Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Баҳси замин дар Кӯлоб он чаро солҳост, ки ба поён намерасад?»

№129 (4391) 14.10.2021

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақолаи Исломи Раҷабалӣ «Баҳси замин дар Кӯлоб он чаро солҳост, ки ба поён намерасад?» — ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 13 июли соли 2021 таҳти № 92 (4354) нашр гардид, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2019 даъвои Ҷумаев Аскар Шералиевич ба ҷавобгарии Ҳасанов Ислом оид ба бартараф намудани монеаҳо бо роҳи барканор намудани таҳкурсии манзили истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, бинобар беасос будан рад карда шуда, дар ин радиф даъвои муқобили даъвои Ислом Ҳасанов оид ба беэътибор донистани шартномаи истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб қонеъ гардонида шудааст.

Бо қарори кассатсионии коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон аз 4 июни соли 2019 шикояти кассатсионии даъвогар А. Ҷумаев беқаноат ва ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир мононда шудааст.

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби даъвогар А. Ҷумаев нисбат ба ҳалнома бо тарифи назоратӣ шикоятҳо оварда шуда, бо таъиноти судяи Суди вилояти Хатлон аз 23 августи соли 2019 ва судяи Суди Олӣ аз 3 августи соли 2020 ирсоли парванда ҷиҳати баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ рад шудааст.

Дар мақола аз ҳалномаи судӣ норозӣ будани даъвогар А. Ҷумаев баён шудааст. Ҳоло санадҳои судии вобаста ба ҳалли ниҳоии баҳси мазкур эътибори қонунӣ доранд.

Санҷидани қонунӣ ва асоснокии санади суди марҳилаи якум, тибқи талаботи моддаи 96 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз тарафи суди болоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз А. Ҷумаев метавонад ҷиҳати санҷидани қонунӣ ва асоснокии санадҳои судии бо парвандаи гражданӣ қабулгардида дар доираи талаботи моддаҳои 365-366 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди марҳилаи назоратии Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намояд.

Дар сурати ворид шудани чунин шикоят он бо омӯзиши ҳаматарафаи маводи парванда мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

А. ИСҲОҚӢ,

муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон