Ба Суғд аз куҷо малах меояд?

№45 (4465) 12.04.2022

image-4Дар ин бора зимни семинар — машварат оид ба мубориза бар зидди малах, ки чанде пеш бо ташаб­буси филиали суғдии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и кишвар дар деҳоти «Суғдиён»-и ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид, сухан рафт.

Дар он раиси вилояти Суғд Раҷаб­бой Аҳмадзода, муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзӣ Нусратулло Нозанинзода, муовинони раисони навоҳии кишоварзӣ, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

- Эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ аз касаливу ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мақсад аз ташкили семинар — машварат сарҷамъ намудани роҳбарону мутахассисони сохторҳои дахлдор ва дар ҳамбастагӣ баррасии вазъи воқеӣ, таҳлили нишондиҳандаҳо ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда мебошад, — иброз дошт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

- Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳидаҳои баҳорӣ муташаккилона идома дорад, — гуфт зимни суҳбат сардори филиали суғдии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» Алиҷон Бобоҷонов. — Масоҳати мушоҳидаҳои баҳории гузаронидашуда 8,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти А. Бобоҷонов, айни ҳол паҳншавии малах танҳо дар шаҳри Конибодом ба назар мерасад, ки он зоти ғайригалагӣ буда, зараровар нест. Аммо зотҳои итолиёвӣ ва марокашӣ сахт хавфноканд. Ин зотҳо дар масоҳати як мукааб метр то 170 ҳазор дона тухм мегузоранд.

Онҳо аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизис­тону Ӯзбекистон ворид мешаванд. Биноан, таъкид гардид, ки мубориза бар зидди онҳо дастаҷамъона ба роҳ монда шавад.

- Ин ҳашароти зараррасонро метавон дар синни якумаш то 90-95% нобуд кард, баъдан несту нобуд кардан амри маҳол мегардад, — гуфт дар идомаи суҳбат Алиҷон Бобоҷонов. — Бинобар ин, ба ҷуз 115 корманд дар мавсими мубориза коргарони кирояро низ ҷалб мекунем.

Дар вилояти Суғд барои мубориза бар зидди малах аз техника низ самаранок истифода мебаранд. Бино ба гуфти масъулон, айни ҳол дар ихтиёри муассиса чор таҷҳизоти безараргардонии тамғаи «Тойота», 17 трактори тамғаи МТЗ, ки ба онҳо дастгоҳи «ОВХ» пайваст шудаанд, қарор дорад. Зимни ҷамъомад ба масъулону мутахассисон усули мубориза бар зидди малах бо тракторҳоро низ нишон доданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»