Ба соҳибкорони зарардида имтиёз муқаррар шуд

№92 (4832) 22.07.2024

ЧАЙХУНБа соҳибкороне, ки дар натиҷаи сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун зарар дида буданд, имтиёз муқаррар гардид.

Ёдовар мешавем, ки шаби якуми июли соли равон дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун сӯхтор ба амал омада, тақрибан 90 фоизи бозор ба коми оташ рафт. Тибқи санҷиши пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор расиши ноқилҳои барқӣ гуфта мешавад.

Ба иттилои сардори нозироти андози ноҳия Одинахоҷа Фирдавсӣ, соҳибкорони зарардида то барқарор гардидани бозор аз супоридани андоз озод гардиданд.

Дар бозор 611 соҳибкор фаъолият мекарданд, ки моҳона ба буҷети ноҳия беш аз 750 ҳазор сомонӣ андоз месупориданд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бартарафкунии оқибати сӯхтор идома дошта, қисми зиёди соҳибкорон дар дигар мавзеъ бо ҷои савдо таъмин шуданд.

Инчунин, соҳибкороне, ки барои тиҷорат аз бонкҳо қарз гирифта буданд, муҳлати қарзҳои бонкии онҳо тамдид шуд. Комиссияи салоҳиятнок зарари сӯхторро тақрибан 10 миллион сомонӣ муайян намуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»