Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи Аъзам Мӯсоевро таҳти унвони «Зироати мутобиқ ба иқлим фоидаи бештар меорад», бо раиси хоҷагии деҳқонии «Янгиобод»-и ноҳияи Шаҳритус, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиркаш Қарабоев, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти № 38- 40 аз 27 марти соли 2013 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба парвариш ва ҷойгиршавии растаниҳои кишоварзӣ» харита ва китоби илман асоснокшуда таҳия гардидааст, ки тибқи ин сарчашмаҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариши навъҳои минтақабобшудаи растаниҳои соҳаи кишоварзӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳақиқат Шаҳритус яке аз минтақаҳои гармтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, вале дар ноҳия хоҷагиҳои алоҳидаи инфиродие мавҷуданд, ки навъҳои себу нок, зардолу гелос ва дигар меваҳои пешпазакро парвариш менамоянд, инчунин бозорҳои ҷумҳуриро дар аввали фасли тобистон бо меваю сабзавоти тезпаз таъмин менамоянд.
Ҳамзамон кишоварзони ноҳия, сарфи назар аз мушкилиҳо, ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» дар майдони 205 гектар боғу токзор бунёд намуданд, ки 84 гектарро бодомзор, чор гектарро ангурзор, ҳафт гектарро анорзор, се гектарро шафтолу ва майдони 10,4 гектарро боғи чормағз ва дигар меваҳо ташкил медиҳад. Бинобар сабаби нисбатан гарм будани минтақаи мазкур бунёди боғи себ ва нок ба нақша гирифта нашудааст.
Пахтакорӣ чун соҳаи асосии кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ боқӣ монда, барои ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Дар ҳақиқат, гуфтаҳои муаллиф оид ба мувофиқ будани иқлими ноҳияи Шаҳритус барои парвариши пахта қобили қабул аст.
Соли 1991 дар ноҳияи Шаҳритус зиёда аз 16 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида шуда, 44 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 26,6 сентнерӣ, аз ҷумла майдони кишти пахтаи маҳиннах 8025 гектар, истеҳсоли он 24,2 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,2 сентнериро ташкил медод. Аммо, баъди гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин фарсуда гардидани техникаи кишоварзӣ, болоравии нархи нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ, фаъолияти номунтазами системаи мелиоративии обёрӣ, ҳолати бади мелиоративии заминҳо сабаби асосии коҳиш ёфтани рушди соҳаи пахтакорӣ гардид.
Вазорати кишоварзӣ якҷоя бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзиро барои ҳосили соли 2013 таҳия намудааст, ки кишти пахта дар ҷумҳурӣ 200082 гектар, аз ҷумла кишти пахтаи маҳиннах 6700 гектар, пешбинӣ шудааст.
Солҳои охир кишти пахтаи маҳиннах дар ҷумҳурӣ кам гаштааст. Сабаби асосии кам шудани майдони кишти пахтаи маҳиннах ин кам будани харидор дар бозори ҷаҳонӣ, як хел будани нархи нахи пахтаи маҳиннах ва миёнанах, баланд будани талаботи коркарди агротехникӣ нисбати пахтаи миёнанах, дароз будани муҳлат ва тобовар набудани ин навъи пахта ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Ҷ. САИДОВА, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон