Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Ба Суғд аз куҷо малах меояд?»

№63 (4483) 26.05.2022

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо шумо миннатдорӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Мирзоаъзам Мақсудов «Ба Суғд аз куҷо малах меояд?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 12 апрели соли 2022, №45 (4465) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҳақиқат, аз ҷониби рӯзноманигор паҳншавии малах ва зарари он ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо матраҳ гардидааст, ки муҳим мебошад.

Бояд зикр кард, ки Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» — и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва зарари он ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Техника ва мошинолоти филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд таъмир ва ба кор омода шуда, барои муташаккилона ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 18 трактор, 6 нақлиёти махсуси «Хайлукси» бо микронейрҳои дорупошӣ васл­гардида, 10 мотосикл, 26 дорупошаки автомобилӣ ва тракторӣ, 767 дорупошаки дастӣ – моторӣ, 7 бочкаи 2000 — литра барои нигоҳдории об ва зиёда аз 115 коргари мавсимӣ сафарбар шудаанд.

Нақшаи коркарди кимиёӣ дар вилояти Суғд соли 2022-юм 37449 гектар буда, майдони паҳнгаштаи малах 2639 гектар муайян ва то ҳол коркарди кимиёӣ дар майдони 1203 гектар гузаронида шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавӣ ва парвози малах дар минтақаҳои наздисарҳадӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар қисмати ҷанубии мамлакат намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушоҳидаҳои наздисарҳадӣ гузарониданд.

М. МИРЗОЗОДА,

муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон