Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Суд чиро ба инобат нагирифтааст?»-и Шариф Атобуллоевро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 21 майи соли 2015 №70 (3371) ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд тазаккур дод, ки Корхонаи хурди «Шарора» дар заминаи амволи давлатӣ таъсис дода шуда, бинои ГЭС ва 0,63 гектар ҳудуди лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ» барои истифодабарӣ ба тавозуни корхонаи мазкур гузаронида шудааст.
Баъдан, Корхонаи хурди «Шарора» ба ҶДММ «Шарора» табдил дода шудааст, ки вобаста ба он ҳуҷҷатҳои асосноккунанда мавҷуд нест. Ин нукта дар мақола аз номи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Фатҳуддин дуруст зикр гардидааст.
Собиқ лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ», воқеъ дар шаҳри Исфара дар асоси пешниҳоди собиқ Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2006 ва ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи Корхонаи воҳиди «Суғднафтугаз» ба фурӯш бароварда шуда, дар музоядаи 17 ноябри соли 2006 баргузоргардида хусусӣ гардонида шудааст.
Ҳамзамон зикр менамоем, ки масъалаи гузошташуда дар марҳилаҳои гуногуни судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, даъвои ҶДММ «Шарора» нисбат ба иншооти баҳсии бинои ГЭС-и Корхонаи воҳиди «Суғднафтугаз» рад карда шудааст.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, хусусигардонии собиқ лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ», воқеъ дар шаҳри Исфара, ки тавассути кумита амалӣ шудааст, ба қонунгузории амалкунанда мутобиқ мебошад.
А. НАҶМИДДИНЗОДА, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон