Ба мо муроҷиат мекунанд

Ба мани мӯйсафед ғамхорӣ карданд

№7 (4427) 06.01.2022

Вақтҳои охир аз вазъи саломатиам нороҳату маъюс будам. Рӯзе писарам Зафарҷон пешниҳод кард, ки маро ба шаҳри Душанбе бурда, ба духтурон нишон диҳад. Розӣ шуда, ҳамроҳаш ба пойтахт раҳсипор шудем.

Чанд сол инҷониб ба Душанбе наомада будам ва аз дидани тағйироту зебогии он дар ҳайрат мондам. Ҳақиқатан, дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё табдил ёфтааст. Ин бунёдкориҳо, созандагиҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ анҷом ёфтаанд. Кӯчаю хиёбонҳо, хонаҳои баландошёна, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, варзишгоҳҳо, қасру майдонҳо, боғу гулгаштҳоро дида, хеле хушҳол шудам.

Сипас писарам маро ба Муассисаи ҷумҳуриявии клиникаи наркологии ба номи М. Ғуломов бурд. Дар он ҷо маро табиб реаниматолог — нарколог Ҳусайнов Наҷибулло Авазович бо чеҳраи кушод пазируфта, ташхис кард. Бо тавсияи он кас ҳашт рӯз табобат гирифтам ва ҳолам хеле хуб шуд. Дар ин муддат, инчунин, табибон Файз Ахмедов, Далер Носиров ва дигар кормандон бо даво ва муомилаи хуб маро табобат карданд. Дар чандин беморхона будам, вале коркунони ин беморхона бисёр ғамхору дардошноанд. Рафтор, ҳаракат, суханҳояшон ба ҳар як бемор қувват мебахшад.

Ман собиқ омӯзгор, ҳоло нафақахӯрам. Мунтазам нашрияҳоро варақ мезанам. Дар рӯзномаи «Садои мардум» борҳо дидам, ки ба муроҷиати мардум таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Бинобар ин, мехоҳам тавассути рӯзнома ба табибони ҳозиқе, ки маро табобат карданд, изҳори миннатдорӣ намоям.

Тошпӯлод ҶАЛОВ,

нафақахӯр,

 ноҳияи Ёвон