед? — мепурсам аз бобои Оймаҳмад.
- Намедонам, мегӯянд, ки 95 — солаам, аммо ба фикри худам, ин баҳори 98-уми умрам аст.
Вақте ба аёдати ин пири кор рафтем, ӯ дар як гӯшаи ҳавлӣ нишаста, ба кори фарзандон ва бозию хушҳолии наберагонаш дида медӯхт. Киштзори ҳавлиаш низ озода менамуд ва дар он картошка, пиёз ва дигар зироатҳои барои рӯзгор зарурро корида буданд. Ҳини суҳбат аз даврони гузашта сухан гуфт:
- Вақте ки ман ба балоғат расидам, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расид. Соли 1945 ба фермаи колхоз ба кор даромадам. Баъдан, се-чор сол дар кӯҳу пушта ба нигоҳубини моли майда машғул шудам. Вақте пахтакорӣ авҷ гирифт, ба кори саҳро гузаштам. ҳамин тавр, то 70 — солагӣ кор кардам. Солҳои пеш иди Наврӯзро ботантана ҷашн намегирифтанд. Наврӯз барои мо — деҳқонон иди оғози киштукор буд. Занҳо суманак мепухтанд, аз гандуму лӯбиё ва алафҳои табобатӣ ҳар гуна хӯрок тайёр мекарданду мо баъди заҳмати саҳро тановул мекардем.
Ҳамин тавр, бобои Оймаҳмад беш аз 50 сол дар колхози он замон пешқадами ба номи Ленини ноҳияи Ленин кор кард. Соли 1975 ба вай барои заҳматҳои чандинсола унвони «Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон»-ро доданд. Баъдан, вақте колхозҳо барҳам хӯрдаву ба ҷои он хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил ёфтанд, чанд сол дар хоҷагии деҳқонии ба номи Нарзулло Раҳимов кор кард. Имрӯз даврони пирӣ меронад. Соҳиби панҷ фарзанд – се писару ду духтар ва набераю абераҳои зиёд аст.
Одатан камгап аст, зеро як умр танҳо ба меҳнат кардан машғул буд. Дар поёни суҳбат бобои Оймаҳмад ба ин маънӣ таманно ва дуо кард:
- Искандари ҷаҳонхоҳ, бо вуҷуди тавоноию ба худ бовар доштан, ба маслиҳати пире муҳтоҷ гардид ва ин байт вирди забонҳо гашт:
Бе пир марав, дар бимонӣ
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Мушоҳида мешавад, ки имрӯз ҷавонон ба насиҳату маслиҳати пирон кам гӯш медиҳанд. Баъзан аз телевизион ва гуфтаҳои одамон мешунавам, ки ҷавонони мо бо маслиҳату машварати одамони ғаразхоҳу сиёҳдил ба корҳои ношоиста даст мезананд. Ба онҳо мегӯям, ки аз пайи ҳавою ҳавас нашавед, зеро ризқу рӯзӣ азалӣ аст. Самимона, бо нияти нек ва ҳалол меҳнат кунед ва ҳар рӯз аз пайи илму донишомӯзӣ шавед. Худо ҳамаи шуморо дар паноҳаш нигоҳ дорад.