Ба Садои мардум ҷавоб омад

№73 (3374) 28.05.2015

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи «Дар ҷангал низ зимистон аст»- и Ш. Атобуллоев, ки 9 январи соли 2015 дар рӯзномаи «Садои мардум»  нашр шудааст, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи мазкур  дар маҷлиси васеи назди директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал мавриди муҳокима қарор дода шуда, масъулин ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ вобаста ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои шикор вазифадор карда шуданд. Натиҷаи ҳисоботҳои ҷамъбастӣ дар давраи зимистонгузаронии солҳои 2014 — 2015 нишон дод, ки дар ин давра ташкилотҳои низоми Агентӣ баҳри беҳдошти зисти олами ҳайвонот ва парандагон ба миқдори 158 тонна хошоки дурушт, 29,2 тонна ғаллагӣ ва дигар хӯрокаҳои консентратӣ, 11,3 тонна намак истифода намуданд, ки маблағи он 77606 сомониро ташкил медиҳад.

Агентӣ дар ин давра бо мақсади солим ва беталаф баровардани ҳайвонот ва парандагони нодир аксияи «Наҷоти олами ҳайвоноти нодир»-ро гузаронида, ба воситаи телевизион доим амалисозии корҳои биотехникиро инъикос менамуд.  Дар натиҷаи гузаронидани корҳои биотехникӣ муайян гардид, ки зимистони солҳои 2014 — 2015 талафоти ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар ҳудуди хоҷагиҳои системаи Агентӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Давоми соли 2014 ва семоҳаи аввали соли 2015 -ум 222 ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ ба маблағи 31540 сомонӣ ошкор гардида, маблағи зарар пурра барқарор карда шуд. Дар асоси фармоиши Агентӣ таҳти №8 аз 6 феврали соли 2014 ва таҳти №7 аз 20 январи соли 2015 «Оид ба гузаронидани ҳисоботи ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон» дар қаламрави заминҳои фонди давлатии ҷангал ҳисоби саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон гузаронида шуд. Бо дастгирии лоиҳаи минтақавии «Истифодаи устувори захираҳои олами ҳайвонот дар Осиёи Марказӣ» ва ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ, ду чорабинии муҳим — мониторинги популятсияи бузи кӯҳии пармашох (Морхур) дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз ва қисми ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Ҳазрати Шоҳ ва таҳлили ҳолати популятсияи гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) дар мавзеъҳои асосии паҳншавии он (ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Панҷ, Фархор, Шӯрообод ва Данғара) гузаронида шуд. Маълум шуд, ки саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони шикорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта муътадил мебошад.

Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» дар қаламрави заминҳои фонди давлатии ҷангал баҳри беҳбуд бахшидан ба ҳифзи захираҳои олами ҳайвонот ва парандагон, инчунин истифодаи оқилонаи онҳо ҳафт хоҷагии ҷамъиятии шикорӣ таъсис ва аз нав ба расмият дароварда шуданд. Дар мавсими шикори солҳои 2014 — 2015 аз тарафи Агентии хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои низоми он 1289 роҳхати шикорӣ ба маблағи умумии 84674 сомонӣ ба ҳавасмандони шикор дода шуд. Оид ба пешгирӣ намудани шикори ғайриқонунӣ дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷангал чораҳои зарурӣ андешида шуда, доимо амалиётҳо гузаронида мешаванд.

Пешбарии соҳаи шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ, аз ҷумла ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои шикор таҳти назорати доимии кормандони Агентӣ қарор дорад. Агентӣ дар оянда низ баҳри ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот ва парандагон чораҳои заруриро меандешад.

И. ИСМАТЗОДА, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон