Ҳафтаи равон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор нақшаи чорабиниҳои Шӯрои душанбегии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ тасдиқ кард.
Тибқи иттилои расида, нақшаи тасдиқгардида маҳкум намудани зуҳуроти бегонапарастӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳамоишҳо бо неруҳои сиёсию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории мардум бо мақомоти қудратиро дар бар мегирад.
Бар асоси ин қарор, ниҳод ва масъулони шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар давоми сол маҳфил ва барномаҳои радиоиву телевизиониро дар мавриди «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ҳифзи Истиқлолияти миллӣ» баргузор намоянд.
Дар робита ба ин масъала, инчунин баргузории маҳфилҳо дар мавриди ҷавонон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани зуҳуроти бегонапарастӣ дар ҷомеа ва зарурати дидору ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ба хотири волоияти қонун ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои таҳкими сулҳ низ дар назар дошта шудааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки 19 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ботантана таҷлил гардад.