Аз фаъолияти намояндагони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Баҳриддин Назарзода: «Бовариро сазовор шудан осон нест!»

№114 (3908) 20.09.2018

вакилКамина дар давоми собиқаи кории рӯзноманигорӣ бо се насли вакилони халқ дар маҷлисҳои маҳалливу вилоятӣ ва олӣ рӯ ба рӯ шудааму ҳамкорӣ доштам. Агар аввалиро замони шӯравӣ гӯем, онҳо вакилоне буданд, ки талабу дархости халқро ба ҷаласаҳои иҷлосия пешниҳод мекарданду каму кос­ти зиндагии мардум, хоса дархостҳои интихобкунандагон, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ иҷро мешуд.

Насли дуюм, арафаи соҳибис­тиқлолӣ буд. Интихобкунандагон дар назди номзадҳо шарт мегузош­танд, ки «агар ту фалон корро иҷро кунӣ, мо ба ту овоз медиҳем» ва ғайра. Номзад маҷбур мешуд, ки талабу шарти интихобкунандагонро бо қарзу қавола ҳам бошад, иҷро намояд. Иддае буданд, ки бо «шиками халқро сер кардан» намояндаи халқ интихоб шуданду лақабҳои «калӯшдепутат»-у «орддепутат»-ро гирифтанд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ интихоби вакилон ранги дигар гирифт. Акнун масъулони интихоботу интихобкунандагон бештар онҳоеро ба номзадӣ пешниҳоду интихоб мекунанд, ки «аз дасташон ягон кор ояд». Бинобар ин, имрӯз дар байни вакилон, баробари олимону зиёиён соҳибкорон кам нестанд ва табиист, ки ҳоҷати интихобкунандагонро бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ низ мебароранд.

Яке аз онҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, раиси Ҷамоати деҳоти «Шамтуч» Баҳриддин Назарзода мебошад, ки хабарнигорамон бо чанд суол ба ӯ муроҷиат кард.

- Вакили халқ будан осон аст?

- Не, албатта. Барои халқро дар Маҷлиси вакилон муаррифӣ кардан, пеш аз ҳама, бовариро сазовор шудан ва масъулияти баландро бар дӯш гирифтан лозим меояд. Шахси дорои ақли солим ва соҳибмаърифат пеш аз розигӣ додан барои интихоб шудан инро бояд ба инобат гирад.

- Шумо чӣ тавр розӣ шудед? Оё ба худ бовар доштед?

- Қиблагоҳам Субҳонқул (Худованд раҳматашон кунад) дар зиндагӣ ба мо — фарзандон насиҳат мекарданд, ки кӯшиш намоем то ба халқи диёр манфиат расонда тавонем. Аз масъулият нагурезем. Аз рӯи гуфтаи «Ман накунам, кӣ мекунад?» амал намоем.

Сабаби розӣ шуданам ба вакилӣ сарҷамъиву муттаҳидӣ ва меҳнатдӯс­тии сокинони деҳаи Дарғ аст. Ман дар он ба камол расидаам. Бинобар ин, бовар доштам, ки дар сарҷамъиву муттаҳидӣ ҳама гуна мушкилро ҳаллу фасл хоҳем кард.

Шукрона, ки ҳоло дар замони осоишта зиндагӣ мекунем ва халқ бо истифода аз шароити мусоид таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба сӯйи фардои неку дурахшон қадамҳои баҳодурона мегузорад.

- Мардуми деҳа чӣ мушкил доранд? Ба ҳалли онҳо чӣ гуна мусоидат менамоед?

- Мардуми кӯҳистон даҳҳо муаммову мушкил доранд, лекин иродаашон мустаҳкам, эътиқодашон ба фардои зиндагӣ устувор аст. Ҳамчун вакил кӯшидам, ки дар ҳалли масъалаи кашидани хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 6 км, барқарорсозии шабакаи гармидиҳии МТМУ №5-и деҳа, кӯпруки байни деҳаҳои «Дарғ»-у «Каздон» саҳмгузор бошам. Аммо мушкили асосии на танҳо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии мо, балки сокинони ноҳияҳои Айниву Мастчоҳ, роҳҳои харобу валангор аст, ки андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб доранд.

- Роҳбарияти ноҳия гуфтанд, ки Ҷамоати деҳоти «Шамтуч» аз ҷамоатҳои намунавист. Дар ҳама самти фаъолият пешсаф аст. Хусусан, дар маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз аввалинҳо шуда, нақшаро иҷро менамояд…

- Ман миннатдорам, ки роҳбарият меҳнати хоксоронаи моро арҷгузорӣ менамоянд. Дар асл ягон амали фавқулода накардаем, фақат кӯшиш дорем, ки вазифаи ҷонии худро ба иҷро расонем. Дуруст аст, ки маъракаҳои даъвату гусел ба хизмати ҳарбиро сари вақт ва пурраву барзиёд иҷро мекунем, вале дар ин самт меҳнати кормандони бахши идеологиро, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ мондаанд, низ набояд фаромӯш кард.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»