1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли оянда аз тарафи соҳибкори ватанӣ — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷӯрахонов бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 — ошёна иборат буда, барои 2 560 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Он дорои 68 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Барои омӯзгорон ва хонандагоне, ки имконияташон маҳдуд аст, лифти замонавӣ насб шудааст.
Барои баргузории бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол толори бошукӯҳи варзишӣ низ сохта шудааст. Ҳамчунин, дар саҳни муассиса майдончаи муосири варзишӣ барои бозии футбол бунёд ёфтааст.
Ҷиҳати баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст низ сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 200 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дар он барои таълимгирандагон ғизои гарму болаззат пешниҳод мегардад. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 60 омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамоянд.
Бунёд ва дар «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи маориф ва ба ин восита, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мактаби навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои саҳм гузоштан дар раванди ободонию созандагӣ ва бунёди мактаби муосир изҳори сипос карданд.
Соҳибкор, ҳамчунин, иқдом гирифт, ки боз муассисаи нави таълимиеро тайи се соли оянда барои 2400 нафар хонанда дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ доир карданд.
Он барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Бинои хобгоҳ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар қомат афрохтааст.Аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо шароити зарурӣ муҳайёст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хобгоҳи нав бо 500 нафар тарбиятгирандаи муассисаҳои интернатии шаҳри Душанбе суҳбати самимӣ анҷом дода, оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа андешаронӣ карданд.
Сарвари давлат тарбиятгирандагонро ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави хониш табрику таҳният гуфта, ифтитоҳи бинои хобгоҳи мактаб-интернатро дар рӯзҳои ҷашнӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба насли ояндасози миллат маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва кору зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманду самарабахш андешида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо ба муносибати оғози соли нави хониш ба ҳар як тарбиятгиранда сарулибоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо тақдим карда, онҳоро ба таҳсили хубу интизоми намунавӣ роҳнамоӣ карданд.
Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор» таъсис ёфтааст. Он барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, ҳоло 459 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 41 нафари онҳо ятими кулл мебошанд.
Дар муассиса 74 омӯзгору мураббӣ фаъолият менамоянд. Синфхонаҳои он бо аёнияту воситаҳои таълимӣ таъмин буда, насли наврас дар асоси роҳнамоиҳои Роҳбари мамлакат ба донишомӯзӣ машғул мебошанд. Барои ҷалби тарбиятгирандагон ба намудҳои гуногуни варзиш ва солимгардонӣ дар мактаб-интернат майдончаҳои замонавии варзишӣ низ бунёд шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти муосири хобгоҳи муассиса, ба соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов барои дастгирӣ аз сиёсати созанда ва иҷтимоии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстона ва анҷом додани корҳои хайр изҳори сипос карданд.
Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифт, ки боз муассисаи таълимиеро барои 3500 хонанда дар ду баст дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, дар он барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам аст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабораторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия бо омӯзгорону хонандагони муассисаи наву замонавӣ суҳбати самимӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил ба гимназия дар асоси озмун қабул мешаванд.
Дар муассисаи таълимии нав таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи забономӯзӣ зоҳир гардида, синфхонаҳои алоҳидаи омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ ташкил шудаанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо усули лингафонӣ роҳандозӣ шуда, дар ҳар синфхонае, ки барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидааст, дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст.
Китобхонаи замонавии муассиса бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон, ҳамчунин, толори алоҳидаи китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст.
Ба Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат оид ба коркарди чӯб ва металл ташкил гардида, ҳамчунин, духтарон дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз нозукиҳои дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Ҳоло дар таълимгоҳ фаъолияти маҳфилҳои драмавӣ, хореографӣ, омодасозии либосҳои замонавӣ, санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ низ роҳандозӣ гардидааст. Гимназия, ҳамчунин, дорои синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, толори калони маҷлисӣ бо 460 ҷой, толори хурди маҷлисӣ ва ошхона бо 590 нишастгоҳ мебошад.
Баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим толори калони варзишӣ, ду толори гимнастикӣ барои писарон ва духтарон бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, се майдонча барои бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил гардида, имконият медиҳанд, ки мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шаванд.
Гирду атроф ва намои берунаи муассисаи таълимӣ бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, дар саҳни он барои сайругашт ва фароғати таълимгирандагон шароити зарурӣ фароҳам аст. Муассиса аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо санъати баланд бунёд ёфта, аз лиҳози масоҳат ва фарогирии хонандагон калонтарин дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ифтитоҳи он туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Рӯзи дониш» ва арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наврасон ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар пойтахт бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба он боис гардид, ки марҳила ба марҳила масъалаи таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст ҳал гардида, талаботи афзояндаи аҳолӣ қонеъ гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» дар «Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону хонандагони пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасад, онро неъмати бузург медонад, зеро мардум ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардуми шарафманди тоҷик фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандон омӯзанд, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоянд.
Барои расидан ба ҳадафҳои нек дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи «Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 – 2025» ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагон соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода супоридани 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, то ҳол қисми зиёди онҳо дарҳои худро барои хонандагон боз кардаанд.
Дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020 — ум 11,2 фоиз зиёд мебошад. Маблағи зикршуда қариб 20 фоизи буҷети давлатиро ташкил дода, ба 6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ масъулин бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошанд. Вобаста ба ин Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳар сол якуми июн ҷамъбаст шавад.
Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки пешниҳоду хулосаҳоро дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат манзур намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва илм ва дигар идораҳои давлтӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон, барои ташкили паркҳои технологӣ, баҳри дар сатҳи баланд ташкил кардану гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ҷиҳати таҷдиду бознигарии ихтисосҳо, ҷорӣ кардани ихтисосҳои нав, омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, чораҷӯӣ намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тайи солҳои 2017 — 2020 дар шаҳри Душанбе бо харҷи зиёда аз 450 миллион сомонӣ 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак бунёд гардидааст. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нишаст ва сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1900 кӯдак идома дорад.
Боиси хушнудист, ки танҳо 1 сентябр дар «Рӯзи дониш» дар пойтахти мамлакат бо дастгирӣ аз сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлтии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ 6 муассисаи муосири таълимӣ, аз ҷумла, кӯдакистон, литсей ва гимназия, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон даъват ба амал оварданд, ки раванди таълиму тарбияи фарзандонро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо шаҳрвандони мамлакатро бо оғози соли нави хониш ва ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Баъдан, Мавлуда Зубайдуллозода — хонандаи гимназияи рақами 4, Собирҷон Саидзода — донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ ва Ҳушанг Собирзода — омӯзгор баромад карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ду бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 — ошёна мебошанд, ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳисоби маблағҳои муассисаи олии таълимӣ бунёд шудааст. Дар биноҳои нав 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла, ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд.
Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.
Барои омӯзонидани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон беш аз 200 омӯзгори ботаҷриба фаъолият мебаранд. Иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра аз тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, донишҷӯён аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 53 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) таълим мегиранд.
Донишкада соли 1991 таъсис ёфта, ҳамчун маркази муҳими илму ҳунаромӯзӣ ва фарҳангӣ то ба ҳол барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллии мамлакат зиёда аз 12 ҳазор мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст. Ва вобаста ба нақши созгори соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат табдил ёфт. Алҳол бо бунёди биноҳои нави таълимӣ боз барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 3 ҳазору 500 донишҷӯ шароит фароҳам гардид.
Ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имкон дорад, ки 7 ҳазору 557 нафар донишҷӯро ба донишомӯзӣ фаро гирад. Сол то сол заминаи моддӣ — техникии он таҳким ёфта, сохтори ташкилӣ — идоракунӣ низ мукаммал гаштааст. Айни ҳол донишкада дорои литсейи тамоюли иқтисодӣ, 6 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогӣ, беш аз 800 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 2 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, 150 синфхона, 11 озмоишгоҳи таълимӣ, матбаа, парки технологӣ ва ошхона мебошад.
Биноҳои иловагии нав дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи додани иҷозат барои сохтмони биноҳои таълимӣ дар ҳудуди қитъаи замини донишкада, воқеъ дар хиёбони Борбади ноҳияи Фирдавсӣ» бунёд ёфтааст.
Дар ҳамон ҷо бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд.
Мутобиқи лоиҳа, утоқҳои корӣ, толорҳои маҷлисӣ, синфхонаҳои таълимӣ, анбор, маркази табъу нашр, толори теннис, синфхонаи маҳфили шоҳмот, бахши хизматрасонии техникӣ ва хизматрасон дар бинои нав ҷой дода мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони иншооти нави соҳаи маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ ва ба роҳбарияти донишкада барои дар оянда фароҳам овардани беҳтарин шароити таълиму тарбия супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз озмоишгоҳҳои муассиса бо рафти корҳои сохтмони филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон аз тариқи фосилавӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки филиали бунёдшавандаи донишкадаи мазкур аз 8 ошёна иборат буда, барои 2200 нафар дар як баст пешбинӣ мешавад ва он тибқи нақша, то соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро дар самти ба коллеҷ ва дар оянда ба донишгоҳ табдил додани Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканд дастгирӣ намуда, баҳри ҳар чӣ бештар ба таълим фаро гирифтани ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳо доданд.
Омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса ва рӯзафзунашон ба соҳаи маориф сипосгузорӣ намуда, ифтитоҳи 2 бинои нави иловагиро дар назди донишкада туҳфаи арзишманд дар арафаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки он рӯз дар пойтахти мамлакат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаш муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла, бинои нави Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133, хобгоҳ барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1, Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат» ва бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе кӯдакистон ва литсейи «Адолат» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳа мебошад.