Аз паи мактуб

Баҳси замин дар Кӯлоб

№92 (4354) 13.07.2021

Он чаро солҳост, ки ба поён намерасад?

improved_photo (4)«…То солҳои 80-уми асри гузаш­та хонаву дари истиқоматии бобоям марҳум Ҷумъа Ҳасанов ҳамчун мероси якумра ба фарзандонаш Икром Ҷумаев ва Ислом Ҳасанов тақсим шуда буд. Падари марҳум Шералӣ Ҷумаев, ки бародари ҳамхуни онҳо мебошад ва дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекард, замини ҳаққи меросии амакам марҳум Ҷумаев Икромро ба маб­лағи 5000 сӯм ва як адад автомашинаи сабукрави тамғаи «Жигулӣ» ВАЗ — 2113 харидорӣ намуд… Зимни корҳои сохтмонӣ ҳеҷ кас арзу шикоят накард, амакҳоям гоҳ-гоҳ ёрӣ ҳам медоданд. Ҳангоме ки падарам аз олам даргузаштанд, фишору таҳдидҳои амакам Ислом Ҳасанов сар шуд. Ӯ девори байни ҳавлии ман ва ҳавлии худашро чаппа карда, вақти набуданам дар болои бетонҳои рехтаи ман ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона ­сохтааст…».

Чунин омадааст дар мактуби шикоятии сокини шаҳри Кӯлоб Ҷумаев Аскар Шералиевич, истиқоматкунандаи хиёбони Исмоили Сомонӣ, хонаи 112/9 ба идораи рӯзнома. Хабарнигорамон дар минтақаи Кӯлоб масъаларо мавриди омӯзиш қарор дод.

Дар натиҷаи таҳқиқи парвандаҳо муайян гардид, ки шаҳрванд Ҷумаев Аскар Шералиевич барои хотима бахшидан ба масъалаи баҳси замини наздиҳавлигӣ, ки солҳо боз бо амакаш Ҳасанов Ислом идома дорад, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, милитсия, сардори Идораи замин, Суди шаҳр, Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст. Мутаассифона, аз ирсоли мактубҳои пайдарпай солҳо сипарӣ гардида бошанд ҳам, то ҳол моҷаро ҳал нашудааст. Сабаб дар чист?

Ба манзиле, ки Ҳасанов Ислом бо зану фарзандонаш истиқомат мекунад, рафтем. Зани солхӯрда, ки худро Холмадова Занҷирамо — ҳамсари Ҳасанов Ислом муаррифӣ кард, иброз дошт:

- Ҳамроҳи шавҳарам панҷоҳ сол дар ин хона истиқомат кардем. Шавҳарам як моҳ пеш аз олам даргузашт. Ману духтарам танҳо мондем. Инро ҳама ҳамсояҳо медонанд. Ҷумаев Аскар барои замини наздиҳавлигиро соҳиб шудан ду маротиба моро ба суд дод. Суд ба фоидаи мо ҳалнома баровард. Ҳатто ҳамсояҳо шоҳидӣ доданд, ки ман бо шавҳарам ва фарзандонам дар ин хона зиндагӣ мекунем.

Маълум гардид, ки замини даъвогӣ ду тақсим шуда будааст. Аз тарафи чап замини наздиҳавлигии марҳум Ҳасанов Ислом воқеъ гардидааст, ки атрофаш деворбандӣ шудааст. Аз тарафи рост бошад, каме замини холӣ мавҷуд аст, ки дар қисме аз он Ҳасанов Ислом иншооти ёрирасон (ҳаммом, ҳоҷатхона ва газхона) сохтааст. Ҷумаев Аскар даъво дорад, ки ин иншооти сохтаи марҳум Ҳасанов Ислом дар дохили замини ӯ ҷой гирифтааст.

- Замини наздиҳавлигиамро бе ягон ҳуҷҷати расмӣ Ҳасанов Ислом ғасб карда, дар дохили он ҳоҷатхона, ҳаммом ва газхона сохт. Барои ҳалли ин масъала ба мақомоти давлатӣ борҳо муроҷиат карда бошам ҳам, натиҷа надод, — гуфт Ҷумаев Аскар.

Дар ҳалномаи судӣ, ки 26 феврали соли 2019 аз ҷониби Суди шаҳри Кӯлоб дар ҳайати раисикунанда М. Раҳмонов ва котибии Б. Сайдалиев аризаи даъвогии Ҷумаев Аскар Шералиевич нисбат ба Ҳасанов Ислом мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, чунин омадааст:

«Ҷумаев Аскар Шералиевич ба суд бо аризаи даъвогӣ нисбат ба Ҳасанов Ислом дар бораи бартараф намудани монеа бо чунин мазмун муроҷиат намуд:

«Мувофиқи қарори комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб, аз 26 июли соли 1993 таҳти №429 ва шаҳодатномаи бақайдгирии №5680 дар Идораи КФББТ — и шаҳри Кӯлоб аз 28 октябри соли 1979 манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи ба номи М. Ҳакимов, хонаи №114 «а», ба номи Ҷумаев Аскар тааллуқ ­доштааст.

Ҷавобгар Ҳасанов Ислом бе ягон ҳуҷҷати расмӣ, худсарона қисми замин ва таҳкурсии манзили истиқоматии ӯро девор карда, иншооти ёрирасон — газхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона сохтааст…».

Дар ҳалнома, ҳамчунин, ­нигошта шудааст, ки даъвогар Ҷумаев Аскар чанд маротиба ба ҷавобгар Ҳасанов Ислом оид ба гирифтани газхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона муроҷиат кардааст, аммо Ҳасанов Ислом иншооти ёрирасонро, ки дар дохили замини наздиҳавлигии Ҷумаев Аскар сохтааст, бартараф намекунад. Сипас, даъвогар Ҷумаев Аскар ба сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб дар ин бора бо ариза муроҷиат намудааст. Вале ба аризаи ӯ 3 ноябри соли 2016 таҳти рақами 10/1630 ҷавоб гардонидаанд, ки он барои чораҷӯӣ ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Кӯлоб ирсол гардид. Даъвогар Ҷумаев Аскар, ҳамчунин, аз Суди шаҳри Кӯлоб хоҳиш кардааст, ки ба ин масъала расидагӣ намояд. Мутаассифона, то ҳол мушкилӣ ҳал нашудааст.

 Дар ин давра Ҳасанов Ислом низ муқобили даъвогар Ҷумаев Аскар ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати беэътибор донистани қарори Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб аз 26 июли соли 1993 таҳти №429 бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«…дар манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи М. Ҳакимов (собиқ маҳаллаи Киров), хонаи №114, падару модарам истиқомат мекарданд.

Манзили истиқоматии мазкур, ки тақрибан дар масоҳати 0,07 га қитъаи замин сохта шудааст, танҳо шиносномаи техникии истифода доштааст. Ҳасанов Ислом соли 1947 дар ин манзили баҳсӣ таваллуд шудааст ва то ҳол истиқомат дорад…».

Соли 1970 Ҳасанов Ислом аз хизмати аскарӣ баргашта, манзили истиқоматии мазкурро вайрон карда, ба ҷойи он хонаи сеҳуҷрагӣ бо долонаш месозад.

Дар ҷойи дигари ҳалнома омадааст: «Даъвогар Ҷумаев Аскар Шералиевич дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогияшро дастгирӣ намуда, аризаи даъвогии Ҳасанов Исломро эътироф накарда, баёнот дод, ки соли 1980 хонаи баҳсиро падараш Ҷумаев Шералӣ — бародари ҷавобгар Ҳасанов Ислом аз Ҷумаев Икром харида, ба ӯ додааст. Ҷавобгар Ҳасанов Ислом амакаш ва Ҷумаев Икром бародари ҷавобгар Ҳасанов Ислом мебошад. Манзили истиқоматии баҳсиро, ки ба номи Ҷумаев Икром мебошад, падараш Ҷумаев Шералӣ ба маблағи 5000 сӯм ва автомашинаи тамғаи «Жигулӣ» харидааст…».

Ҳасанов Ислом бошад, дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогии Ҷумаев Аскарро эътироф накарда, аризаи даъвогии муқобили даъвояшро дастгирӣ карда, чунин баёнот додааст:

«Соли 1945 падару модарам дар манзили истиқоматии баҳсӣ се хона сохтаанд. Ман дар хонаи баҳсӣ таваллуд шудаам. Соли 1966 ба хизмати ҳарбӣ рафта, соли 1969 баргаштам. Пас аз хизмати ҳарбӣ падару модарам хостанд, ки маро хонадор намоянд, аммо хонаҳо корношоям буданд. Соли 1970 бо маслиҳати падару модар ман хонаро чаппа карда, дар ҷойи он се хона сохта, оиладор шудам…».

Намояндаи ваколатдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Амирҷон Гулмадов дар маҷлиси судӣ чунин баёнот додааст:

«Қарори Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб таҳти №429 аз 26 июли соли 1993 оид ба иҷозат додани сохтмони 3 дар хонаи нав ба истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Киров, хонаи 114, Ҷумаев Аскар дар дохили замини наздиҳавлигияш аз тарафи раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб имзо шудааст».

improved_photo (3)Дар миёни ҳуҷҷатҳои ба парванда замимашуда тасдиқномаи як гурӯҳ истиқоматкунандагони кӯчаи Кирови шаҳри Кӯлоб дида мешавад, ки онҳо гувоҳӣ додаанд, собиқ ҳамсояашон Ҷумаев Шералӣ хонаи 114 — ро аз бародараш Ҷумаев Икром ба ивази 5000 сӯм ва автомашинаи тамғаи «Жигулӣ» барои писараш Ҷумаев Аскар харидааст.

Аз соли 1980 то соли 1993 ҳавлӣ дар ихтиёри Ҷумаев Аскар буд. Номбурда соли 1993 хонаҳои куҳнаро вайрон карда, барои аз нав хона сохтан таҳкурсӣ рехтааст.

Аз забонхате, ки Ҷумаев Икром ва ҳамсараш Қосимова Қурбонбӣ ба Ҷумаев Аскар додаанд, бармеояд, ки онҳо ҳавлиро ба Ҷумаев Аскар тақдим кардаанд. Аммо дар забонхати дигар қайд гардидааст, ки Ҷумаев Икром розӣ аст манзилашро, ки дар кӯчаи Киров, хонаи 114, ҷойгир мебошад, ба номи бародараш Ҳасанов Ислом гузаронад.

Тибқи шиносномаи техникии ҳавлидорӣ (таҳти №5680 аз 28 майи соли 1979) манзили истиқоматии даъвоӣ ба шаҳрванд Ҷумаев Аскар тааллуқ дорад. Манзили истиқоматӣ мазкур аз 4 ҳуҷра, пешдолон иборат ва масоҳати заминаш 3,56 садяк мебошад.

Ҳамчунин, тибқи шиносномаи техникии ҳавлидорӣ (таҳти №5681 аз 28 майи соли 1979) манзили истиқоматӣ ба шаҳрванд Ҳасанов Ислом тааллуқ дорад, ки аз ҳуҷра, пешдолон иборат ва масоҳати заминаш 367,0 м2 мебошад.

Аз ваҷҳҳои овардашуда бармеояд, ки замини баҳсӣ соли 1979 ба шаҳрванд Ҷумаев Аскар ва Ҳасанов Ислом тақсим шудааст. Аммо дар ҷойи дигари ҳалнома дарҷ гардидааст, ки мувофиқи шиносномаи техникии ҳавлидорӣ (аз 8 сентябри соли 2017 таҳти №7487), манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Киров, хонаи 114, ба шаҳрванд Ҳасанов Ислом тааллуқ дорад. Манзили истиқоматӣ аз 4 ҳуҷра, 2 даҳлез иборат ва масоҳати заминаш 750 м2 мебошад.

 Ҳамчунин, дар ҷойи дигар, тибқи нишондод ва хулосаи мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Рамазони Саидабдулло дида мешавад, ки замини баҳсӣ, воқеъ дар кӯчаи М. Ҳакимов, хонаи №113, ба номи Ҳасанов Ислом дар тарҳи 180, квартали 13 — и заминистифодабарии шаҳри Кӯлоб мебошад ва майдони умумии он 0,074 гектарро ташкил медиҳад. Замини баҳсӣ қисми ҳамин тарҳ буда, аз 0,033 гектар иборат аст. «Ҳамин тариқ, муайян гардид, ки иҷрои Қарори Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб таҳти №429 аз 26 июли соли 1993 дар хусуси иҷоза додани сохтмони се хонаи нав ба истиқоматкунандаи кӯчаи Киров, хонаи №114, Ҷумаев Аскар дар дохили ҳудуди замини ҳавлигияш, хилофи қонун аст.

Аз ин рӯ, Қарори Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Кӯлоб таҳти №429 аз 26 июли соли 1993 дар бораи иҷоза додани сохтмони се хонаи нав ба истиқоматкунандаи кӯчаи Киров, хонаи 114, ба Ҷумаев Аскар дар дохили ҳудуди замини ҳавлигияш беэътибор мебошад».

Тааҷҷубовар аст, ки мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Рамазони Саидабдулло ва муовини раиси суд С. Х. Ҷалилзода дар асоси кадом санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ Қарори Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Кӯлоб таҳти феҳрасти №429 аз 26 июли соли 1993-ро дар бораи иҷоза додани сохт­мони се хонаи нав ба истиқоматкунандаи кӯчаи Киров, хонаи 114, ба Ҷумаев Аскар, беэътибор медонанд? Ин дар ҳолест, ки қарор бо муҳру имзои раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ҳамонвақтаи шаҳри Кӯлоб Т. Назиров тасдиқ гардидааст. Ё зери «коса нимкосае ҳаст»?

Дар ҷойи дигари ҳалнома нигошта шудааст: «Вобаста ба ваҷҳи даъвогар Ҷумаев Аскар, дар хусуси он ки ӯ аз соли 1979 то ҳол дар манзили истиқоматии баҳсӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Киров (ҳозира М. Ҳакимов), хонаи 114, зиндагӣ карда истодааст ва фарзандонаш дар ҳамин манзил таваллуд шудаанд, муайян гардид, ки ваҷҳи номбурда бо далелҳои дар маҷлиси судӣ бадастомада рад карда мешавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 198 — 202 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, суд ҳал кард:

Даъвои Ҷумаев Аскар Шералиевич нисбат ба Ҳасанов Ислом дар бораи бартараф намудани монеа бинобар беасос буданаш рад карда шавад.

Муҳлати даъвои Ҳасанов Ислом ҷиҳати беэътибор донис­тани шартномаи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ таҳти феҳрасти №2 — 441 аз 3 июни соли 1994 дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Кӯлоб байни Корхонаи хоҷагии манзили коммуналии шаҳри Кӯлоб ба Ҷумаев Аскар сабт шуда ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб таҳти №429 аз 26 июли соли 1993 дар бораи иҷозат додани сохтмони се хонаи нав ба истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Киров, хонаи 114, Ҷумаев Аскар дар дохили ҳудуди замини наздиҳавлигиаш, барқарор карда шавад.

Шартномаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ таҳти феҳрасти №2 — 441 аз 3 июни соли 1994 дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Кӯлоб байни Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Кӯлоб ва Ҷумаев Аскар сабтшуда ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб таҳти №429 аз 26 июли соли 1993 дар бораи иҷозат додани сохтмони се хонаи нав ба истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Киров, хонаи 114, Ҷумаев Аскар дар дохили ҳудуди замини наздиҳавлигиаш бинобар беасос будан беэътибор дониста шаванд.

Ростӣ, кас дар хулосаи ҳалномаи судӣ раҳгум мезанад. Зеро ҳалнома аз саҳифаи зиёд иборат бошад ҳам, қариб ҳама маълумоти дар он дарҷгардида як мазмунро ифода мекунанд. Риққатовар он аст, ки судя дар охири ҳалнома, возеҳтараш, дар сатри дуюм, замини наздиҳавлигӣ, ки ба Ҷумаев Аскар тааллуқ дорад, онро дар дохили ҳудуди замини наздиҳавлигиаш барқарор карда шавад, гуфтааст. Аммо дар сатри охир бошад, онро бинобар беасос буданаш беэътибор донистааст. Нофаҳмо шуд, ки судя С. Х. Ҷалилзода бо кадом асос ва дар доираи кадом муқаррароти қонун, замини наздиҳавлигиро, ки ба Ҷумаев Аскар тааллуқ дорад, дар ҷое аз ҳалнома барқарор карду дар ҷои дигар онро беасос донист?

Зимни таҳқиқи мавзӯъ ба Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардем. Муайян гардид, ки ба номи шарҳванд Ҷумаев Аскар, ки истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб мебошад, соли 1979 аз кӯчаи Киров 114, дар масоҳати 3,56 садяк замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ҳуҷҷатҳо бо муҳру имзо тасдиқ шудааст.

Ба шаҳрванд Ҳасанов Ислом бошад, 367,0 метри мураббаъ аз 28 майи соли 1979 замин ҷудо гардида, аммо дигар ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» — и шаҳр ёфт нашуд.

Дар забонхате, ки аз Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Кӯлоб нусхаи он дастрас гардид, нигош­та шудааст:

«Мо, истиқоматкунандагони кӯчаи Киров, ҳавлии 114, Ҷумаев Икром ва занам Қосимова Қурбонбӣ, гувоҳӣ медиҳем ин забонхатро ба додарам Ҷумаев Аскар дар он хусус ки ҳавлие, ки дар кӯчаи Киров №114 вуҷуд дорад, то соли 1980 дар он мо зиндагонӣ мекардем. Соли 1980 мо ин хонаи истиқоматиро ба додарам Ҷумаев Аскар тақдим карда будем. Доири ҳамин ҳавлии № 114 мо ягон даъво надорем».

improved_photo (2)- То соли 1983 дар он хонае, ки марҳум падарам харида буд, бо ҳамсарам Рӯзиева Раҷаббӣ, зиндагӣ карда, соҳиби ду фарзанд гаштем. Хонаҳо, ки бисёр фарсуда гашта буданд, бо ҳамроҳи падарам онро чаппа карда, ба ҷойи онҳо барои се дар хона бо верандаш таҳкурсии бетонӣ рехтем, ки баландии он 2 метр буд. Ҳавлӣ бо тамоми қоида ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Тамоми намуди андозҳои давлатиро пардохт намудам, — гуфт Аскар Ҷумаев ва афзуд: — 21 августи соли 2017 бо аризаи даъвогӣ ба раиси Суди шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардам. Тафтиши парвандаи гражданӣ ба зиммаи судя Ҷалилзода Саидакбар Халил вогузор шуд. Номбурда суди зинаи аввалро қариб 3 сол тӯл кашонида, ба амакам Ҳасанов Ислом шароит фароҳам овард, то ки замини наздиҳавлигиашро ҳуҷҷатгузорӣ кунад. Судя дигар роҳи ҳал наёфта, ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро, ки соли 1993 ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, беэътибор дониста, ба хулоса омад, ки қарору ҳуҷҷатҳоеро, ки дар дасти ман мебошад, бекор кунад. Намедонам барои чӣ ва дар кадом асос қарори маро бекор карда, хоҳиши амакам Ҳасанов Исломро, ки ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад, қонеъ карданд?».

Шариф Раҳмонзода, судяи Суди шаҳри Кӯлоб, 17 июли соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ин қазия чунин гуфт:

- Шикояти тарафҳо ба Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб равон гардида, аллакай ҳалли худро ёфта, ҳалномаи Суди шаҳри Кӯлоб дар асоси қарори кассатсионӣ бетағйир монда шуда, ҳалнома қувваи қонунӣ гирифтааст.

Даъвогар Ҷумаев Аскар аз ҳалномаи суд норозӣ буда, аз ҳама мақомоти болоӣ хоҳиш дорад, ки масъаларо ҷиддӣ назорат кунанд, то ҳақ ба ҳақдор расад.

P.S: Ҳар далелу арқоме, ки дар мақола дарҷ гардидааст, аз ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатӣ ва сабти садо рӯи коғаз оварда шудааст. Интизори ҷавоби мақомоти дахлдорем.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»