Аз паи мактуб

Баҳси замин дар Муъминобод кӣ ҳақ аст?

№77 (4497) 21.06.2022

20220519_111531«Ҳолати мавҷуда ва кашмакаши бенатиҷа маҷбурам сохт, ки ба шумо муроҷиат намоям. Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Муъминобод аз 14 октябри соли 2019 даъвои ман — Р. А. Таваров ба ҷавобгарии С. М. Сафаров оид ба бартараф кардани монеагӣ қонеъ шуда, ҷавобгар С. М. Сафаров уҳдадор гардид, ки монеаи эҷоднамудааш, аз қабили аловхона, ганҷурхона ва зерсохтмонро бартараф намояд. Оид ба ҳолати мазкур панҷ санади судӣ қабул шудааст, аммо иҷро намешавад».

Чунин омадааст дар мактуби шикоятии истиқоматкунандаи деҳоти «Деҳбаланд»-и деҳаи Шаҳринави поёни ноҳияи Муъминобод Таваров Раҳим ба идораи рӯзнома. Бинобар ин, хабар­нигорамон дар минтақаи Кӯлоб баҳри огаҳии бештар пайдо кардан ба ноҳияи Муъминобод рафт.

Муайян гардид, ки шаҳрванд Таваров Раҳим барои хотима бахшидан ба баҳси замин, ки бо ҳамсояаш С. М. Сафаров дорад, ба раиси ноҳия, сардори Кумитаи идораи замини ноҳия, Идораи замин дар минтақаи Кӯлоб, Суди ноҳия, Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи минтақаи Кӯлоб, Прокуратураи вилояти Хатлон, инчунин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст. Мутаассифона, аз ирсоли мактубҳои пай дар пай солҳо сипарӣ гардида бошанд ҳам, то ҳол масъала ҳал нашудааст. Иллат чист?

Р. А. Таваров ва С. М. Сафаров дар ҳамсоягии якдигар зиндагӣ мекунанд. Таваров Раҳим, ки хонаи истиқоматиашро девори бо санг сохтаи С. Сафаров ҷудо мекунад, мегӯяд, ки баҳс сари ҳамин девор ва иншооти ёрирасони он, аловхона ва ганҷурхона меравад. Ба гуфти номбурда, ҷойи девор, ки ҳоло С. Сафаров бо санг таҳкурсӣ ва девор маҳкам кардааст, роҳи равуои сокинон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

 Сафаров Сайҳомид моҷароро чунин шарҳ дод: «Ин баҳс се сол боз идома дорад. Соли 1986 аз ноҳияи Восеъ кӯч баста, ба ин ҷо омадам. Ба ҳайси тракторчӣ дар НБО «Роғун» кор мекунам. Аз рӯи ин баҳс, ки солҳо боз идома дорад, аз моҳи октябр ба кор нарафтаам. Суд даъват мекунаду прокурор. Гӯё ин ҷо роҳи байни хоҷагӣ бошаду ман онро ғайриқонунӣ ғасб кардам. Дар ҳуҷҷатҳо 12 сотих замини наздиҳавлигӣ ба номи падарам мебошад, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Баъд аз вафоти падарам соли 1988 ҳуҷҷати хонаро ба номи худам кардам.

Моҳи майи соли 2012 ба рехтани таҳкурсии тарафи хонаи ҳамсоя шурӯъ кардам. Аз ҳамон вақт баҳс сар шуд. Кумитаи идораи замин ва сармеъмори ноҳия маро ҷарима карданд. Сабаби ҷарима шуданам низ ҳамин аст, ки гӯё аз ҳудуди замини худ берун баромада бошам. Судяи Суди ноҳияи Муъминобод Алимзода Шодӣ ҷойи ҳодисаро нодида, ҳалнома баровард, ки замин ба ҳолати аввала баргардонида шавад. Ба Суди шаҳри Кӯлоб навиштем, аммо ҷавоб бетағйир монд. Ҳама судяҳо носанҷида, судяи ноҳияи Муъминободро тарафдорӣ карданд.

