Паёми имсолаи Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи мураккаби сиёсӣ, иқтисодию молиявӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа гардид.
Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлил намудани паҳлуҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ низ дахл намуда, аз ҷумла қайд намуданд: «Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд».
Судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат дар баробари самарабахш ба роҳ мондани адолати судӣ, сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳо ва қабули қарорҳои асосноку қонунӣ вазифадор шуданд, ки ҳадафу ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ мавриди тарғибу ташвиқ қарор диҳанд.
Ҳамчунин, барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тасмим гирифтанд, ки бештар мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронида, баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткориҳои муташаккил, экстремизму терроризм, ифротгаройиву ришваситонӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба унвони ташкилоту корхона, идораву муассиса ва шахсони мансабдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда таъиноти хусусӣ бароранд.
Мо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷиҳати амалӣ намудани онҳо кӯшиш менамоем.
Зафар ҚОДИРЗОДА, судяи суди шаҳри Ваҳдат