Пешсафони обуна- 2016

Баҳри тавсеаи бунёдкориҳо азми қавӣ дорем,

№176 (3477) 24.12.2015


маст-1- мег
ӯяд раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода

Мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 2015- ро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, азм доранд, ки ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боз ҳам хубтару беҳтар меҳнат намуда, музаффариятҳои хешро дучанд гардонанд.

Ноҳия бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1996 таъсис ёфта, чун дигар минтақаҳои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, рӯз аз рӯз рушд мекунад.

Дар ноҳия дар заминаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2011-2015» 58 лоиҳа татбиқи амалии худро ёфтаанд, ки маблағи умумиашон 36 миллиону 511 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 13 лоиҳа ба маблағи 10 миллиону 918 ҳазору 500 сомонӣ, тандурустӣ чор лоиҳа ба маблағи 481 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ 16 лоиҳа ба маблағи 4 миллиону 960 ҳазор сомонӣ, фарҳанг як лоиҳа ба маблағи 3 миллиону 879 ҳазор сомонӣ, энергетика ҳафт лоиҳа ба маблағи 11 миллиону 469 ҳазор сомонӣ, саноат ду лоиҳа ба маблағи 845 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуданд.

Имсол Барномаи нави рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2015-2020 ба тасвиб расид ва дар заминаи он созандагию бунёдкорӣ дар оянда низ суръат хоҳад гирифт.

Мардуми бофарҳангу соҳибмаърифати ин ноҳия саҳми воситаҳои ахбори оммаро дарк намуда, дар маъракаи имсолаи «Обуна- 2016» фаъолона иштирок карда, ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ обуна шуданд.

Кормандони масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тавассути тавсеа бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ба қобили таваҷҷуҳ сурат гирифтани ин маърака мусоидат карданд ва дар натиҷа сокинони ин ноҳияи кӯҳӣ ба 41 номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар обуна шуданд.

- Ба қавли Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти замони нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ: «Миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Рӯзномаю маҷаллаҳо инъикосгари рӯзгори мардумон аст. Бинобар ин, сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ бо вуҷуди дуртар аз марказ ҷойгир шудани ноҳия ба мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо ва огоҳӣ ёфтан аз вазъу набзи рӯз шавқу рағбати калон доранд. Махсусан рӯзномаи «Садои мардум»-ро меписанданд ва ҳар шумораи онро бомароқ мехонанд. Албатта, ин сабаб дорад. Аввал ин ки «Садои мардум» садои дили мардумро инъикос намуда, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хабару навгониҳоро воқеъбинона дарҷ мекунад. Дуюмаш, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо «Садои мардум» қариб ҳамсинну ҳамтақдир аст. «Садои мардум» соли 1991 дар саргаҳи расидан ба худшиносиву бузургдошти арзишҳои миллӣ арзи вуҷуд карду ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оғози расидан ба Истиқлолияти миллӣ. Соли оянда аввалӣ 25 — солаву дуюмӣ 20 — сола хоҳанд шуд, — мегӯяд раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Бино ба гуфтаи мавсуф, барои мардуми заҳматписанду ҷафодидаи тоҷик Истиқлолияти давлатӣ осон ба даст наомадааст. Миллату давлати мо дар саргаҳи ин ҳама озодию ободиҳо рӯзҳои мудҳишу сахтро низ паси сар кард. Хушбахтона, ба шарофати хираду заковати азалии миллати тоҷик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзанди далеру шуҷои халқамон Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист, ки аз ин вартаи фалокатбор раҳоӣ ёфта, ба хотири эъмори давлати ҷавони миллӣ қадамҳои устувор гузорад ва минбаъд онро мустаҳкаму пойдор созад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»