Судяи Суди ноҳияи Муъмин­обод Алимзода Шодӣ гуфтаҳои Сафаровро беасос хонда афзуд: «Суд дар асоси далелу ҳуҷҷатҳои расмӣ ҳалномаро мебарорад. Аз ҷойи баҳс як маротиба дидан кардем. Гуфтаи Сафаров, ки гӯё мо беасос ҳалномаи судиро бароварда бошем, дурӯғ аст. Протоколи тартибдодаи судӣ аз рафти мурофиаи судӣ шаҳодат медиҳад. Экспертизаи судӣ таъин шуда, хулоса баромадааст. Тибқи ҳуҷҷатҳо, ба Сафаров Сайҳомид 8 сотих замин вобаста шудааст, ки аз ин қарори иловагӣ ба масоҳати 0,5 сотихашро ба номи духтараш Фаризаи Сайҳомид гузарониданд. Ҳамин тариқ, Сафаров Сайҳомидро аз истифодаи 0,5 сотих замин маҳрум сохтанд, — гуфт Алимзода Ш., судяи Суди ноҳияи Муъминобод.

Нусхаи қарор, ки аз 9 январи соли 2017 таҳти №24 оид ба вобаста намудани ­қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Фаризаи Сайҳомид додааст, дастрас гардид. Дар муҳру имзои собиқ раиси ноҳияи Муъминобод Т. Амиршозода гузош­ташуда чунин омадааст: «… Ба шаҳрванд Фаризаи Сайҳомид аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигии падараш, воқеъ дар деҳаи Шаҳринави поён, деҳоти «Деҳибаланд» масоҳати умумии 0,07 га замин аз маҳалли аҳолинишин, аз он 0,02 га замини зери сохтмон ва 0,05 га замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста карда шавад.

Тибқи моддаи 37 банди «А» — и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи истифодаи 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Сафаров Сайҳомид қатъ карда шавад.

Кумитаи идораи замини ноҳия вазифадор карда шавад, ки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фаризаи Сайҳомидро бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намояд.

Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд» вазифадор карда шавад, ки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фаризаи Сайҳомидро, мутобиқи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дар китоби хоҷагидории ҷамоат ба қайд гирад… ».

 Ҳамчунин, нусхаи қарори дигаре, ки аз 9 январи соли 2018 таҳти №25 бо муҳру имзои собиқ раиси ноҳия Т. Амиршозода оид ба вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Сафаров Сайҳомид Маҳмудович додааст, ба мо дастрас гардид ва дар он чунин нигошта шудааст: «…Ба шаҳрванд Сафаров Сайҳомид Маҳмудович аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишини деҳоти «Деҳибаланд», деҳаи Шаҳринави поён, масоҳати умумии 0,12 га замин аз он 0,02 га замини зери сохт­мон ва 0,10 га дигар заминҳо, бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста карда шавад.

Кумитаи идораи замини ноҳия вазифадор карда шавад, ки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Сафаров Сайҳомид Маҳмудовичро бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намояд.

Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд» вазифадор карда шавад, ки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Сафаров Сайҳомид Маҳмудовичро, мутобиқи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дар китоби хоҷагидории Ҷамоат ба қайд гирад…».

Ҳамин тариқ, шаҳрванд Сафаров Сайҳомид, мисли даъвогар Таваров Раҳим, барои ҳақро ба ҳақдор расонидан ба ҳама мақомоти дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи вилояти Хатлон арз карда, аз ҳукми Суди ноҳияи Муъминобод норозӣ буданашро нисбат ба ҳалномаи судӣ баён кардааст. Нусхаи аризаҳо дар дасти мо ҳаст.

Ҳалномаи судӣ аз се саҳифа иборат буда, салоҳ надонистем, ки онро пурра иқтибос орем.

Сарфи назар аз факту далел ва ваҷҳҳои ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатӣ ва ҳалномаи суд ба фоидаи даъвогар Р. Таваров, ҷавобгар С. Сафаров норозӣ буда, аз ҳама мақомоти болоӣ хоҳиш дорад, ки масъаларо ҷиддӣ назорат кунанд, то ҳақ ба ҳақдор расад.

Р.S: Ҳар далелу арқоме, ки дар мақола дарҷ гардидааст, аз ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатӣ ва сабти садои даъвогарон рӯи коғаз оварда шудааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»